Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ИШҚИ МОВУ ТУ


БА ШАҲР АФСОНА ШУД

Ман намехоҳам, ки мононам зи кор,
Ман ҳам охир чун ту ҳастам кордӯст.
Баъди корат мешавам ман интизор,
Баъди корат чашми ман дар роҳи туст.

Лек чанде шуд намебинам туро,
Аз сари роҳам намесозӣ гузар.
Росташро гӯй, ёри дилрабо,
Роҳи худро кардаӣ оё дигар?

Аз хиёбон рафта меоям басе,
Бо умеде ки биёӣ тезтар,
Ҷуръатам набвад бипурсам аз касе,
То маро аз ту намояд бохабар.

Гоҳ мехоҳам равам ман бар дарат,
То ки фаҳмам боиси ин ҳолро,
Лек метарсам зи қаҳри модарат,
Ту намедонӣ чунин аҳволро.

Гоҳ-гоҳе бишнавам аз дӯстон
Таънаи:


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »