Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

КУҶОӢ, МУРҒИ ИЛҲОМ ?



Куҷоӣ, эй сафои умри шоир,
Рафиқи бовафои умри шоир?
Ба роҳат интизорам, зудтар ой,
Агар хоҳӣ бақои умри шоир!

Туро ман аз нигоҳи ёр ҷустам,
Зи боғи пургули бехор ҷустам.
Туро аз сохтмони шаҳру деҳот,
Зи дашту водию кӯҳсор ҷустам.

Надонистам ҳавоятро, куҷоӣ?
Надидам нақши поятро, куҷоӣ?
Нафаҳмидам, нафаҳмидам, ба ҷонам,
Дурустию хатоятро, куҷоӣ?

Сафед аст ин қадар ҳам рӯи коғаз
Тамошо кун рухи некӯи коғаз.
Вале онро хату холе зарур аст,
Бишав ҳам чашму ҳам абрӯи коғаз.

Чунон чашме, ки оташбор бошад,
Чунон абру – писанди ёр бошад.
Биё, шеърам, бақои умри шоир,
Ба роҳат дидаам бедор бошад!




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »