Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ДИЛИ ХУД РӮИ КАФ ГИР



Муҳаббат – ин хурӯшу мавҷи дарёст,
Муҳаббат дар шаҳомат – кӯҳсор аст.
Муҳаббат инкишофи боғу саҳрост,
Шукуфтанҳои хоки ин диёр аст.

Биё, шоир, дили худ рӯи каф гир,
Ки то авҷу ривоҷи кор бинад.
Замони ғайрату азм аст ҳозир,
Бигӯ, он дар қафас то кай нишинад?

Дило, чун дар сафи мардон дароӣ,
Суруди хешро мардона сар кун.
Агар ту махзани ишқу вафоӣ,
Ба ҳар як сатри худ бинмо ҷигар хун!

Дури носуфтаеро суфта бинмо,
Дило, аз ту умеди ман калон аст.
Намо фатҳи чунон як қалъаеро,
Ки номи он – Дили хонандагон аст.





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »