Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ОРЗУ



Ҳар нафас бигзарад зи умри ман,
Нафаси ишқу орзуи ман аст.
Ин қадар дилкушост рӯи Ватан
Ки аз он роҳате ба ҷону тан аст.

Шеъри хубе навиштан уммедам,
Ки ба рағми рақиб бошад хуб.
Кош, он рӯзи нек медидам,
Ки сурудам равад ба Шарқу Ҷануб –

Дили хонандаҳо кушояд тез,
Даштро, кӯҳро биёрояд...
Бошад, охир, суруди руҳангез,
Ки ғам аз дил гирифта партояд.



« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »