Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

АЗ ХУДАМ РӮ НАТОБ,


ҶОНИ МАН!

Мешунидам, ки шеърҳои ман
Ба ту андак писанд меафтод.
Кош, донӣ ту, дилрабои ман,
Ки чӣ андоза мешудам з-он шод?!.

Лек боре дигар хабар омад:
Аз газете ту рӯй тобидӣ.
Сафҳаи сеюмаш чаро шуд бад?
Насри бемантиқе ҳисобидӣ...

Дар ҳамон сафҳа буд, ҷононам,
Чандbr шеъре, ки бар ту бахшидам.
Ин чӣ рафтори ту? Намедонам!
Ин чӣ андешае? Нафаҳмидам!

Хайр, агар сатрҳои носуфта
Бошад аз табъи норавони ман,
Хотирамро насоз ошуфта,
Аз худам рӯ натоб, ҷони ман!








« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »