Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ШАРАФИ ИШҚУ


#*СУРУДИ ДИЛИ МАН

Омадӣ, эй шарафи ишқу суруди ошиқ?
Марҳабо, бар ту зи ҷон аст дуруди ошиқ.
Ба раҳи омаданат дидаи ман хоб надошт,
Пойандози раҳат – буду набуди ошиқ!

Омадӣ ту! Ҳама тан дил шуду саҳро паймуд,
Қуллаи кӯҳ гузашту раҳи дарё паймуд.
Ин чӣ сон омадан, охир, ки суруди ошиқ
Ба фазо акси садо додаву дунё паймуд?

Омадӣ ту! Аҷабо, боғи гул аз хок расид,
Шодии тоза ба дилҳои тарабнок расид.
Ҳар ваҷаб хоки Ватан яксара гулбоғе шуд,
Ба машоми дили мо бӯи хушу пок расид.

Покии рӯи ту ҳасту ба дили мо ғам нест,
Ба сафои рухи ту ҳеҷ ягон тавъам нест.
Ту чунон дилбари рӯҳовари шодибахшӣ,
Ки ба ту ҳар кӣ набандад дили худ – одам нест!

Эй баҳор, эй шарафи ишқу суруди дили ман,
Марҳабо, бар ту зи ҷон аст дуруди дили ман.
Пеши пои ҳамаи ҳамватанонам гул рез,
Пойандози раҳат – буду набуди дили ман!







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »