Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

БАҲОР АСТУ ИН ШӮЪЛАИ ОФТОБ…



Баҳори Ватан ин қадар дилкушост,
Замин ҷомаи сабз пӯшидааст!
Паи ҷомадӯзӣ чу хайёти хуб
Табиат, бубинед, кӯшидааст!

Басо ҷомаи хуб пӯшондааст
Табиат чу модар барои баҳор.
Бубинед бо чашми ошиқ басе,
Ки ишқ асту некӯ сафои баҳор.

Баҳор асту гулҳо шукуфон аз он,
Гул асту зи бӯяш муаттар димоғ.
Баҳор асту дарё хурӯшон аз он,
Ки бахшад ғизое ба сад дашту боғ.

Баҳор асту ин шӯълаи офтоб,
Ки пурлола гардида кӯҳу дара.
Шавад, офтобо, зи ту барф об,
Ки меболад аз ин дили шаршара.

Бувад офтобу ҳаво, обу хок,
Дили зиндагонӣ, асоси ҳаёт…
Яке гар набошад, шавад нуқснок
Дар олам вуҷуди ҳама коинот.

Агар офтоб аз дили осмон
Ба саҳро фузунтар ҳарорат диҳад,
Набошад даме об, дар як замон
Шукӯҳи табиат ба ғорат диҳад.

Муҳаббат намонад – намонад ҳаёт,
Бимонад ҳаёту намонад сурур.
Ҳаёте, ки дар он набошад нишот,
Бувад тираву тор монанди гӯр.

Дар олам ҳар он чӣ, ки дорад вуҷуд –
Ба ҳам маҳкаму сахт вобастаанд.
Гул аз офтоб, ишқу дил аз суруд,
Яке аз яке мешавад баҳраманд.

Ба одам итоат намекард ҳеҷ
Табиат, ки бебоку бераҳм буд.
Аҷоиб замоне буд!.. Фасли баҳор…
Гули ишқ пажмурда мегашт зуд…

Ба партия ҳамду сано, дӯстон!
Кунун ҳар ваҷаб хок бор оварад.
Кунун ҳар гуле карда нашъунамо,
Баҳоре шавад, ки баҳор оварад!
1958-1960





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »