Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

ДЕҲАИ МАН



Дар бари кӯҳ, чун муҳаббати соф,
Ки дар оғӯши дил шавад ҷогир,
Ҷой бигрифтааст деҳаи ман –
Деҳаи хурдаки назарногир.

Осмонаш, гумон кунӣ, бомест,
Кӯҳҳояш сутун барои он.
Моҳ дар шаб чароғи давра магар,
Ки ба сақфаш шудаст овезон.

Ҳалқаи кӯҳҳои пасту баланд
Посбонони маъдани боянд.
Гӯӣ, онҳо намуда даст ба даст,
Махзани ганҷи халқ мепоянд.

Гарчи имрӯзҳо барои ман
Шаҳр оғӯши гарм бикшодаст,
Лек гаҳвораи ҷавонии умр –
Деҳаи ман, ҳамеша дар ёд аст.

Ҳар гаҳе меравам ба фикр фурӯ,
Осмонаш кушод мебинам.
Аз рухи санг, чун дар оина,
Трубаҳои завод мебинам.

Ман аз он фахр карда, менозам,
Чун равад ҳарф аз диёри кабир,
Ҳаст дар он шарик деҳаи ман –
Деҳаи хурдаки назарногир!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »