Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

МЕҲРИ ПАРТИЯ



Партия, эй ту сафобахши ҳама мавҷудот!
Партия, бо ту гуворову фараҳбахш ҳаёт!

Дар ҳама соҳа ба номи ту зафар бинмудем,
Ин сурудест, ки бо номи ту сар бинмудем.

Ҳалқи тоҷик зи меҳри ту басо хурсанд аст,
Чунки бо номи ту ҳар шодии ӯ пайванд аст.

Мо, ки бо роҳи ту рафтему саодатёрем,
Чун гул, аз меҳри ту, дар боғ шукуфтан дорем.

Кишвари мо, ки бувад маскани кӯҳу водӣ,
Зиҳӣ, бар кишвари кӯҳсор ту равнақ додӣ.

ГЭС-ҳо дар бари кӯҳсор зиё меборанд,
Кӯҳҳо назди ту з-ин рӯ сари таъзим оранд.

Гар сароем ба васфи Ватани ҷоноҷон,
Гар сароем суруде зи диловармардон,

Гар сароем зи амнияту бахти инсон,
Партия, бо ту бақодор бувад ҳар яки он!
1956








« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »