Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Буттаи гул -

МАЯКИ ЗИНДАГОНИАМ



Фарзанди кӯҳҳои баландам ба бахти ман
Гардида офтоби сари кӯҳи мо гувоҳ!
Ҳар кас, ки дид як нафаси тангу сахти ман,
Донад, ки сатри хуб нагуфтам зи кӯҳҳо.

Ман тоҷикам, ба синаи ман кӯҳ ҷо бишуд,
Кӯҳи диёри ман – маяки зиндагониам.
Эй чашми ақл, бин, ки туро раҳнамо бишуд
Кӯҳи диёр, маркази умри ҷавониам.

Пайроҳае, ки рафтам аз он ман ба сӯи шаҳр,
Пайроҳа нею аввали роҳи ҳаёт буд.
Пайроҳа нею буд магар оби шӯхи наҳр,
Наҳре, ки он ба кишти умедам ғизо бишуд.

Мадҳи ҳаёту васфи замон аз вуҷуди ман
Бо номи кӯҳҳои Ватан болу пар гирифт.
Фарзанди кӯҳҳои баландам, суруди ман
Акси садои хеш зи наҳру камар гирифт.

Кӯҳи баланд, ояд агар сатри дилписанд,
Дар васфат аз хазинаи дил, шод мешавам,
Хоҳам чунон сатри диловез, то ки ман
Акси садош аз дили хонанда бишнавам!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »