Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ СЕЮМ

НАМОИШИ ПАНҶУМ




Як канори боғ. Курсиҳо ҳастанд. Дар як тараф ҷои қаҳванӯшист. Ду стол ва стулҳо гузоштаанд. Аммо дӯкон аз назари тамошобин пинҳон аст. Дар саҳна Насимхон танҳо. Вай ба соаташ нигоҳ мекунад. Касеро интизор аст...

Насимхон. Чаро дер омад?.. Ё ваъдааш рӯякӣ буд? Ман ӯро нағз дида мондааму аммо ба худаш чизе гуфта наметавонам... Дар ғайбаш гапи бисёр меёбаму рӯ ба рӯ шавам, забонам мегирад.. Ба қавли як шоирамон:

Муддате шуд, ки хамӯшӣ пешаам,
Аз муҳаббат ҳеҷ накшодам даҳон.
Таъна бишнидам... Дар ин андешаам:
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?
"Дӯст медорам намегӯӣ!" – нагӯй,
Охир, ин ҷабр аст баҳри ҷисму ҷон.
Безабонам назди ту, эй моҳрӯй,
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?!

Шохалил меояд. Насимхон намебинад.

Шохалил. Ассалом, духтур!
Насимхон. (Якқад парида) Салом, Шохалил! Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
Шохалил. Худи Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед?
Насимхон. Ман... Ман ҳамин тавр.
Шохалил. Ман ҳамин тавр не! Шумо ҳам ҳамин тавр не... Ман хуб медонам.
Насимхон. Чиро медонед?
Шохалил. Шеъри ишқӣ хонда гаштани духтур чӣ маънӣ дорад...
Насимхон. (Механдад) Магар духтур дил надорад?.. Шеъри ишқӣ ба ҳама маъқул... Оё ман дурӯғ мегӯям?
Шохалил. Рост мегӯед. Аммо Шумо ин шеърро бо мақсади дигар азёд кардагӣ... (Насимхон дар ҳайрат). Ин шеърро ман ҳам азёд медонам. Бовар накунед, давомашро гӯш андозед! (Мехонад):

Рӯ ба рӯят менишастам бе сухан,
Чашми ман мекард ҳоламро баён.
Лек рафтӣ, пай набурда ҳоли ман,
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?
...Хотирам ошуфту аз ҷо хестам,
Раҳ гирифтам ҷониби наҳри калон.
Ман агар ошиқ набошам, кистам?
Ишқ дар дил мешавад ё дар забон?!

Насимхон. Бисёр хуб, ки азёд медонистаед. Барои Шумо донистан шарт аст. Охир, ин касбатон!.. Духтурҳо ҳам адабиётро дӯст медоранд...
Шохалил. (Ҷиддӣ) Шумо, духтур, шахсан адабиётро не, балки адабиётшиносро дӯст доштагӣ... Ману Шумо рақиб ҳастем!
Насимхон. Чӣ хел? То имрӯз рафиқ будем-ку!
Шохалил. Муҳаббат бародарони ҳамтанаро ҳам рақиб карда мепартояд... Бояд инро худатон ҳам хуб донед.
Насимхон. Ин гапҳои Шумо барои ман тамоман аҷоиб менамоянд, Шохалил... Ҳоло Шумо студент ҳастед!..
Шохалил. Имсол тамом мекунам! Студент бошам ҳам, дар сол аз вай калон ҳастам. Агар Шумо аз нийяти пешгирифтаатон нагардед, ман Шуморо ба дуэл даъват мекунам.
Насимхон. Хоҳиш мекунам, ки Шумо аз ин роҳ гардед! Мову шумо одамони маданӣ ҳастем. Замони дуэл кайҳо гузаштааст. Дар замони мо ҳамаи корҳоро бо сулҳу салоҳ ҳал кардан мумкин аст, додарам.
Шохалил. Маро "додарам" нагӯед. Ман рақибатон мешавам.
Насимхон. (Илтиҷоомез) Хуб, ана, рафиқ рақиб! Илтимос мекунам, ки ҳозир Шумо аз ин ҷо равед. Он кас меоянд. Мо сӯҳбат дорем...
Шохалил. Он кас меомадагӣ бошанд, ман ҳаргиз намеравам. (Менишинад.) Агар хоҳед, ки даст ба гиребон нашавем, Шумо равед, духтур!
Насимхон. Ҳай-ҳай-ҳай... Ин дӯғатон зиёдатӣ. Наход Шумо тавонед, ки ба гиребони ман даст занед?!
Шохалил. Метавонам. Ишқ ба ман ҷасорат медиҳад.
Насимхон. Ана, худашон омада истодаанд. Мепурсем, ки аз ҳардуямон кадомеро бештар ҳурмат мекунанд. Каси мағлуб зуд баромада меравад... Хуб?
Шохалил. Ба инаш ман розӣ ҳастам.

Маърифат Латифӣ меояд. Дар даст сумкаи занона ва як даста газетаҳои нав дорад. Дар лабонаш табассум. Маълум аст, ки вай як қисми баҳси ду ошиқро шунидааст...

Маърифат. Мебахшед, духтур, каме дер омадам. Дар роҳ Сарватҷонро дида, ба гап овора шудам.
Насимхон. Намеомадед ҳам, чӣ гуфта метавонистам?!
Маърифат. Ҳа, Шохалил!? Ман дар гӯшае истода, баҳси ҳардуятонро каме шунидам. Хандаи кас меояд. (Механдад) Ман дуятонро ҳам баробар ҳурмат мекунам. Мехоҳам, ки яке гиребони дигареро нагирад... Барои ин сабаб нест. Чунки ман бо ягонтоатон ҳам ишқ варзида наметавонам...
Шохалил. Барои чӣ?
Маърифат. Ба шумо як моҳ пештар гуфта будам, Шохалил... (Аз даруни газета хат бароварда медиҳад.) Дили як ҳамсабақатон дар ҳамин хат печонда шудааст. Аз ман хоҳиш кард, ки ба дасти худатон супорам. Хонеду бо шеър ҷавобашро нависед!..
Шохалил. Ӯббо... Ман мағлуб шудам, духтур! Акнун боз пештара барин рафиқ мемонем.
Насимхон. Ман боварӣ доштам.
Шохалил. (Хатро дар даст бозӣ доронда) Дили вай дар ин ҷо печонда шудагӣ...

Орзуи тӯй дорад Шохалил,
Дилбари хушрӯй дорад Шохалил!

Шохалил баромада меравад. Маърифат ва Насимхон аз паи вай бо завқ механданд.

Насимхон. Марди аҷоиб. Қариб аст, ки бо ман дуэл кунад...
Маърифат. Барои вай ҳамин як ҳунар камӣ мекард.
Насимхон. Хайрият шуд, ки расида омадед... (Шармгинона.) Ман аз Шумо умеди калон дорам. Ҳамин қадар вақт гуфта наметавонистам. Чунки ба гап усто не... Акнун мегӯям!
Маърифат. Ин як навигарӣ барои ман. Ҳаргиз гумон надоштам, ки Шумо бо ман дар мавзӯи ишқу муҳаббат сӯҳбат мекарда бошед...
Насимхон. Магар ин мавзӯи бад аст?!
Маърифат. Узр мехоҳам, ки ба дилам амр дода наметавонам... (Хандида). Тасаввур кунед, ки сӯҳбатамон сар нашуда хотима ёфт!
Насимхон. Маърифатхон...
Маърифат. Лаббай, духтур!
Насимхон. Бераҳмӣ кори хуб нест. Ман Шуморо аз сидқи дил нағз дидаам.
Маърифат. Афсӯс, афсӯс... Ман бояд рисолаи номзадӣ нависам. Онро ҳимоя кунам...
Насимхон. Менависед... Ҳимоя мекунед. Ман дастёратон мешавам. Ҳаргиз халал намерасонам. Шумо фақат амр диҳед!
Маърифат. (Хандида) Ин барои ман фахри бузург аст... Аммо ба ҳар кас амр дода наметавонам. Шумо бениҳоят одами ҳалим!
Насимхон. Агар Шумо хоҳед, дағал ҳам шуда метавонам.
Маърифат. Ҳай-ҳай-ҳай!.. Шумо аз ӯҳдаи ин кор намебароед!
Насимхон. Мебароям. Санҷида бинед!.. Аммо, росташро гӯям, дағал будан ҳусни одам нест...
Маърифат. Нагуфтам?!
Насимхон. Ман коре мекунам, ки Шумо маро дӯст доред. "То реша дар об аст – умеди самаре ҳаст!"
Маърифат. Самарашро аз боғи дигар ҷӯед!
Насимхон. Не, не!
Маърифат. Ҳа, ҳа!.. Ҷиддӣ мегӯям. (Нигоҳаш ба тарафе равон аст). Устод меоянд.
Насимхон. (Нигоҳ карда) Ин қадар бемаврид...
Маърифат. Чаро бемаврид будааст?!
Насимхон. Ҳанӯз гапамон тамом нашудааст.
Маърифат. (Таббассум карда) Гапамом тамом шуд. Устод ба дигар тараф рафтанд-ку... Рафта пурсам, ки масъалаи Рауф чӣ шуда бошад... Хуш монед, духтур! (Меравад.)
Насимхон. Андак истед, Маърифатхон!

Насимхон аз паи Маърифат меравад. Сарват ва Адолат дохили саҳна мешаванд.

Сарват. Шумо гуфтед, ки падарам дар командировка...
Адолат. (Хавотир) Ҳа, дар район. Чаро пурсидӣ?
Сарват. Пазмон шудам. Шумо дурӯғ намегӯед?
Адолат. (Ҳайрон) Барои чӣ дурӯғ гӯям, писарам?!
Сарват. Як рафиқам падарамро дина дар назди меҳмонхона дидааст. Чаро ба хона наомаданд...
Адолат. (Дар ташвиш) Ягон одами монандро дидагист.
Сарват. Мошинамон дар гараж-ку...
Адолат. Падарат бо мошини идора рафтагӣ... Қаҳва мехоҳӣ?
Сарват. Не, намехоҳам.
Адолат. Шоколад чӣ?
Сарват. Мехоҳам... Канӣ?
Адолат. (Аз сумкааш пул бароварда). Мана, ин пулро гиру аз магазин харида биё. Ман дар ҳамин ҷо ба ту интизор мешавам.
Сарват. (Пулро гирифта) Раҳмат! (Тозон баромада меравад.)
Адолат. (Аз қафои Сарват). Зуд баргард, ки назди бобоят меравем... (Оҳ мекашад, дар як курсӣ менишинад.) Ҳама савол медиҳанд. То кай дурӯғ мегӯям?.. Ба ин бача ҳам рости гапро гуфта наметавонам... Вай пазмон шудааст... Дар бораи он зан очерки калонаш баромада истодааст. Ба ҳар ҳол, хуб навиштааст. Кас онро хонда, аз майда-чуйдаи ҳаёти қаҳрамонаш огоҳ мешавад. Агар ягон гап надошта бошад, ҳамаашро аз куҷо медонист... То даме дар хона буд, касе ба ман бо савол нигоҳ намекард... Понздаҳ рӯз мешавад, ки вай меҳмонхонаро иҷора гирифтааст. Як сари қадам омада, ҳолпурсӣ ҳам намекунад-е... Мехоҳад, ки ман рафта ӯро бо узрхоҳӣ ба хона гирифта биёрам?!. Не, не... Гарданам ёрӣ намедиҳад... Баъд, ҳавояш баланд шавад-а!.. Бояд худаш ояд! Агар наояд чӣ?..

Ҳаёти шахсии ёрон даруни девор аст,
Бурун барояд агар рози хона, бекор аст!
Бигуфтаам ба дигарҳо сухан зи сулҳу салоҳ,
Вале зи сӯзи дарунӣ бароям озор аст!...


Сарват тозон меояд. Тез-тез нафас мекашад.

Ин қадар давидӣ?..
Сарват. Падарамро дидам.
Адолат. Дар куҷо
Сарват. Дар таксӣ. Он кас маро надиданд. Тарафи хонаамон гузашта рафтанд.
Адолат. (Табассум карда) Корашонро буд карда омадаанд-дия...
Сарват. Хезед, зуд равем.
Адолат. Ҳозир ба хонаи бобоят меравем...
Сарват. Не, аввал ба хонаи худамон меравем. Калид дар дасти Шумо-ку!.. Падарам калид кофта овора нашаванд?!
Адолат. (Ботинан қаноатманд). Хайр, гуфти ту шавад, писарам...

Адолату Сарват мераванд. Аз тарафи дигар Улфат Тоҳирӣ ва Обид Саидов дар даст яктоӣ қаҳва мебароянду дар атрофи яке аз столҳо менишинанд...

Улфат. Росташ, ки ман намедонам... (Қаҳва менӯшад.) Ба дурустии ин воқеа на чандон...
Обид. Бовар намекунӣ? Шубҳа дорӣ?!..
Улфат. Аз рӯи мантиқ худи ман бояд шахсан санҷам... Ҳаёт мураккаб аст. Мо набояд ба он саҳлангорона назар кунем.
Обид. Ҳаққи гапро гуфтӣ. Ҳаёт хело мураккаб аст. Аммо на барои ҳама.
Улфат. Қонуни табиат барои ҳама як хел аст!
Обид. Э, мон-е... Агар як хел бошад – Маърифати тиррончак муҳаббати маро раддият мекард!..
Улфат. Шумо зан доштед-ку?!
Обид. Ошамон ба ҳам напухт.
Улфат. Дуюмашро ман дар назар дорам.
Обид. Бо ваяш ҳам ошамон напухт.
Улфат. Пеш кардед?
Обид . Не, худаш баромада рафт.
Улфат. Аз кадомаш фарзанд доштед?
Обид. Аз аввалааш як духтар доштаму аз баъдинааш як писар... Хайр, ҳозир вақти ин гапҳо нест. Се кас имтиҳон супурд, намедонам, ки ба кадомаш фармон мебаромада бошад. Як духтар ҳаст. Аммо донишаш Маърифата донишаш барин не... Агар ҳамон мегузашт, барои ман нағз мешуд.
Улфат. Барои чӣ?
Обид. Шояд, ки бахтамро бо ӯ мепайвастам.
Улфат. Рауф Одилзода номзади беҳтарин аст. Вай ҳатто забони хориҷиро ба баҳои "панҷ" супурдааст...
Обид. Ба ҳаминаш тааҷҷуб мекунам. Аҳмадзода хуб кӯшиш кард-дия... (Улфат каме оташин мешавад, Обид пай намебарад.) Вай ба ман ҳамеша халал мерасонад... Пири беимон!..
Улфат. Ин тавр нагӯед.
Обид. Медонӣ, як одам аз сардораш ранҷидаасту қасос гирифтанӣ шудааст... Пайти мувофиқро кофта, билети партиявии он одамро дуздидааст.
Улфат. Барои қасос билети партиявиро дуздидан бешарафист!
Обид. Ба ҳар ҳол, қасос...
Улфат. Ин хел қасос мегирифтагӣ одами советӣ нест. (Аз ҷо мехезад.) Касе, ки гапашро мегӯяд, вай ҳам шараф надорад!
Обид. Оҳой, оҳиста!
Улфат. Мантиқ илми ниҳоят дақиқ аст... Одаме, ки устодашро "ту-ту" мегӯяд...
Обид. Ту ба ман ишора мекунӣ?
Улфат. (Ҷиддӣ) Ҳа, ба ту! Аҳмадзода падари мо ҳастанд. Ту бошӣ... Ман барои калонсолиат туро "шумо-шумо" мегуфтам. Дилат ифлос будааст, Обид Саидов!..
Обид. (Саросема шуда) Ҳой, доктор! Оҳиста! Андеша карда гап занед!
Улфат. Худат андеша дорӣ?
Обид. Мебинам, ки доктор шуда, аллакай аз худ рафтаед. Ман ҳам метавонам доктор шавам...
Улфат. (Бо писханд) Илмро обод мекунӣ... Он вақт салом надеҳ!

Аз ақиби саҳна овози Рауф шунида мешавад: Духтари нағз, ба мо ду қаҳва! ...

Обид. Ин овози Рауф. Сӯҳбатамон бақият дорад. Ман рафтам. Ба ту давраи нав баргузор мегардад. Дуюмаш кӣ бошад... (Нигоҳ мекунад.) Дидан намехоҳам!.. Ба Аҳмадзода "салом" расон. Шумоён як паллаи тарозу ҳастед... (Меравад.)
Улфат. (Аз паи Обид) Ҳа, мо як паллаи тарозу ҳастем! Устод ба саломи ту мӯҳтоҷ нестанд... (Менишинаду қаҳваашро менӯшад.)

Маърифат ва Рауф дар даст каҳва меоянд. Онҳо дар столи Улфат Тоҳирӣ менишинанд. Ҳамдигарро пештар дидаанд...

Рауф. Мо хостем, ки то омадани Исматӣ қаҳва нӯшем...
Улфат. Фармон баромад?
Рауф. Даракаш нест. Надонам, ки бахти кадомамон механдида бошад.
Улфат. Ман мехоҳам, ки шахсан Шуморо табрик намоям.
Маърифат. Ман ҳам!
Рауф. Ташаккур! Аммо як гӯшаи дилам хавотир. Чунки одамони обро лой мекардагӣ кам нестанд.
Улфат. Ин гапатон рост... Аммо паллаи тарозуи Шумо вазнинтар аст. Чордаҳ сол дар деҳот муаллимӣ кардаед...
Рауф. (Мавзӯъро дигар карда). Ин Шариф моро бе ресмон баста монд. Вай гуфт, ки фақат як сари қадам ба редакция даромада мебарояд...
Маърифат. Мо аввал хуб дар атроф гаштем.
Улфат. Кори газета!.. "Сухани хона ба бозор намеояд рост" – гуфтаанд. Аҷабе нест, ки муҳаррир ягон кори таъҷилӣ супурда бошад... Кормандони газетаву телевизиону радио на ҳама вақт дар ихтиёри худашонанд.
Маърифат. (Лутфкунон) То мову шумо ҳамеша хабарҳои нав хонему муждаҳои тоза ба тоза шунавем...
Улфат. Офарин, Маърифатхон! Одамоне, ки дар газета кор накардаанд, инро намедонанд.
Маърифат. Шумо, муаллим, дар газета кор кардаед?
Улфат. Ҳа. Мусаҳҳеҳ будам.
Рауф. Ман медонам. Ин кор давраҳои студентиамон буд...
Улфат. Ҳамон давраҳо аҷоиб буд-а, Рауф!?
Рауф. Ҳеҷ напурсед!? Пазмон мешавам... Аммо акнун барнамегардад...

Шариф Исматӣ саросема меояд.

Шариф. Аз ҳама узр мехоҳам. Ногоҳ муҳаррир даъват карда, як кори зарурро супурданд. Материал ба забони русӣ. Дар шумораи пагоҳ чоп шуданаш шарт будааст. Ман онро дар сари машинка ба тоҷикӣ тарҷима карда истодаам... Шумоён раветон, ман корамро зуд анҷом дода, аз паятон расида меравам.
Улфат. Ман нагуфтам, ки кори газета?!
Шариф. (Табассум карда) Инҷо, ки дар газета кор накардаанд, намедонанд-дия... Хайр, рафтем. Ман мошин овардам. (Ҳама равон мешаванд. Улфат Шарифро нигоҳ медорад.) Чӣ гап?
Улфат. Ман аз баъзе сирру асрор бохабарам. Мабодо ин гапҳои Шумо барои нарафтан бошад?!
Шариф. Не, не! Ман ба хонаи падар албатта меравам. Бовар кунед!

Ҳама баромада мераванд.
Охири намоиш.




« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »