Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ СЕЮМ

НАМОИШИ ШАШУМ



Манзараи намоиши якум, аммо каме тағйир ёфтааст. Дар байн столи давра. Дар як гӯша столи хурд барои шоҳмотбозӣ, ки болои он тахтаи шоҳмот бо донаҳои парешон истодааст... Аҳмадзода дар назди столи давра рост меистад. Вай худ ба худ гап мезанад...

Аҳмадзода. Имрӯз ҷиянам ҳам худаш аз они худаш набудагӣ барин... Се маротиба паи ҳам бой доду баромада рафт. Охир, вай пештар хуб бозӣ мекард!.. Сарашро ҷуфт кардан лозим. Синнаш ҳам ба ҷое расидааст. Эҳ, ҷавонон... Чор тараф иншоотҳои азим ба кор даромада истодаанд. Дар як республикаи худамон: як тараф Норак, як тараф Ёвон… Заводи нави Регар... Роҳи оҳани Тирмизу Ёвон... Заминҳои навкорами вилояти Ленинобод... Ҳамаи иншоотҳои бузургро номбар кунем – ба се китоб намегунҷад... Кайҳоннавардон тамоми фалакиётро ҳоким шуданд... Аммо баъзе ҷавонон, аз чӣ бошад, ки дар дил ҷӯшу хурӯш надоранд... Ё ба назари ман чунин менамуда бошад?! (Аз кисааш як дона сигорети чаларо мегираду дармегиронад ва дар стуле менишинад.) Бояд пагоҳ ба Москва парам... Дар он ҷо шарқшиносон гирд меоянд. Бо ҳавоси парешон дар чунин як маҷлиси калон иштирок карданро ҳам як тасаввур кунед-дия!.. Ҳанӯз ба Рауф фармон набаромадааст. Шариф бошад, понздаҳ рӯз аст, ки дар меҳмонхона зиндагонӣ мекунад... (Аз ҷо мехезаду сигоретро дуд карда, ба сари тахтаи шоҳмот меояд, донаеро мегираду ба ҷои дигар мегузорад, фикр мекунад ва бо хаёл қадам мезанад.)

Аз ҳар каломи нек, ки ҳар ҷо шунуфтаам,
Назди бародарони азизам бигуфтаам.
Ман он қадар азоб кашидам зи ростӣ,
Бар қуллаи мурод расидам зи ростӣ!
Баъзе ба рӯи хеш кашида аҷаб ниқоб,
Мардони ростқавлу сахиро диҳанд азоб!

Аз тарафи хона Шарофат мебарояд.

Шарофат. (Маъюс) Адолат телефон кард.
Аҳмадзода . Чӣ мегӯяд?
Шарофат. Мепурсад, ки оё Шариф ба хонаи мо наомадааст.
Аҳмадзода. Худкардаро даво нест, гуфтаанд. Акнун аз худаш гила карда гардад.
Шарофат. Охир, духтаратон чӣ гуноҳ дорад?
Аҳмадзода. Ба ҳар гап бовар карда, ба сари шавҳар мағал бардоштан магар гуноҳ нест?.. Шариф одами эҷодкор аст...
Шарофат. Хайр, акнун чӣ кор кунем?
Аҳмадзода. Ман намедонам.
Шарофат. Таксисавор ба тарафи хонаашон рафтани ӯро Сарват дидааст... Онҳо ба ин ҷо меомадаанд. Сарват модарашро аз роҳ гардонда бурдааст, ки падарам калид кофта овора нашаванд, гуфта... Вай аз воқеа хабар надорад. Агар фаҳмида монад, ба хондани бача зарба мешавад...
Аҳмадзода. Ман чӣ кор кунам?
Шарофат. Ягон илоҷ ёбед. Пагоҳ ба Маскав меравед. Онҳоро ба ин ҳолат монда рафтан хуб намешавад...
Аҳмадзода. Ман ба худаш гуфта будам. Ҳамон зани дар фабрика кор мекардагиро дидам. Ҳамон муаллимаи мӯи сараш лонаи лайлакро ҳам дидам... Бо худи Шариф сӯҳбат кардам. Вай барои дидани тарзи дарстайёркунии бачаҳои ӯ мерафтааст. Ин аз очеркаш ҳам маълум... Айби духтаратон, ҷонам!.. Ягона илоҷаш ҳамин, ки Адолат мераваду аз Исматӣ узр мехоҳад. Ваъдаи қатъӣ медиҳад, ки дигар баҳудаву беҳуда мағал намекунад.
Шарофат. Адолат ҳаргиз ба ин кор розӣ намешавад. Худатон гарданшахии ӯро медонед-ку!?
Аҳмадзода. Илоҷи дигар нест. Шариф ҳам иззати нафс дорад... Ман наздаш рафта будам, Гапҳояш ҳақ. Далелу исбот дорад...
Шарофат. Вай чиҳо мегӯяд?
Аҳмадзода. Вай мегӯяд, ки:

Бо зани донои хушгил зистан –
Хуш бувад хандону хушдил зистан!
Зан агар бадрашку нобовар шавад,
Ҳурмати виҷдон, ки мушкил зистан...

Шарофат. Ин гапҳоро аз худатон бофтед. Ба вай намегӯед, ки зудтар ба хонааш баргардад?!
Аҳмадзода. Шартро шунидед-ку... Воқеан, вай дар ин рӯзҳо як очерки ҳаҷман калоне аз ҳаёти зиёиёни деҳот навиштааст. Зулфия Нусратшоева ҳам дар он очерк ҳаст. Як порчаашро барои ман хонд. Байтҳои ҳозир хондагиам аз ҳамон очерки нави Шариф аст. Бубинед, ки бо як шунидан дар хотирам мондааст.
Шарофат (Дилаш танг шуда) Баъзан дилатон чунон васеъ мешавад, ки... ҳатто ғами набераатонро намехӯред. Ман сарамро ба кадом дару девор занам!
Аҳмадзода. (Худро бепарво нишон дода) Ҳаргиз чунин фикр накунед. Дард мекунад... (Чизе ба хотираш мерасад). Тамоман аз ёдам баромадааст. Ба яке аз ҳамсафаронам телефон кардан лозим буд... (Ба хона даромада меравад.)
Шарофат. (Худ ба худ). Адолат узрхоҳӣ мекарда бошад?.. Вай чунин шарт мондааст... (Шохалил даромада меояд.) Ҳа, Шохалил?!
Шохалил. Ассалом, модар!
Шарофат. Салом. Ягон хабар овардед?
Шохалил. Хабар гӯем ҳам, мешавад. Супориш шуд, ки ба дасти худи устод расонам.
Шарофат. (Ҳайрон) Магар хабарро ҳам ба даст мерасонанд?
Шохалил. Мактуб-дия.
Шарофат. Аз кӣ?
Шохалил. Аз муаллимаамон Нусратшоева. Шавҳарашон барои бурдани ким-чӣ хел дастгоҳҳои рентгенологӣ ба шаҳр омада будаанд. Он кас мехостаанд, ки бо баҳонаи ҳамин мактуб бо шумоён шинос шаванд... Фармон шудааст, ки зуд ба роҳ дароянд. Шиносшавиро ба дафъаи дигар гузошта, баромада рафтанд. Ман ҳам ногоҳ дучор шуда мондам... Набошад, хат баргашта мерафт...
Шарофат. Хат шахсан ба худи муаллим будааст-мӣ?
Шохалил. Ҳамин тавр гуфтанд.
Шарофат. Ҳозир ба муаллим хабар медиҳам. (Меравад.)
Шохалил. (Нигоҳаш ба столи шоҳмотдор меафтад). О-ҳо, тахтаи шоҳмот-ку... (Назди он меояд.) Устод бо кӣ бозӣ карда бошанд?! Сафедҳо бохтагӣ. Ду ҳариф баробар ғолиб намешавад. Зӯртарин мебараду камқувват бой медиҳад... Ҳарифон баробарвазн бошанд, бозӣ дуранг мешавад... (Механдад.) Чунон, ки байни ману духтур рӯй дод... Ана, ҳамин хел!..

Адолату Сарват меоянд. Аз хона Шарофат мебарояд.

Сарват. Салом, бибиҷон.
Шарофат. Салом, шакари бибӣ. Биё, хуш омадӣ!
Сарват. Шоколади ман тайёр?
Шарофат. Ҳамеша тайёр, бачекам. (Ба Шохалил.) Он кас бо телефон гап зада истодаанд.
Шохалил. Ҳеҷ гап не. Интизор мешавам... Сарватҷон, ту шоҳмотбозӣ карда метавонӣ?
Сарват. Метавонам. (Шарофату Адолат дар як гӯша менишинанд.) Шумо бой медиҳед.
Шохалил. Биё, донаҳоро чинем!.. (Сарвату Шохалил донаҳои шоҳмотро мечинанд. Модару духтар ғарқи сӯҳбат.) Бозиро ту сар мекунӣ...
Шарофат. Ту аз вай узрхоҳӣ кун.
Адолат. Наметавонам.
Шарофат. Падарат гуфтанд, ки дигар илоҷ нест... Гуноҳ аз ту будааст.
Адолат. Айби ман бошад ҳам, барои сар хам кардан гарданам ёрӣ намедиҳад.
Шарофат. Раги гарданро камтар молӣ – мулоим мешавад-дия...
Адолат. Сонӣ, ҳавои он кас баланд шавад-а?! Сарват пазмон шудагӣ. Набошад-ку...
Шарофат. Худат фикр кун. Падарат пагоҳ мераванд.

Аҳмадзода мебарояд. Шохалил ва Сарват ғарқи бозӣ ӯро намебинанд. Вай бо духтараш сард мулоқот мекунаду тарафи шоҳмотбозон меравад. Адолату Шарофат ба ҳамдигар нигоҳи маънодор мекунанд...

Сарват. Нагуфтам, ки бой медиҳед?!
Шохалил. Ҳеҷ гумон намекардам. Офарин, Сарват!
Аҳмадзода. Аз бобою падараш таълим гирифтагӣ...
Сарват. (Бобояшро дида) Салом, бобоҷон! (Аҳмадзода сари ӯро сила карда, аз пешонааш мебӯсад.) Ман ин касро мот кардам...
Аҳмадзода. Ӯ-ӯ, балочае! (Ба Шохалил.) Вазифаи султони шоҳмотро ба набераи мо дода мондед... Канӣ мактуб? (Шохалил конверте бароварда медиҳад.) Ин хат ба номи ман не.
Шохалил. Чӣ хел ба номи Шумо набошад?
Аҳмадзода. (Хандида) Ин хат ба ким-кадом Гулсара ном духтар навишта шудааст.
Шохалил. Бубахшед, устод, ман саҳв кардаам... (Аз кисааш мактуби дигарро бароварда медиҳаду хати авваларо мегирад.) Инро ҳам як кас дод, ки ба каси дигар расонам.
Аҳмадзода. Инчунин фармуд, ки хати болои конвертро худи Шумо нависед...
Шохалил. Не-е, устод. (Шарм медорад.) Ман нанавиштаам...
Аҳмадзода. Агар дастхати Шуморо ман намешинохтам, шояд, ки ин дурӯғатон роҳ мерафт... (Механдад.) Ҳеҷ гап не. ҷавонӣ!..
Шохалил. Хайр, саломат бошетон! (Тез баромада меравад.)
Аҳмадзода (Хатро кушода). Канӣ, бинем, ки ин духтари дарвозии мо чиҳо менависад... (Дар яке аз курсиҳо менишинад.)
Сарват. Бобоҷон, ман рафта телевизор бинам?
Адолат. Ҳозир намоиш барои бачаҳо...
Аҳмадзода. Майлаш, рафта тамошо кун.

Сарват тозон ба хона даромада меравад. Занги дар. Шарофат мебарояд. Адолату падараш ба он тараф чашм медӯзанд. Овози Шарофат: "Биёетон, биёетон!" Улфат, Маърифат, Рауф ҳамроҳи Шарофат даромада меоянд. Адолату Аҳмадзода барои мулоқот аз ҷо мехезанд.

Хуш омадетон. Марҳамат, шинетон! Дар вақташ омадед... Аз Зулфия хат оварданд. (Ҳама менишинанд.) Воқеан, Шариф бояд шумоёнро раҳнамоӣ мекард... Канӣ вай?
Рауф. Муҳаррир як супориши таъҷилӣ додааст.
Маърифат. Аз паятон расида меравам, гуфтанд.
Улфат. Материали шумора будааст. Кори газета!..
Адолат. (Худ ба худ) Баҳона...
Шарофат. (Ба Адолат) Вай ба ин ҷо омадани туро донистагӣ...
Аҳмадзода. Хайр, ҳозир мактуби Зулфияро хонем. (Ба нома чашм медавонаду овози Зулфия шунида мешавад.)
"Устоди азиз ва модари меҳрубон! Пеш аз ҳама салом ва эҳтироми хонадони моро қабул фармоед!.. Шавҳарам хело шод аст, ки ман шумоёнро зиёрат карда омадам. Ман ҳанӯз бо таассуроти сӯҳбати гарму самимонаи Шумо гаштаам, устод! Дар он сафарам фақат аз Адолат каме ранҷидам... Амалу унвон одамро дигаргун мекардааст. Вай ба Шариф нобоварона нигоҳ мекунад. Муносибаташ ҳам андаке дағалона ба назарам расид. Ин кораш хуб нест. Очерки Шарифро бо завқ мехонам... Яке аз бадгумониҳои Адолат дар хонаи қаҳрамони очерк будани Шариф буд, ки инро ба худи ман гуфт. Ман мехостам, ки Адолат ба покии Исматӣ доимо боварӣ дошта бошад!.. Таънаю пичинги бемаврид метавонад, ки одами хубро ҳам ба роҳи бад барад. Илоҷаш бошад, маслиҳат диҳед, ки мошинаро фурӯшанд... Онро Адолат ба пули худаш харида будааст, ки боиси баъзе таънаҳо мешудааст... Устоди азиз! Шодмонам, ки Рауфамонро боз ба шогирдӣ қабул кардед... Аз номи оилаи мо ба ҳамаи дӯстон салом бирасонед! Ман ба хонадони дугонаам Адолат сулҳу салоҳ орзу менамоям!.." (Аҳмадзода аз хат сар мебардораду ҳамаро як-як аз пеши назар мегузаронад ва чашмаш ба духтараш дӯхта мешавад). Шунидӣ?.. Ба хонадони шумо дугонаат сулҳу салоҳ орзу кардааст!..

Адолат аз ҷо хеста, ба хона даромада меравад. Ҳама лаҳзае дар сукунат. Шарофат ҳам аз паи духтараш меравад. Хомӯширо Улфат вайрон мекунад.

Улфат. Устод, шояд, ки ин хатро дар назди ҳама хондан зарурате надошт.
Аҳмадзода. Дар ин ҷо каси бегона нест. Ҳама худӣ ҳастем... Бояд ба шумо арз кунам, ки чандест онҳо ногапанд.
Рауф. Мо медонистем, устод.
Улфат. Баъзан дар оиладорӣ мешавад-дия, устоди азиз.
Аҳмадзода. Мо мехоҳем, ки нашавад... Мумкин аст, ки дар ин ҷо будани Адолатро дониста, Шариф супориши муҳаррирро баҳона карда бошад?
Улфат. Не, не... Ман ба вай гуфтам. Ҳамин масъаларо ҳам хотиррасон кардам.
Маърифат. Дили ман гувоҳ аст, ки он кас ҳатман меоянд.
Аҳмадзода. (Хандида) Аз занаш ранҷида бошад, гуноҳи устод чист!? Рауф, туро табрик мекунам. Ректор дар телефон гуфт, ки ба фармон имзо кардааст.
Рауф. Ташаккур, устод! Ҳамааш аз марҳамати Шумост!
Маърифат. Табрик мекунам!
Улфат. Ту хавотир будӣ. Муборак шавад!
Рауф. (Хурсандиашро пинҳон карда наметавонад) Ҳамаи ин аз марҳамати устод аст. Раҳмат!
Аҳмадзода. Ҳамааш аз пухта тайёр шуда омадани туст. (Шариф меояд.) Ҳа, ҳа, аз пухта тайёр шудани худи туст. Охир, ту забони хориҷиро ҳам ба панҷ супурдӣ!
Шариф. Бубахшед, падар, ки...
Аҳмадзода. Медонам. Акнун базми гуселро сар кунем ҳам мешавад. Пеш аз сафар ҳамаатонро дар сари як дастархон дидан хостам. Марҳамат, ба хона дароем.
Маърифат. Магар ҳамин ҷо хуб нест?
Аҳмадзода. Столи зиёфатро дар хона оростаанд.
Улфат. (Хандида) Ин тавр бошад, медароем.

Шарофат ва Адолат мебароянд. Шариф вонамуд мекунад, ки занашро надидааст. Ҳама ба ҳамдигар нигоҳ карда мегиранд. Дар ин фурсат Сарват аз хона мебарояду падарашро дида, ба тарафи ӯ метозад ва оғӯш мекунад...

Сарват. Ман имрӯз Шуморо дар таксӣ дидам.
Шариф. Аз район меомадам... Ман туро надидам-ку?!..
Сарват. Мошин зуд гузашта рафт.
Шариф. (Ба занаш расонда) Ҳа, мошинҳо зуд мегузаранд, писарам... Худат хуб ҳастӣ? Хонданат чӣ тавр?
Сарват. Нағз.

Шарофат ба биқини Адолат нихта мекунад... Яъне узрхоҳӣ кун, гуфтанаш аст. Адолат беҷуръатона ба шавҳараш наздик мешавад...

Адолат. Салом!
Шариф. (Сард) Салом!
Адолат (Оҳиста) Бубахшед. Аз Шумо узр мехоҳам! (Сарват ҳайрон). Дигар такрор намешавад. Кӯшиш мекунам!..
Шариф. (Табассум карда) "Баҳори тавбашикан мерасад, чӣ чора кунам?!" Бахшидам. Агар қавлатон рост бошад.
Адолат. (Бо ғурур) Дигар мошинҳо зуд намегузаранд! Ҳамин тавр не, дада?!
Аҳмадзода. Ҳамин тавр буданаш шарт! Акнун ман пагоҳӣ бо хотири осуда парвоз мекунам!
Шарофат. Марҳамат, ба сари дастархон! (Ҳама хушҳол ба тарафи хона мераванд. Маърифат ба Рауф бо меҳр нигоҳ мекунад.)
Маърифат. Дигар мошинҳо зуд намегузаранд. Бигзор, касеро дар дил ғаме бошад, зуд гузарад!
Рауф. Зудтар гузарад!!!
П а р д а



« Бозгашт | МУНДАРИҶА