Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ СЕЮМ

НАМОИШИ ЧОРУМ




Манзараи намоиши якум. Аҳмадзода дар гӯшае нишаста, газета мехонад. Шарофат медарояд. Аҳмадзода ӯро намебинад, чунки рӯяш бо газета паноҳ аст...

Шарофат. Дадеш!
Аҳмадзода. (Аз газета сар набардошта) Хӯш?!
Шарофат. Ба одам нигоҳ кунед!
Аҳмадзода. Ман ба хизмат тайёр. (Аз ҷо мехезад.) Ана, нигоҳ кардам. Канӣ меҳмон?
Шарофат. Меоянд.
Аҳмадзода. "Меҳмон ҷони азиз аст..."
Шарофат. (Гапро бурида) Ин байтро борҳо шунидаам.
Аҳмадзода. Не, нашунидаед. Инашро нашунидаед. (Мехонад):

Меҳмон ҷони азиз аст, ба ҷонам дармон,
Мизбонро ту бигӯ: Бар раҳи меҳмон сар мон!
Сарвате дорӣ агар, пош намо, пош бидеҳ,
Ҳиммате дорӣ агар, дар кафи меҳмонон неҳ!

Шарофат. (Табассум карда) Иқрор ҳастам, ки инашро нашунидаам. (Занги дар) Омаданд. Ман дастархонро дар хона оростаам. Ба он тараф таклиф кунед! (Меравад.)
Аҳмадзода. (Худ ба худ) Директори мактаб... Муаллимаи хизматнишондода... Боз соҳиби шаш фарзанд. Қандата зан!

Шарофат, Зулфия, Адолат медароянд. 3улфия тозон рафта дастонашро ба гардани Аҳмадзода халқа мекунад...

Зулфияҷони азиз! (Навозиш мекунад) Муаллимаи номдори ман!...
3улфия. (Дастонашро сар дода) Устоди меҳрубонам, салом!!! Оинаи ибрати ҳамаи шогирдон! Шодам, ки Шуморо ҷавон мебинам...
Аҳмадзода. (Бо ҳарорат)

Кӯҳҳои баланд лонаи туст,
Ёди ин шаҳр кардаӣ, хуш бош!
Дили устоди пир хонаи туст,
Нури худро ба хонаи мо пош!

Хуш омадӣ, Зулфия! Туро ҳамаи мо пазмон шудем...
3улфия. Устоди азиз, ман ҳам.
Шарофат. Мактубатонро гирифтему бо завқ хондем.
Аҳмадзода. Ман онро ҳатто ба бисёр касон нишон додам.
3улфия. (Бо ҳайрат), Барои чӣ?
Аҳмадзода. Барои газета як мақола фармуда буданд. Гӯё ман баъзе ташвишҳои туро пешакӣ пай бурда бошам, ки дар он мақола қайд карда будам. Мактуби туро ҳамчун далел нишон додам. Ҳама гапҳоят, ки дар мактуб навиштаӣ, аз дилсӯзии ту ба кори таълиму тарбия аст. Ман хурсанд шудам... Ҳозир туро дида истодааму хаёлам ба ким-куҷоҳо рафт...
Шарофат. Чаро хаёлатон ба ким-куҷоҳо мерафтааст?!
Аҳмадзода. Ҳамин тавр, модараш, ҳамин тавр!

Кӯҳҳо маскани уқобонанд,
Ки хаёлам ҳамеша дар он ҷост!
Ҳаст марде, ки дигарон донанд, –
Дили ман дидани варо мехост!

Шарофат. Акнун ба ман равшан шуд.
Аҳмадзода. Чӣ рӯзи нек! Зулфияҷонамон омад... Вай ҳам ҳозир аз дар медаромад – аҷаб нек мешуд...
Адолат. Шумо киро дар назар доред, дада?
Шарофат. (Ҳазломез) Албатта шавҳари туро не.
Адолат. (Ранҷида) Маро масхара мекунед, модар?
Шарофат. Наранҷ. Дар омади гап гуфтам.
3улфия. Ман фаҳмидам. Устод Рауфро дар назар доранд... Ман дуруст пай бурдам?..
Аҳмадзода. Бале. (Бо имою ишора ҳамаро ба хона таклиф мекунад) Марҳамат, дар сари дастархон сӯҳбат мекунем. Зулфия, ту ҳамаи шогирдонатро хабар гирифтӣ?
3улфия. Не, устод. Як нафарашро наёфтам.
Адолат. Вай шунавад – парвоз карда меояд... Ман рафта мошинро қулф карда оям. (Меравад)

3улфия, Шарофат, Аҳмадзода якдигарро пеш андохта, ба хона медароянд. Саҳна лаҳзае холӣ мемонад. Адолат баргашта меояд. Ӯро чизе ботинан азоб медиҳад. Вай бо хаёл дар як курсӣ менишинад...

Девона мешавам. Наход, ки ҳамаи гапҳои мешунидагии ман дурӯғ бошанд?! Охир, дар байни гапҳои дурӯғ росташ ҳам мешавад... Устобоев ҳамин хел гашта-гашта, оқибат занашро бо се фарзанд сар доду ба беваи чор бачча доштагӣ хонадор шуд... Ҳарчанд, ки ҷазо доданд, аммо ба назди фарзандонаш барнагашт... Аксарият мегӯянд, ки айб дар зани Устобоев будааст. Ман ягон гуноҳ надорам-ку!.. Худам медонам, ки духтур Азимов даҳ сол бо занаш зиндагонӣ карда, охири кор ҷудо шуду як ҳамкасби худашро ба занӣ гирифт. Оҳ, метарсам... Моён фақат як фарзанд дорем... Барои чӣ, агар ман бо ягон сабаб шӯрида хезам, вай механдад?! Агар ягон нийят надошта бошад, магар оташин намешуд!?

Занги дар. Адолат мебарояду ҳамроҳи Шохалил бармегардад...

Шумо куҷоҳо мегардед?
Шохалил. Валло, ки аз шаҳр берун нарафтаам.
Адолат. Институт намонд, китобхона намонд... Ҳама ҷоро кофта баромадем.
Шохалил. Ман сайри хиёбон доштам. Охир, намедонистам, ки муаллимаамон омадаанду маро меҷӯянд.
Адолат. Аз кӣ фаҳмидед?
Шохалил. Аз дадаи Сарватҷон. Он кас гуфтанд, ки Нусратшоева маро меҷӯянд. Ман ҳам зуд ба ҷустуҷӯ баромадам...
Адолат. (Андешаманд) Шумо Шариф Исматиро дидед?
Шохалил. Ҳа, дидам. Гуфтам-ку, дараки муаллимаамонро аз он кас фаҳмидам...
Адолат. Дар куҷо дидед?
Шохалил. Дар хиёбони назди идораашон... Он кас канӣ?
Адолат. Ҳозир гуфта мемонам. (Меравад.)
Шохалил. (Қадам зада)

Духтари Дарвози мо,
Боиси парвози мо.
Дарси ту омӯхтем,
Шамъи дил афрӯхтем!

Ин хел муаллима, ин хел директорро ягон мактаби дигар надоштагист... Ё гапам дурӯғ-мӣ?!
3улфия. (Мебарояд) Шохалил!
Шохалил. (Муаллимаро дида) Муаллимаҷон, ассалом!
3улфия. Салом, марди ҳамакора! (Самимона мулоқот мекунанд) Саломат ҳастӣ? Хонданат чӣ тавр?
Шохалил. Бисёр нағз. Чӣ гуна хонданамро аз деканамон пурсед.
3улфия. Пурсидам. Ба ту баҳои нағз медиҳанд. Рафторатро ҳам таъриф мекунанд.
Шохалил. (Ҳазломез) Худам ҳам сазовори таъриф ҳастам-дия, муаллимаҷон!... Охир, ҷавоне, ки се сол паи ҳам аз имтиҳони қабул нагузашта, соли чорум студент шавад ва ба тамом карданаш андаке монда бошад, – магар сазовори таъриф нест?!
3улфия. (Хандида) Ҳозир ошиқ ҳам шудаӣ мегӯянд, рост аст?
Шохалил. Кӣ гуфт?
3улфия. Инашро ба ту намегӯям.
Шохалил. Ин гап рост не... Баъзан шеърҳои ишқӣ навиштанӣ мешаваму намебарояд...
3улфия. Кӯшиш кун, ки барояд! Дар се соли қабул нашуданат се ҳунарро омӯхта тавонистӣ-ку!
Шохалил. Шофирию шоирӣ ҳамқофия бошанд ҳам... Э, муаллимаҷон…
3улфия. Боварӣ дорам, ки ту аз ӯҳдаи ин кор ҳам мебароӣ! Хайр, бегоҳ ба меҳмонхона биё. Ман барои ту мактуб ва савғотӣ овардаам...
Шохалил. Хуб шудааст. То бегоҳ муаллимаҷон!

Орзуи тӯй дорад Шохалил,
Дилбари хушрӯй дорад Шохалил!

(Меравад).
3улфия. (Худ ба худ) Ҷавонмарди зиндадил ин Шохалили мо! Кораш барор нагирад ҳам, ҳаргиз маъюс намешавад. Илоҷе мекунад, ки ҳамон кораш амалӣ гардад... Ҳамин хел одамонро ҳурмат накардан хуб нест. Аз кадом ҷиҳат ба Рауф монандие дорад!

3улфия ба хона даромада меравад. Аз берун Рауф меояд.

Рауф. (Худ ба худ). Ҳамон ҳавлӣ, ҳамон даргоҳ... Аммо каме дигаргун шудааст. Агар устод маро бинанд – зуд мешинохта бошанд?! Чаро соли пеш роҳбарии маро ба зимма нагирифтаанд?.. Шояд гумон карда бошанд, ки шогирдашон дар деҳаи дурдаст тамоми хондагиҳояшро аз ёд баровардааст... Қудрати аспирантшавӣ надорад...Ё Обид дурӯғ гуфт, ки айби худашро рӯпӯш кунад?! Охир, вай дид, ки ман дар шаҳр. Бо устод рӯ ба рӯ мешавам. Чаро дурӯғ гӯяд!?... (Шарофат мебарояд) Модар салом! Бубахшед, ки бо одати дерина тақ-тақ накарда даромадам... Маро нашинохтед? Ман Рауф ҳастам.
Шарофат. (Саросема шуда) Шинохтам, шинохтам... Салом, Рауфҷон! Марҳамат!
Рауф. Устод хона ҳастанд?
Шарофат. Ҳастанд, ҳастанд... (Ба тарафи хона) Дадеш, ин ҷо бароед! Бубинед, ки чӣ меҳмоне омад...

Аҳмадзода мебарояд.

Аҳмадзода. Салом, Рауф, салом! Хуб омадӣ!..

Ба истиқболи Рауф мешитобад. Рауф ҳам чунон мекунад. Онҳо ҳамдигарро сахт дар оғӯш мекашанд. Дар ҳамин фурсат аз берун Насимхон даромада меояд.

Рауф. Муаллими азиз! Гумон кардам, ки зуд намешиносед.
Аҳмадзода. Магар туро нашинохта мешавад? Рафтем, рафтем!

Аҳмадзода аз дасти Рауф кашолакунон меравад. Насимхон ба тарафи Шарофат сар меҷунбонад...

Насимхон. (Хандида) Янгамулло, тағоям чунон хурсанд шуданд, ки ҳатто ҷиянашонро надида рафтанд... Э, қоил ман!
Шарофат. Ҳа, ҳамин хел шуд. Он кас бениҳоят ин шогирдашонро дӯст медоранд. Интизор буданд. Вай ҳам донистагӣ барин ногаҳон даромада омад.
Насимхон. Дар хона боз киҳо ҳастанд?
Шарофат. Зулфия ва Адолат. Зулфия ҳам имрӯз омад.
Насимхон. Рӯзи ҷамъ шудани шогирдони деринаи тағоямро дар дафтари хотира навишта мондан лозим. Янгамулло, аз шогирдони навашон ҳам ягон кас ҳаст?
Шарофат. Ҳоло нест. Мумкин омада монанд. Мо касеро хабар накардаем. Марҳамат, дароед!
Насимхон. Модарам Шуморо пурсиданд.
Шарофат. Имрӯз худам ҳам мехостам диданӣ равам... Шумо назди меҳмонҳо дароед!
Насимхон. Хуб. Афсӯс одами ба ман даркорӣ наомадааст!

Насимхон ба хона медарояд. Аз он ҷо Адолат мебарояд. Ба модараш бо илтиҷо нигоҳ карда мемонад...

Адолат. Модарҷон, агар малол наояд, ман камтар назди шарикдарсонам бошам...
Шарофат. (Нафаҳмида) Чаро малол меомадааст?!
Адолат. Сарват аз мактаб омадагист. Ман калидро намонда омадаам.
Шарофат. (Мақсадро фаҳмида) Магар ман барои ту... Мошинат ҳаст! (Меравад).

Шариф аз берун хурсанд даромада меояд. Адолат ӯро бо саволу таҳдид пешвоз мегирад...

Адолат. Ҳа, ин қадар хурсанд?
Шариф. (Адолатро дида) Чаро хафа бошам? Имрӯз аввали очерк ба чоп рафт.
Адолат. Сабаби хурсандиатон ин набудагист.
Шариф. Хурсандии очеркнавис чоп шудани асар мебошад. Оё бори аввал мебинед?!
Адолат. Не. Борҳо дидаам. (Оҳ мекашад.) Дар хиёбони назди идора киро мунтазир будед?
Шариф. (Дигар шуда) Худаш чӣ гап?.. Ман он очеркро як моҳ навиштам. Шумо бояд хурсанд мешудед. Аммо мебинам, ки...
Адолат. Гапро ба дигар тараф набаред. Ба саволам ҷавоб диҳед! Очерк... Хайр, навиштед – навиштед-дия... Вай рисолаи номзадӣ ё докторӣ нест, ки ман хурсанд шавам...
Шариф. Ба Шумо чӣ шуд? Кори ман дар назди Шумо арзише надорад? Маро таъна мекунед, ки чаро номзад нашудам?
Адолат. Чӣ хеле фаҳмед.
Шариф. Калидро диҳед. Калиди хонаро... Ман калиди мошин напурсидаам.
Адолат. Дар хона меҳмон!
Шариф. Дигар бо меҳмон кор надорам... Хурсанд омадаму таъна шунидам. Ҳа, ман номзади илм нестам. Чӣ кор мекунед?!
Адолат. (Сахт расидани гапашро фаҳмида) Меҳмон аз диёри Рӯдакӣ омадааст.
Шариф. Чӣ-ӣ? Рауф?!
Адолат. Худаш.
Шариф. Канӣ вай?
Адолат. Дар хона... Ман рафта Сарватро меорам.

Шариф ҳамаро фаромӯш карда, тозон ба хона медарояд. Адолат андешаманд тарафи кӯча меравад... Зулфия ва Шарофат мебароянд.

Шарофат. Монед, ки онҳо камтар гапҳои худашонро гуфта гиранд.
3улфия. (Табассум карда) Бинам, ки Рауф ҳам ба муаллим чизе гуфтанӣ мешаваду аз ману Шумо истиҳола карда мемонад... Акнун Шариф омад, ки... Модар, Адолат куҷо рафт?
Шарофат. Барои писараш. Қариб, ки мани пирро пиёда фиристонад. Ман дар дилам гуфтам, ки "чӯриатро ёфтӣ!"
3улфия. Гапи дар дил гуфтагиатонро вай чӣ хел фаҳмид?
Шарофат. Фаҳмида тавонист. Аммо ман кайҳо боз мақсади ӯро фаҳмида наметавонам. Кадом вақт ба падараш ким-чиҳо гуфту аз ман пинҳон кард, духтарам.
3улфия. Ягон гапи илмӣ будагист-дия.
Шарофат. Не, не... Гапи илмиашро дар назди ман ҳам гуфтан мегирад... Вай, ба тахмини ман, аз шавҳараш шикоят кард.
3улфия. Эҳ, модар! Аз шавҳар ба касе шикоят кардан оҷизии худро нишон додан аст. Вай олима бошаду... Ман дидам, ки муносибаташ бо Шариф... (Ба тарафи хона нигоҳ мекунад.) Оҳо, ҷавононамон ин ҷо меоянд.
Шарофат. Намемонанд, ки ду зан чорта гапи худашонро гуфта гиранд.

Шариф ва Рауф меоянд. Рауф сигоретеро мулоим карда меояд.

Рауф. (Ба Шарофат) Шумо дар назди устод сигорет кашиданро манъ кардед. Барои ҳамин берун баромадем.
Шариф. Худатонро падар даъват мекунанд. (Хандида) Аллакай пазмон шудаанд.
Шарофат. Эҳ, ин мӯсафеди ман!.. Агар як дам дар наздашон набинанд... (Меравад).
3улфия. Шарифҷон, давраҳои студентиамонро як ба ёд орем?
Шариф. Чӣ хел?! Ҳозир се нафар дар як ҷоем. Чашмонамонро мепӯшему тасаввур мекунем, ки моён ба имтиҳоноти давлатӣ тайёрӣ дида истодаем... Обид нест. Киро тақлид мекунем?!
3улфия. Рӯҳашро!
Рауф. (Сигореташро гиронда) Чашм пӯшида, чунин хаёл кардан ҳам мумкин... Аммо аз байн хело вақт гузаштааст... Обид ҳозир каси калон... Умуман, ба вай тақлид карда намешавад...
Шариф. Вай саги калон!..
Рауф. Мақсади муаллима дигар аст.
3улфия. Рауфҷон даррав пай мебаранд. Як суруд хонед, Шариф! Барои ҳар сеямон...
Рауф. Хоҳиши меҳмон қонун аст.
Шариф. (Сарашро хорида) Медонам. Аммо ба ман дер мешавад... Дар газета навбатдор ҳастам. Қисми аввали очерки банда ҳам ба ҳамин шумора рафтагӣ... Ҳарчанд ки вай рисолаи номзадӣ нест...
3улфия. Ин чӣ гуфтагиатон?
Шариф. Ҳамин тавр... Обидро ёдоварӣ кардем-ку.
3улфия. То суруд нахонед, мо иҷозат намедиҳем!
Рауф. Марҳамат, сар кун: "Бо нозу итоб, нодода ҷавоб..."
Шариф. Барои ман давраи ин гуна сурудҳо гузашт, Рауфҷон! (Хаёл мекунад.) Ҳозир як шеър мехонам. Баъд ба ман иҷозат медиҳед... Мешавад?
3улфия. Мешавад!
Шариф. (Мехонад):

Он қадар ҳам шод ҳастам ман зи дидори Рауф,
Орзу дорам, накӯ бошад ҳама кори Рауф.
Меҳри ёрони киромӣ дар дили ман ҷовид аст,
Мову ту, Зулфияҷон, ҳастем ғамхори Рауф.
Ман дар ин шаҳрам, валекин чашми дил бар кӯҳҳост,
Берун аз андоза зебоянд кӯҳсори Рауф.
Ҳар куҷо бинам рафиқи некбину некрой –
Бо мани болида мегарданд ҳамкори Рауф!
Бӯса бинмоям қадамгоҳи шуморо, дӯстон,
Нур мегирам зи чашмони шарарбори Рауф!

3улфия. Офарин, Шариф! Хуб бофтед... Афсӯс, ки таронаи Обид Саидов нашуда монд.
Рауф. Он ҳам мешудагист.
Шариф. Мебахшед, вақт танг. Таронаи Обидро Рауф дар рисолаи номзадиаш истифода мебарад. Масъалаи забони адабӣ хело муҳим аст. (Ҳама механданд) Хайр, сӯҳбатамон боқист. Бе ман зиқ нашаветон! Ҳоло гап бисёр... (Меравад)
Рауф. Ҳеҷ дигар нашудааст.
3улфия. Шумо дигар шудаед... Ман қиссаи ғамангези Шуморо шунидаам.
Рауф. (Оҳ мекашад). Ин хел хабар зуд овоза мешавад... Ба тӯямон чанд рӯзакак монда буд. Қисмат набудааст, Зулфияҷон!
3улфия. Дигар тараддуди зангирӣ накардед? Ин қадар солҳо гузаштанду...
Рауф. Муҳаббат ба гузаштани сол чӣ кор дорад!? Одам дар ҳаёташ як маротиба ҳақиқатан сахт дӯст дошта мемонад... Баъд, тамоми умр бори гарони онро бардошта мегардад. Падараш ҳамеша маро дилбардорӣ мекард. Вай як духтари дигар дошт, ки аз арӯси ман ҳам хушрӯйтар буд. Ба ман маслиҳат доданд, ки ӯро ба занӣ гирам. Аммо ман ҳаргиз чунин корро карда наметавонистам. Чунки вай хоҳари арӯси ман аст. Мана, акнун ба шаҳр барои хондан омадам... Шояд...
3улфия. Соли пеш ҳам ариза фиристода будед?
Рауф. Соли пешаш ҳам. Аз Обид ду мактуб дорам.
3улфия. Мақсадатонро ба худи устод навишта будед?
Рауф. Не... Намехостам гӯянд, ки миёнарав гузоштааст... (Шарофат мебарояд) Ҳа, модар, куҷое равона ҳастед?
Шарофат. Назди модари Насимхон. Хоҳари муаллим. То омадани ман назди устодатон чақ-чақ карда мешинетон. Мебахшетон-дия... Он кас маро бо телефон ба наздашон ҷеғ заданд... (Меравад.)
3улфия. Забони хориҷиро чӣ тавр месупоред?
Рауф. Аз забони хориҷӣ хавф надорам. Метавонам, ки немисӣ ё англисиро озодона супорам. Ин забонҳоро дар давоми чанд сол аз муаллимаҳои мактабамон хуб омӯхтаам. Навишта метавонам... Озодона гап зада метавонам. Ман умуман барои имтиҳони қабул ба қадри зарурӣ тайёр ҳастам... Албатта, агар имтиҳон одилона гузарад...
3улфия. (Бо камоли фахр)

Дили бузурги туро – кӯҳсор медонам,
Ки андаруни вай, охир, ҳамеша ганҷ бувад!

Аҳмадзода ва Насимхон аз хона баромада, гӯш мекунанд...

Аҳмадзода.

Ҳамеша рӯи шуморо баҳор медонам.
Яке зи Рӯдакиву дигаре зи Ванҷ бувад!

Рауф. (Бо ҳарорат) Моему дили поку ҳаводории устод!
3улфия. (Ончунон) Аз дил наравад ҳеҷ мададгории устод!
Насимхон. (Худ ба худ). Ман чӣ гӯям?
Аҳмадзода. Ташаккур! Аз забони "Аълочии маорифи халқ", аз забони муаллимаи хизматнишондода шунидани чунин суханон барои ман хуш аст. Фақат муҳаббати бебарори Рауф маро ҳама вақт азият медод. Албатта дар ҳаёт ҳар гуна ҳодисаҳо мешаванду... Аммо ин хелаш... (Хаёл мекунад).
3улфия. Худатон мегуфтед, ки "Бар сари фарзанди инсон ҳар чӣ ояд – бигзарад!"
Рауф. Муаллими азиз, ман ҳамеша ба кӯдакон, ба шогирдонам нигоҳ мекардаму маъюсиро аз дил гирифта мепартофтам... Вагарна ин қадар сол дар он ҷо кор карданам мумкин буд!?. Ҳар баҳор ба сари қабраш гулҳои тару тоза мебурдам... Мана, акнун боз хондан омадам...
Аҳмадзода. Офарин ба иродаат, Рауф!
Рауф. (Бо кадом андешае) Агар соли пеш шастам намегашту меомадам, кайҳо минимумҳоро хуб набошад ҳам – бад намесупурдам... Муаллими азиз, рост аст, ки худи Шумо роҳбарии маро ба зимма нагирифта, ба духтари Латифӣ розӣ шудаед?..
Аҳмадзода. (Бо ҳайрат). Магар ту ариза дода будӣ?
Рауф. Ҳа.
Аҳмадзода. Чаро ман бехабар мондаам. Ин гапро аз куҷо шунидӣ?
Рауф. Аз Обид хат гирифтам. Аз худаш имрӯз боз шунидам...
Аҳмадзода. (Оташин шуда) Боз Обид! Боз ҳамон Обид Саидов! Ту бовар кардӣ? Ба кӣ бовар кардӣ!.. Ба синну соли ман расӣ – пухтатар мешавӣ... Дар зиндагонӣ одамоне ҳастанд, ки аз номи дигарон савдогарӣ мекунанду ҳатто як зарра сурх намешаванд... Сабр кунед, ман ҳозир... (Ба хона даромада меравад.)
3улфия. Муаллимро ранҷондед. Ба фикрам, нағз нашуд.
Рауф. Ман намехостам. Ман фақат пурсидам...

Xомӯшӣ... Рауф дар ҳолати нобоб мондааст. Аҳмадзода дар даст як варақ коғаз мебарояду онро ба 3улфия дароз мекунад. Зулфия онро гирифта, бо савол тарафи муаллим чашм медӯзад.

Аҳмадзода. Ман телефон кардам. Аввал омадан нахост. Оромона илтимос кардам. Баъд ваъда дод. Ҳозир худаш меояд... Ҳа, он вақт ман дар табобатхона будам. Фикри маро пурсиданд. Хат навиштам. Як нусхаашро аз эҳтиёт гирифта мондам. (Заҳрханда мекунад). Хон, Зулфия!
3улфия. (Мехонад) "Ба ректорат! Ман зарурате намебинам, ки Обид Саидов мудири аспирантура таъин шавад. Одамони кордону беғараз бисёранд. Аммо Обид аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Ман ҳамчун яке аз роҳбарони гурӯҳи аспирантҳо ба ин нийяти тавсиякунандагон тамоман муқобил ҳастам! Профессор Аҳмадзода."
Аҳмадзода. Фикри ман аз назари эътибор дур монд... Обид Саидов ба ин кор таъйин шуд. Акнун фаҳмидам, ки вай аризаи одамони шоистаро аз шахсони дахлдор пинҳон мекардааст...
Рауф. Мебахшед, устод... Ман шуморо ташвиш додам... Гуфтан намехостаму... Ҳамин тавр шуда монд...
Аҳмадзода. Нағз кардӣ, ки пурсидӣ... Одамонро шинохтан лозим. Канӣ бинем, ҳозир худашро чӣ хел сафед мекунад!?.. Вай бо ҳар баҳона ба кори ман халал расонданӣ мешавад...

Обид ҳавобаландона даромада меояд. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ касро писанд намекунад... Ба ҳозирон мағрурона даст медиҳад.

Обид. Ба ҷамоат салом!.. Ҳа, Нусратшоева! Рауф ҳам дар ҳамин ҷо будааст. Духтур, Шумо ҳастед?! Хӯш, муаллим, чӣ хизмат буд? (Аз як тараф гузашта мешинад.)
Аҳмадзода. (Ором) Обид, марҳамат карда гӯй, соли гузашта Рауф ариза фиристода буд?
Обид. Аввалан, маро "ту-ту" нагӯед... Ҳа, фиристода буд.
Аҳмадзода. Барои чӣ ба ман нафаҳмондед?
Обид. Маро барои пурсидани ҳамин гап даъват кардед? Дар телефон мегуфтед ҳам мешуд...
Аҳмадзода. Хостам, ки дар назди худаш гӯед.
Обид. Чӣ шудааст?! Дар назди худо бошад ҳам, гуфтан мегирам. Ман муттаҳам нестам...
Аҳмадзода. Аз номи ман ба вай чӣ навиштед?
Обид. Рафиқ Аҳмадзода!
3улфия. (Бо ҳайрат) "Устод" гуфта, муроҷиат кунед! Шарм намедоред?!
Обид. (Ба Зулфия). Акнун худи ман ҳам устод ҳастам. Кори ту набошад, ки ман чӣ хел муроҷиат мекунам. (Ба Аҳмадзода.) Ман аз номи худам, аз номи мудири аспирантура, ба вай хат навиштам.
Аҳмадзода. Хуб, чӣ навиштед?
Обид. Навиштам, ки "як ҷой ҳаст, Маърифат Латифӣ қабул мешавад!"
Рауф. Дурӯғ!.. Ту навиштӣ, ки муаллим роҳбарии маро ба зимма намегиранд...
Обид. Ҳа, навиштам. Фақат дар он хати расмӣ калимаи "муаллим" набуд.
Аҳмадзода. Магар ман чунин гуфтам. Охир, ман аз аризаи Рауф хабар надоштам-ку...
Обид. (Бепарвоёна) Гуфтед. Хабар доштед!
Аҳмадзода. (Оташ гирифта) Эҳ беҳаё! Нопок! Шумо ҳам ба монанди роҳбаратон... (Хомӯш мемонаду дилашро медорад.)
Насимхон. Чӣ шуд, тағо? (Назди Аҳмадзода мегузарад.)
Обид. Ман чӣ кор кардам?.. Дар ин ҷо роҳбари ман чӣ гуноҳ дорад?!..
Аҳмадзода. Ҳардуятон ҳам аз номи дигарон савдогарӣ карда мегардед. Боз "ман чӣ кор кардам" будааст...
Обид. Шумо ману роҳбарамро савдогар мегӯед? Ман ин гапатонро ба ҷои дахлдор бурда мерасонам... Шумо ӯро чашми дидан надоред!
Аҳмадзода. Ҳа, вай маро чашми дидан дорад... Рақобати шахсӣ набояд, ки ба кори илму тарбияи толибони илм халал расонад... Шумо бо маслиҳати Турсунхӯҷа аризаи Рауфро аз ман пинҳон дошта, боз мегӯед, ки ман хабар доштаам... Оҳ, ин чӣ беадолатӣ!
Обид. Ин қадар нашӯред! Чанд китоби шумо навиштагиро ҳамон Турсунхӯҷа ҳам навишта метавонад. Шумо ба мартабаи вай ҳасад мебаред...
Аҳмадзода. Дур шавед аз назарам!
Обид. Ман худам наомадаам. Маро даъват кардед. Вагарна аз сарам тилло резед ҳам, ба хонаи шумо намеомадам...
Аҳмадзода. (Дилашро сахт-сахт молида) Шумо барои бесаводии худатонро пардапӯш кардан, кӯшиш мекунетон, ки одамони белаёқат ба аспирантура бештар қабул шаванд...
Обид. Бӯҳтон!
Аҳмадзода. Дафъ шавед! Афтатонро набинам...
Насимхон. (Ба Обид оромона) Шумо равед.
Обид. Ҳоло барои ин гуфторатон ҷавобгар хоҳед гардид! (Ғолибона баромада меравад.)
3улфия. (Аз паи Обид) Ин қадар бешараф шудааст.
Рауф. Аслан дар ӯ шараф набуд.
Насимхон. Дар хона дору буд... Хезед, хона дароем, тағо!
Рауф. Маро мебахшед, устод!
Аҳмадзода. Ҳеҷ гап не... Мегузарад... Бар қасди ҳаминҳо ту аспиранти ман мешавӣ!..
3улфия. (Андешаманд) Обид Саидовро бори дигар шинохтам...

"Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло давиданҳо!"

Аҳмадзода. Бале, Зулфия! Шоир рост мегӯяд...

Адолат ва Сарват меоянд. Сарват тозон рафта дастонашро ба гардани Аҳмадзода ҳалқа мекунаду мебӯсад, ҳама бо меҳр ба вай менигаранд...


П а р д а







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »