Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ ДУЮМ

НАМОИШИ СЕЮМ




Як канори хиёбони шаҳр. Болои хараке ҷомадон истодааст... Назди он Рауф рост истода, ба дур нигоҳ мекунад. Сигорет мекашад. Тамошобин фақат як бари рӯи ӯро мебинад...

Рауф. (Худ ба худ) Боз ба шаҳр омадам. Чордаҳ сол ба ин ҷо қадам намондаам. Ин қадар дигаргунӣ!.. Дили республикаи ман – Душанбеи азиз, дӯстат медорам. Боз омадам... Маро мешиносӣ? Афсӯс, ки танҳо омадам. Дигар илоҷам набуд. Барои ҳамин ҳам дер омадам. Мехоҳам, ки муддате сар ба канори ту гузорам ва ту маро ҳамчун давраҳои шогирдиам навозиш кунӣ! Охир, ман акнун ба камол расидаам. Ба камол расидааму аммо... Биё, дилатро ғаш накунонам... Он чӣ дар канори ту омӯхтам – ба дигарон омӯзондам. Ҳарчанд ки худам ҳам дар миёни кӯҳҳои баланд ду забони хориҷиро азбар кардаам, донишам камӣ кард... Донишам камӣ карду боз омадам, ки таълими устодонро бигирам.. Таълими Аҳмадзодаро бигирам. Боз равам, боз омӯзонам!..

Маърифат ба Рауф имои салом карда, гузашта меравад. Рауф ҳам дар ҷавоб сар меҷунбонаду аз паи ӯ дурудароз нигоҳ карда мемонад. Оҳ мекашад...

Вай мехонад. Хурсанд аст. Ҳасад мебарам... Муҳаббати дили ман дигар хонда наметавонад. Мехост хонад. Мехост ҳамроҳи ман ба шаҳр ояд. Вай мебоист сездаҳ сол пеш меомад. Омада натавонист. Ҳаёти дили бузургеро як ғундачаи хурд бар боди фано дод... Чӣ духтари нозанине буд вай!.. Ман акнун мехонам. Орзуи вай хондан буд. (Оҳ мекашад.) Баъзеҳо мегӯянд, ки "Сари зулфи ту набошад – сари зулфи дигаре!" Албатта, дар бораи дилбарони худ, ки аз вай ранҷидаанд. Ҳаргиз ман наранҷида будам... Фурсати ранҷидан ҳам нашуда буд... Ман дар ҳаётам. Вай дар ҳаёти ман аст! Мехонам, кор мекунам. Ба манфиати халқ... ба ёдбуди ӯ!

Рауф даст ба ҷомадон мебарад. Мебинад, ки дар даст портфели калоне Обид гузашта рафтанист...

Салом, шарикдарси азиз!
Обид. (Бо ҳайрат) Салом... Чӣ хел мо шарикдарс будаем?
Рауф. Нашинохтӣ? Мебахшед, нашинохтед?
Обид. Не, нашинохтам.
Рауф. (Лаб газида). Эҳ, адабгуфтор!..
Обид. (Гӯё хиҷолат кашида). Рауф?!
Рауф. Хато накардед, пирам.
Обид. Маро "пирам" нагӯй!
Рауф. Хайр, ана, устод!

Обид ҳавобаландона даст медиҳад. Рауф ҳам чунон мекунад. Маълум шуда меистад, ки аз омадани Рауф Обид шод не.

Обид. Аризаатро гирифтаму аммо Аҳмадзода нахост, ки роҳбариатро ба зимма гирад. Барои ҳамин ҳам ман соли гузашта ба ту ҷавоби мусбат навишта натавонистам.
Рауф. (Заҳромез) Ташаккур!
Обид. Имсол албатта ягон илоҷ меёбем.
Рауф. (Бо ҳамон тарз) Раҳмат, устод.
Обид. Мебахшӣ, ман саросема ҳастам. Идора биё, сӯҳбат мекунем.
Рауф. Муттакаббирам!
Обид. (Хандида) "Муташаккирам" будагист.
Рауф. Мебахшед, ки чордаҳ сол боз дар шаҳр набудам.
Обид. Хайр, биё, мебинем!

Обид меравад. Рауф ҳам ҷомадонашро ба даст гирифта, тарафи муқобил равон мешавад. "Шаҳри азиз, ин хел фарзандҳо ҳам дорӣ!" – гӯён аз саҳна мебарояд. Аз ҳамон тараф Насимхон ва Маърифат дохили саҳна мешавад.

Маърифат. Ҳамон одами ҷомадон дар даст рафтагӣ Рауф Одилзода аст. Шумо намешиносед?
Насимхон. Як вақтҳо мешинохтам. Ҳозир вай маро нашинохт. Тамоман тағйир ёфтааст... Чӣ буд?
Маърифат. Сездаҳ сол пеш арӯсшавандаашро ғунда газида куштааст... Вай то имрӯз муҷаррад гашта будааст.
Насимхон. Чаро дар ин бора гап кушодед?
Маърифат. Духтур, наход ғундагазидаро табобат кардан мумкин набошад-а?
Насимхон. Мумкин. Аммо онҳо бехабар мондаанд. Духтар оби хунук нӯшидагӣ.
Маърифат. Агар оби хунук нӯшад...
Насимхон. Дигар илоҷи табобаташ нест. Маърифатхон!
Маърифат. Лаббай.
Насимхон. Ман мехостам, ки бо Шумо бафурсат сӯҳбат кунам. Афсӯс, ки ҳозир дар институт дарс дорам.
Маърифат. Сӯҳбатамон аз илми тиб мешавад?
Насимхон. Не.
Маърифат. Мову Шумо дигар дар кадом хусус гап занем?!
Насимхон. (Шармгинона) Аз шеър, аз адабиёт... Камтар аз илми тиб ҳам... Ҳо, ана, Шохалил омада истодааст. (Маърифат нигоҳ мекунад.) Ман равам, ки агар пурсупос зиёд шавад, аз дарс дер мемонам.

Маърифат. Хайр, саломат бошед, духтур. Сӯҳбат бошад – сӯҳбат-дия...
Насимхон. Раҳмат.

Насимхон меравад. Аз тарафи дигар Шохалил саросема дохили саҳна мешавад.

Маърифат. Ҳа. Шохалил, ин қадар саросема шуда омадед?!
Шохалил. Шумо ҳамроҳи духтур наравед, гуфта тохтам. Хуб шуд, ки нарафтед.
Маърифат. Агар мерафтам, чӣ кор мекардед?
Шохалил. Эҳ, напурсед... Як студентро куштаанд.
Маърифат. Чӣ-ӣ!?
Шохалил. Як студентро куштаанд.
Маърифат. (Бо таассуф). Кай?
Шохалил. Вақташро намедонам.
Маърифат. Шумо ӯро мешинохтед?
Шохалил. Мешиносам.
Маърифат. Бадгашт буд?
Шохалил. Не.
Маърифат. Бадмаст буд?
Шохалил. Не!..
Маърифат. Ин чӣ фоҷеаи сахт! Ҷинояткоронро ёфта бошанд?
Шохалил. (Курсиро нишон дода). Аз ин тараф шинед, ман муфассал нақл мекунам... (Маърифат мешинад.) Оҳ, бечора!
Маърифат. Гуноҳаш чӣ будааст, ки куштаанд?
Шохалил. Гуноҳаш ҳамин, ки ошиқ будааст.
Маърифат. Охир, ошиқ шудан гуноҳ нест-ку!
Шохалил. Ман ҳам дар ҳамин ақида ҳастам.
Маърифат. Шумо шӯхӣ карда истодаед...
Шохалил. Бахудо, ки шӯхӣ бошад... Дониста гиред, ки ҳамон студент манам!
Маърифат. (Қоҳ-қоҳ зада механдад) Ҷинояткор кист?
Шохалил. Ба гуфтан забонам намегардад. Шарм медорам... Агар иҷозат шавад, шеър хонам?!
Маърифат. Шеърхониро ҳеҷ кас манъ намекунад.
Шохалил. Бубахшед, шогирдона бошад ҳам, шеър-дия... (Мехонад):

Маърифатхон, дар баногӯши Шумо
Ҳалқаи заррин!
Ҳаст ҳар доим дар оғӯши Шумо
Мақсади ширин!

Маърифатхон, қомати болоятон
Арчаю шамшод.
Гашта чандин одамӣ шайдоятон,
Мекунам фарёд!

Маърифатхон, чашмаки олуятон,
Булбули мастам.
Дидаму дар кокули хушбӯятон
Ҷони худ бастам.

Маърифатхон, бурдаед аз банда дил,
Мондаам дар сӯхтор.
Раҳм бинмоед баҳри Шохалил,
Мешавам оинадор!

Маърифат. Студентро ҳамин тариқа куштаанд, гӯед... Ин тамоман беинсофӣ... (Механдад). Хайр, "арчаю шамшод", ман ба ягон ҳамсабақатон мегӯям, ки Шуморо дӯст дораду аммо накушад!
Шохалил. Ба ман каси дигар даркор нест. Агар ишқи маро рад кунед, дар назди ҷамъият гунаҳгор мешавед!..
Маърифат. (Каме ҷиддият гирифта) Ҳазлу шӯхӣ бас Шохалил!.. Чаро Шариф Исматӣ дер омаданд... Мо дар ҳамин ҷо ваъда карда будем- ку... (Ба як тараф нигоҳ мекунад.) Хайрият, ки омада истодаанд.
Шохалил. Хабар мекашам!
Маърифат. Марҳамат! Мулоқоти мо – мулоқоти корист...

Шариф Исматӣ меояд.

Шариф. Мебахшед, ки дер омадам. Канӣ мақолаатон?
Маърифат. (Аз сумкааш бароварда медиҳад). Мана. Фақат ҳашт коғаз шуд.
Шариф. Ҳаминаш кифоя. Рафтем, ман Шуморо бо мудири шӯъба шинос карда мемонам. (Маърифату Шариф равон мешаванд. Шариф ба Шохалил муроҷиат мекунад.) Шохалил, туро директори мактабатон Зулфия Нусратшоева кофта гаштаанд. Он кас ҳозир дар институти шумоёнанд... (Мераванд.)
Шохалил. (Аз ин хабар болида) Муаллимаи азизамон омадаанд... Боз маро махсус кофта гашта будаанд-а! Эҳ, офарин!

Дилбари хушрӯй дорад Шохалил,
Орзӯи тӯй дорад Шохалил! –

гӯён, зуд баромада меравад...
Охири намоиш






« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »