Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ ДУЮМ

НАМОИШИ ДУЮМ



Саҳни ҳавлӣ. Дар як гӯша столи давра ва дар болои он чанд блокнот аз як тараф, як даста газета аз тарафи дигар, байни онҳо дастаи коғаз барои навиштан, ки рӯяш қалами чандранга истодааст. Дар атрофи он стул ва ду курсии хасин. Овози мусиқӣ ҳолати рӯҳии Шарифро ифода мекунад. Шариф Исматӣ назди стол рост истодааст. Бо забони шеър ҳолашро баён мекунад...

Шариф. Бар сарам бори гароне омада,
Ин ҳама аз бӯҳтоне омада!
Чун бихобам, – мебаранд андешаҳо,
Дар дилам дарди ниҳоне омада.
Чора меҷустам, агар ман бишнавам –
Ғурбате бар хонадоне омада.
Мондаам акнун худи ман ноилоҷ,
Ғуссаи ман ногаҳонӣ омада.
Аз Адолат бурдааст инсофу адл –
Рашки даврони ҷавонӣ омада!
Бар сарам бори гароне омада,
Ин ҳама аз бӯҳтоне омада...

Мешинад. Қаламро гирифта, чизе менависад. Яке аз блокнотҳоро мегираду варақ мезанад ва онро ба ҷояш гузошта, дигарашро мегирад. Сарват аз хона мебарояд...

Сарват. Дадаҷон, ман ба кино равам.
Шариф. Майлаш, рав, писарам. Ба модарат гуфта будӣ?
Сарват. Не. Ба шумо гуфтам-ку...
Шариф. Ман ҳам рафтанӣ ҳастам. Мабодо модарат омада туро кофта гарданд? Баъд чӣ мешавад?
Сарват. Шумо ҳамроҳи ман кино меравед?
Шариф. Не, писарам. Ман идора меравам... Хайр, ту рав, ман дар хона барои модарат хат навишта мемонам. (Ба Сарват пул медиҳад.) Кино тамом шавад, зуд ба хона баргард!
Сарват. Хуб шудааст.

Сарват меравад. Шариф лаҳзае менависаду пас аз ҷояш хеста, чизҳои рӯи столро ғундошта ба хона медарояд.
Як лаҳза саҳна холӣ мемонад. Аз берун Адолат ва 3улфия даромада меоянд.

Адолат. Росташро гӯям, омадани ту ба дарди ман дармон шуд. Чунон шодам... Чунон шодам, ки ҳаргиз тасаввур карда наметавонӣ!.. Эҳ, азизам, ҷонам, ширинам!
3улфия. Шумоён, шаҳриён, аҷоиб хислат доред.
Адолат. Марҳамат, шин. Чӣ хел хислат будааст он?
3улфия. (Нишаста) Одам наздик бошад – изҳори дӯстӣ ва садоқат мекунед. Дур бошад – зуд аз ёд мебароред. Ба даҳ мактуби гирифтаатон, агар хушатон ояд, як ҷавоб мегардонед. Дар акси ҳол, ҳамон як хатро ҳам нанавишта, рӯ ба рӯ шуда монед, "мактуби маро гирифтӣ?" гуфта мепурсед.
Адолат. Ин гапат нодуруст, Зулфия. Мумкин аст, ки аз серкорӣ камтар ҷавоб нависем... Аммо...
3улфия. (Бо писханд) Гӯё фақат дар шаҳр серкор бошанд... Охир, мо ҳам кор мекунем. Маоши мегирифтагиамонро ҳалол карда мехӯрем.
Адолат. Ту тундгап шудаӣ, Зулфня. Туро шинохта наметавонам.
3улфия. Вақт одамро дигар мекунад.
Адолат. Ҳа, ҳамаамон ҳам андаке дигар шудаем.
3улфия. Дар ин гапат хато нест... Ҳатто намепурсӣ, ки сабаби ба шаҳр омадани ман чист!
Адолат. Худатро дидам, бо сабабаш кор надорам. Хуб, чист?
3улфия. Ба Вазорат даъват карда буданд. Баъд, дидори дӯстон. Дар шаҳр шогирдони ман бисёранд. Хостам донам, ки онҳо чӣ гуна хонда истодаанд. Аҳволашон чӣ тавр... Ту декан ҳастӣ. Аммо ба як мактуби ёрдамталабонаи ман ҷавоб нагардондӣ.
Адолат. Вай кадомаш буд?
3улфия. Худат хаёл кун. Шояд ба хотират ояд... Аз рӯи амалат ҳам вазифадор будӣ, ки чанд сухан нависӣ!
Адолат. (Хаёл карда) Ба хаёлам, ки ҷавоб навишта будам.
3улфия. Бо хаёл бисёр кор мекунанд. Аммо... ин амалӣ нест. Шариф дар идора будагист. Писарчаат канӣ?..
Адолат. Ҳозир омада мемонад. Хайр, ман як чой монам.
3улфия. Лозим не. Фурсат кам.
Адолат. Барои иримаш. (Меравад.)
3улфия. (Худ ба худ) Писарчааш номи нағз дорад. Ҳаминаш хуб не, ки сафашро зиёд накарданд. Мардаки ман шаш нафарро ҳам кам ҳисоб мекунаду... Инҳо бошанд бо яктааш қаноатманд гаштаанд... (Адолат баргашта меояд.) Дугона, чаро сафи меросхӯронро зиёд накардӣ?
Адолат. Ба умри ҳаминаш барака диҳад. Охир, дар пеш хондан буд... Рисолаи номзадӣ ҳимоя кардан лозим омад...
3улфия. Ҳамааш баҳона. "Дили нохоҳаму узри бисёр" – гуфтаанд. Шариф дар яке аз сафарҳояш меҳмони мо шуда буд. Вай гуфт, ки худи ту намехостаӣ...
Адолат. Сабабашро гуфтам-ку... Ҳа, воқеан, дар ошхона хат навишта мондаанд, ки Сарват ба кино рафтааст.
3улфия. Шариф дар ҳақиқат ҳам мухбири оташинқалам аст. Ҳамчун инсон ҳам, ба фикрам, айбе надорад. Ҳар боре тарафи моён сафар кунад – аз мо хабар мегирад. Бо шавҳари ман гапашон ҳамеша мепазад... Калонгарӣ надорад... Ана ҳамин хислати хубаш!
Адолат (Оҳ кашида). Ту ӯро таъриф накун. Баъд мефаҳмӣ!
3улфия. (Механдад) Чунон оҳ кашидӣ, ки гӯё осмон ба сарат фурӯ рафта бошад.
Адолат. (Табассумкунон)
Ман шавам бандаи ту,
Садқаи хандаи ту!
Ҷонакам, Зулфияҷон,
Ишқ арзандан ту!

3улфия. Ман чизе намефаҳмам...
Адолат. Ҳозир фаҳмиданат шарт набудагист. Ту ҳам хонаву ҷой дорӣ... Дар оила баъзан ҳар хел гап мешавад... Аз чӣ бошад, ки фикри ҳамдигарро фаҳмида наметавонем.

Шариф Исматӣ дар даст портфел аз хона мебарояд. Гапи онҳоро мешунавад.

Шариф. Фаҳмида метавонем! Ассалому алайкум, Зулфияҷони азиз! Шаҳр пешкаш!..
3улфия. Салом. Шумо дар хона будаеду... Аз ҷӯраатон ба Шумо салому эҳтироми бисёр!
Шариф. Ташаккур. Аҳволашон хуб аст?
3улфия. Аз хуб ҳам хубтар. Мошинашонро ронда гаштаанд...
Адолат. (Ба Шариф) Гӯш кардед?! Инаш хуб нест...
3улфия. Шумо куҷо рафтанӣ?
Шариф. Идора. Як очерк фармуда буданд, ки қариб як моҳ навиштам. Ҳамонро бурда мерасонам. Муҳаррир ваъда дод, ки чопашро аз шумораи якшанбегӣ сар мекунанд.
3улфия. Аз рӯи гуфтатон калон барин...
Адолат. (Духӯра карда) Кори ин кас ҳамеша калон!
Шариф. Ба ҳар ҳол он қадар хурд нест. Ҳа, ҳа... Он қадар хурд нест... Азоби якмоҳа. (Бо сар тарафи Адолат ишора карда). Ба ин кас фаҳмонед, ки агар рашк аз миён бардошта шавад, ҳамдигарро хуб фаҳмида метавонем!
3улфия. (Чашмонашро бо ҳайрат калон кушода) Рашк???
Адолат. (Бо қаҳр) Забонамро нахоронед, Исматӣ!

Занги телефон. Шарифи рафтаистода аз роҳаш меистад. Адолат гӯшакро мебардорад. Зулфия саволомез ба Шариф менигарад. Вай дар ҷавоб андешаманд сар меҷунбонад.

Адолат. (Дар гӯшаки телефон) Лаббай! Кӣ? Кадом Зулфия?.. Зулфия Нусратшоева?.. Шумо аз куҷо медонед, ки вай дар хонаи мо бошад?.. Медонед?.. Аҷоиб... Сонӣ гап мезанед?.. Шариф Исматӣ? (Хомӯшона гӯшакро ба Шариф дароз мекунад).
Шариф. (Дар телефон) Лаббай! Ҳа, падар, шумоед?! Ҳозир маро дидан мехоҳед?.. Хуб шудааст. Ман аввал як сари қадам ба идора мераваму баъд зуд ба наздатон мерасам. Шумо аз идораи мо гап зада истодаед? Ҳозир расида меравам. Бо Зулфия гап мезанед? Не... Ҳа, ин гапатон тамоман дуруст... (Гӯшакро ба ҷояш мегузорад. Зулфия ҳайрон). Зулфияҷон, ҳайрон нашавед... Устод мехоҳанд, ки аввал худатонро бубинанду бо унвон табрик намоянд, баъд рӯ ба рӯ нишаста, ҳолпурсӣ кунанд. Фаҳмидед?
3улфия. Фаҳмидам. Аммо дар аввал тарсидам, ки чаро бо ман гап задан намехостаанд...
Адолат. Худашонро нашиносонданд. Овозашон дигар буд...
Шариф. Тарсиданатон асос надорад. Чунки ҳиссиёти баландро бо телефон ифода кардан мушкил аст. Падарон мехоҳанд, ки бо фарзандонашон рӯ ба рӯ сӯҳбат кунанд. Устодон шогирдони худро аз фарзанд кам намебинанд... (Баромада рафтанӣ мешавад.)
Адолат. (Ҷиддӣ) Калиди мошинро монда равед!
Шариф. (Механдад) Бубахшед, хонуми мӯҳтарамаи ман, ки онро нагирифтаам. Куҷое пинҳон карда бошед – аз ҳамон ҷо ёфта метавонед. Узр мехоҳам, Зулфияҷон. Боз сӯҳбат мекунем. Бисёр хуб мешуд, ки ҳамин шабу саҳар Рауф омада мемонд...
3улфия. Кошкӣ ҳамин тавр мешуд. Ман ҳам ӯро дида мерафтам. Рауфро дар ҳақиқат ҳам пазмон шудаам.
Шариф. Ба Рауф телеграмма медиҳем.

Шариф меравад. 3улфия бо тааҷҷуб ба Адолат менигарад. Овози мусиқӣ рӯҳияи Адолатро ифода карда, ба суруди вай табдил меёбад.

3улфия. (Бо сӯзу гудоз). Ин чӣ гуна муносибат, Адолат!?
Адолат. (Оҳи сард мекашаду месарояд):

Надорам дар ниҳоди хеш акнун ҷуз пушаймонӣ,
Вале ту аз ғами ман зарраеро ҳам намедонӣ!
Забонам дар ҳузури ту дар ин дам лол мебошад,
Ҳавои рӯзгорамро ғуборе ҳаст, то донӣ...
Худам кардам барои худ, худам бояд ҷафо бинам.
Намехоҳам, ки бошӣ ту даме андар парешонӣ.
На ҳар як номи некӯ соҳиби некӯи худ дорад,
На ҳар як одаме шоиста худ бар номи Инсонӣ!

П а р д а







« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »