Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ ЯКУМ

НАМОИШИ ЯКУМ



Парда бардошта мешавад. Айвони хона. Дар гӯшае столи хурд. Аҳмадзода он ҷо нишаста, зуд-зуд чизе менависад. Гоҳ сар бардошта хаёл мекунад ва боз менависад. Гоҳ сатри навиштаашро хат мезанаду аз сари нав менависад. Шарофат мактуб гирифта меояд.

Шарофат. Дадеш, мактуб!
Аҳмадзода. (Аз кораш сар бардошта) Ҳозир вақти хатхонӣ набуд-ку... Хайр, ба ман диҳед. Ба димоғам бӯи кӯҳистон омад. Ин албатта мактуби Рауф аст!
Шарофат. (Хатро дар даст бозӣдоронда) Не, наёфтед.
Аҳмадзода. Хуб, аз кист?
Шарофат. Аз Зулфия Нусратшоева... Духтари дарвозиатон!
Аҳмадзода. Дидед, бӯи кӯҳистонро ҳис карда тавонистам...
Шарофат. (Хандида) Охир, Шумо дили тилисмкушо доред!
Аҳмадзода. Маро хело баланд бардоштед. Мабодо аз худ наравам?!
Шарофат. Дер шуд.
Аҳмадзода. Ман аз бедарак шуда рафтани Рауф хавотир...
Шарофат. Худатон ба вай хат нависед. Сабаб пурсед.
Аҳмадзода. Ин маслиҳати нек. Як кори таъҷилӣ дорам. Агар ба ҳамон хотима гузорам, албатта хат менависам. Оҳ, ҷонам!

Агар аз илми олам баҳра бурдам,
Ба шогирдони худ онро супурдам.
Ривоҷи корашонро ҷони ман хост,
Шабу рӯзам ба фикру ёди онҳост...

(Хаёл мекунад)

Якашро номи Инсон бас азиз аст,
Якашро шӯҳрату шон бас азиз аст.
Якаш бошад, – паи беҳбудии худ
Фурӯшад дӯстро, устодро зуд!

Шарофат. Монанди Обид.
Аҳмадзода. Ёфтед...

Худашро бинаду олам набинад,
Бузургии дигар одам набинад.
Набошад мансабат, ку эҳтиромаш?!
Саломат медиҳад чун бар ғуломаш...

Шарофат. Аҷоиб одам ҳастед. Фақат шеър мехонед.
Аҳмадзода. Магар ин шеър буд?.. Ба хаёлам, ин забони андешаҳои ман аст... (Давом медиҳад)

Фақат инсони комил мешудам ман,
Баҳоре мешудам, дил мешудам ман...

Шарофат (Тоқат накарда). Азизам, хатро кушоям?
Аҳмадзода. Сонитар. Бояд ҳозир хавоси ман парешон нашавад. Кас намедонад, ки вай чиҳо навиштааст... (Кисаҳояшро даст-даст мекунаду ба занаш менигарад.) Як сигорет диҳед.
Шарофат. Магар хоб дидед?
Аҳмадзода. Танҳо ду дуд мегирам.
Шарофат. Як дуд ҳам мумкин нест. Худатон ба Насимхон чӣ ваъда дода будед?
Аҳмадзода. Ба вай намефаҳмонем. Охир, як ҳафта шуд, ки накашидаам. Аз амраш набаромадам, тоқат кардам... Агар фаҳмад ҳам, ҷияни худамон-ку... (Занги дар. Шарофат меравад.) Уф-ф... (Аз ҷо мехезад.) Шояд каси занг задагӣ зани ҳамсоя бошад. Агар вай бошад, барои даҳ сигорет кашидан вақт мерасад. (Аз даруни коғазҳо як дона сигорет мегираду ба лаб мегузорад. Шарфаи пой шунида мешавад. Сигоретро зуд пинҳон мекунад.) Афсӯс, ки зани ҳамсоя набудааст.
Шарофат. (Баргашта) Мана, мактубро гиред. Маро ҳамсоя даъват кардааст. Шумо сигорет кофта, худатонро овора накунед. Ман онҳоро сахт пинҳон кардаам.
Аҳмадзода. (Ботинан болида) Не, ки гуфтед, не. Хавотир нашавед. То омадани Шумо ман ба ин мақола нуқта мегузорам.
Шарофат. Дар термос кофе ҳаст.

Шарофат меравад. Аҳмадзода сигоретро мегиронаду ба ҳаво дуд сар медиҳад... Қадам мезанад. Худашро сабук ҳис мекунад... Боз паи ҳам дуд мегираду ба ҳаво сар медиҳад.

Аҳмадзода. Раҳмат ба зани ҳамсоя! Аз хумори сигорет қариб торс кафида будам... Охир, он мақолаи ҷанҷолӣ сарамро ба дард овард. Ӯббо, Турсунхӯҷа-е... Обидро задаву кӯфта, номзади илм кунонд. Ба мудирии аспирантура тавсия кард. Акнун шогирду устод мақола менависанд. Маро масхара карданӣ мешаванд... Ҳамаи хондагиҳо ба онҳо лаънат гуфтанд, ба ман не... Ҷавоби ман ҳам чоп мешавад. Канӣ, бинем... (Ба сари кораш нишастанӣ мешавад. Занги дар. Ба соаташ нигоҳ мекунад) Маърифат омад.

Аҳмадзода мераваду баъди лаҳзае ҳамроҳи Маърифату Шохалил бармегардад.

Маърифат. Устод, ман фақат қисми корамро овардам.
Аҳмадзода. Майлаш. Марҳамат, шинетон. (Ҳама менишинанд. Аҳмадзода аз дасти Маърифат дастхатҳоро мегирад.) Ҳамааш ҳамин?
Маърифат. (Аз сумкааш картатека мебарорад). Картатекаро ҳам диданӣ будед... (Медиҳад.)
Аҳмадзода. (Ба Шохалил табассумкунон). Ин касро ман даъват кардаам. Шумо бо кадом хизмат омадед?
Шохалил. Ман ҳам як қисми корамро овардам.
Аҳмадзода. (Механдад). Шумо аспирант нестед-ку!
Шохалил. Ман студентатон. Кори ман овардагӣ аз кори ин кас зӯртар...
Аҳмадзода. Шеър овардед, ки нишон диҳед?
Шохалил. Ҳам шеър овардаму ҳам манбаи шеърро.
Аҳмадзода. Манбаи шеър?
Шохалил. Ҳа, муаллимҷон. Ана, ин аспиранткаатонро аз чашмони бади мардум ҳимоякунон овардам. (Аҳмадзода ва Маърифат завқкунон механданд.) Бовар кунед, устод. Ҳар касе, ки ба ин шогирдатон бо меҳр менигарист, ман ба вай бо қаҳр таҳдид мекардам... Чашмашон нарасад, гуфта тарсидам.
Маърифат. Ташаккур! Аз инаш худам бехабар мондаам.
Аҳмадзода. Шохалил, то инҳоро дида баромадани ман, Шумо шеъратонро ба манбаи шеър хонда истед.
Шохалил. Шеър дар бораи худи ҳамин кас бошад чӣ?
Маърифат. Дар бораи ман?
Шохалил. Аҷаб нест.
Аҳмадзода. Боз беҳтар.
Шохалил. (Шарм дошта) Не, хонда наметавонам. Ба худашон хонда наметавонам.
Маърифат. Барои чӣ?
Шохалил. Шарм медорам...

Занги телефон. Аҳмадзода аз ҷо хеста, ба он тараф меравад. Телефон аз назари тамошобин пинҳон аст. Шохалил ду-се коғази картатекаро гирифта диданӣ мешавад. Маърифат онҳоро гирифта, ба ҷояш мегузорад. Аҳмадзода баргашта меояд.

Аҳмадзода. Маърифат, картатекаатонро баред. Дидам, дилам пур шуд. Ин қисми коратонро монда равед, ки ман бо диққат хонда бароям.
Маърифат. Хуб шудааст, устод.
Аҳмадзода. Ин телефон аз газета буд. Мақоларо мепурсанд. Ҳанӯз анҷом наёфтааст. Узр мехоҳам, ки сӯҳбат карда натавонистем.
Шохалил. Устод, ман шеърамро ҳамроҳи сарчашмааш гирифта барам-мӣ?
Аҳмадзода. (Хандида) Ин дафъа ба Шариф Исматӣ нишон диҳед.
Шохалил. Дафъаи дигар боз назди худатон меорам.
Аҳмадзода. Марҳамат, марҳамат.
Маърифат. (Равон шуда) Духтур Насимхонро дида будем. Он кас ба район париданд. Гуфтанд, ки ҳамин хабарро ба Шумо расонем.
Аҳмадзода. Ташаккур.

Маърифат ва Шохалил мераванд. Аҳмадзода ба сари кораш мешинад. Қаламро мегираду ба навиштан сар мекунад. Сатрҳоро бо овози баланд гуфта, менависад. "Талаботи Партия, талаботи замон он аст, ки мо ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ диҳем. Таълимро дар мактабҳои шаҳру деҳот дар як дараҷаи баланд ба роҳ монем...". Баъд хомӯшона менависад. Нуқта мемонаду аз ҷо хеста, коғазҳоро ба тартиб меорад. Шарофат меояд.

Шарофат. Хуб кофтед?
Аҳмадзода. Не. Маърифат ва Шохалил омаданд. Телефон шуду онҳоро боодобона "пеш" кардам...
Шарофат. Мактуби Зулфияро хондед?
Аҳмадзода. Ҳозир. (Хатро гирифта ба Шарофат дароз мекунад.) Марҳамат, шумо хонед, ман гӯш мекунам.
Шарофат (Хатро кушода). Бӯи дуд... Шумо аз набудани ман фоида бурда, сигорет кашидаед. Росташро гӯед!
Аҳмадзода. И-и-ӣ. Ман онро аз куҷо мегирифтам?
Шарофат. Хайр бӯи дуд аз куҷост?
Аҳмадзода. (Бепарвоёна). Шояд ягон роҳгузар папироскашон гузашта бошад.
Шарофат. Дар берун ман ин бӯйро ҳис накардам.
Аҳмадзода. Хатро хонед.
Шарофат. (Хатро аз пеши назар гузаронда) Аввалаш фақат салому эҳтирому аҳволпурсӣ... (Мехонад.) "...Устоди меҳрубон! Ман дар назди Шумо гунаҳгорам. Бисёр мехостам, ки ба ҷашни Шумо расида равам. Аммо ҳаво бад шуду самолёт напарид. Ба хона оям, шавҳарам қариб аз дар намонда буд. Вай гуфт, ки қадри устодро намедонеду ҳаво баҳона. Агар ман мебудам. пиёда рафта мерасидам..."
Аҳмадзода. (Хандида) Аз он қадар роҳ пиёда омаданро ҳам як тасаввур карда бинед.
Шарофат. Ба ҳар ҳол, шавҳараш марди наҷиб будааст.
Аҳмадзода. Бале. Аммо мардро наҷиб мекардагӣ ҳам зан аст! Давомашро хонед.
Шарофат. Беҳтараш худатон хонед. Ман дар ошхона кори зиёд дорам.
Аҳмадзода. Майлаш. (Шарофат хатро медиҳаду меравад. Аҳмадзода ба хат чашм медӯзад. Овози Зулфия шунида мешавад.) "...Устоди азиз! Худатон медонед, ки касби муаллимӣ осон нест. Кас бо соҳибони ояндаи ҳаёт сарукор дорад. Аммо баъзе муаллимон бо дониши дар институт гирифтаашон қаноат карда, бо дипломашон фахр мекунанду барои баланд бардоштани савияи донишашон саъй намекунанд. Ҳатто ба журналҳои барои фанни худашон дахлдор обуна намешаванд... Баъзан ба райони мо ҳам аз Вазорат намояндаҳо меоянд. Аммо на ҳамаи онҳо ба дарси муаллимон даромада, камбудиҳоро ошкор мекунанд. Кас баъзан онҳоро дида гумон мекунад, ки фақат барон саёҳат омада бошанд. Шояд, ки ба мактабҳои олӣ дохил шуда натавонистани аксар бачаҳои қишлоқ ба ин даъвои ман гувоҳ шуда тавонад!.." (Аҳмадзода бо хаёл аз ҷо мехезад.) Гувоҳ шуда метавонад... Дилаш месӯзад, ки ба муаллими пираш ҳасратномае навиштааст.

Шариф Исматӣ даромада меояд.

Шариф. Салом, падар!
Аҳмадзода. Салом. Биёед!
Шариф. Омадам. Ин чӣ?
Аҳмадзода. Мактуби Зулфия. Аҷоиб навиштааст.
Шариф. (Лутф карда) Шогирдони Шумо бад наменависанд... Ман бо як хоҳиш наздатон омадам.
Аҳмадзода. Чӣ хоҳиш будааст?
Шариф. Мошинатонро муваққатан диҳед. Ба ҷое зуд рафта омадан зарур шуда монд.
Аҳмадзода. Мошини худатон канӣ?
Шариф. Каме вайрон шудааст.
Аҳмадзода. Шумо ягон бор дида будед, ки ман ба касе мошин дода бошам?
Шариф. Не, надидаам.
Аҳмадзода. Ана ҳамин ҷавоби ман ба хоҳишатон. Мошини худро зуд соз кунед.
Шариф. (Сарашро хорида) Дар ин ҷо дигар сабабҳо ҳам ҳаст-дия... Афсӯс, ки ҳоло мавриди гуфтан не... Ман одати шуморо хуб медонистаму боз як таҷриба карда дидам, ки...
Аҳмадзода (Хандида)... нашуд.
Шариф. Ҳа, нашуд. Ноилоҷ аз муҳаррир мепурсам-дия. Ман намехостам, ки вайрон будани мошинаи моро он кас донанд... Хуб, мақоларо диҳед барам. Пурсида истода буданд.
Аҳмадзода. Ҳамроҳ меравем. Мошин, ки пурсида омадед, як бор шофёратон шавам...
Шариф. Ташвиш накашед.
Аҳмадзода. Баъзе ҷойҳои мақоларо ҳам мефаҳмонам.

Аҳмадзода ва Шариф аз дар мебароянд. Овози ғурриши мошин. Шарофат аз хона тозон мебарояд. Китф дарҳам мекашад. Гашта рафтанӣ мешавад. Дар ҳамин фурсат Адолат бо писараш даромада меояд. Шарофат онҳоро намебинад. Сарват тозон рафта, ба гардани модаркалонаш мечаспад. Шарофат метарсад.

Сарват. Бибиҷон, ассалом.
Шарофат. Ассалом! (ӯро мебӯсад.) Маро гурдакаф кардӣ-е...
Сарват. Гурдакафаш чӣ, бибиҷон?
Адолат (Механдад). Бибиҷонатро сахтакак тарсондӣ, писарам... Салом, модар!
Шарофат. Салом. Барои чӣ насулфида даромадетон?
Сарват. Агар сулфаамон наомада бошад чӣ?!
Шарофат. Ҳамин тавр, сулфаи бардурӯғ-дия, ҷонакам.
Сарват. Ӯҳӯ. Ман ҳаргиз дурӯғчӣ шудан намехоҳам.
Адолат (Сари писарашро сила карда). Офарин, ҷони модар!
Сарват. Худатон-ку, чанд бор телефон шуд, ба ман гуфтед, ки "модарам дар хона нестанд гӯй".
Шарофат. Сарватҷон, ту ҳам ҳамин хел ҷавоб додӣ?
Сарват. Барои чӣ?! Ман фақат росташро мегӯям. Дар мактабамон ҳам дурӯғ намегӯям.
Шарофат. Қандата зан, баччекам. Модарат туро санҷидагӣ...
Сарват. Худашон ҳам гуфтанд... Аммо як маротибааш қариб аз гӯш ҷудо шуда будам.
Адолат. Пиджаки сиёҳаш дар ин ҷо мондааст. Имрӯз дар мактаб ким-чӣ хел ҷамъомади пионерӣ будааст. Ҳамонро бароварда диҳед, модар!
Сарват. (Ноз карда) Як плитка шоколади ваъдагиатонро ҳам бароред, бибиҷон!
Шарофат. Ҷонам катӣ... (Меравад.)
Адолат. (Сари писарашро дар канор гирифта) Ягонаи ман!
Сарват. Ягонаи падарам ҳам...
Адолат (Оҳ кашида). Ҳа, ягонаи падарат ҳам...
Сарват. Ягонаи бибию бобоҷонам ҳам.
Адолат. Ҳа, ягонаи ҳамаамон ту ҳастӣ!..
Сарват. Бисёр таъриф мекунед. Агар ягонта ягонаи дигар мехаридед, таърифро баробар тақсим мекардем.
Адолат. Ҳа шайтон!
Шарофат (Мебарояд). Мана, ин шокалади ваъдагӣ. Ана ин пиджакат...
Сарват (Онҳоро гирифта). Раҳмат, бибиҷон! (Аз рӯи Шарофат мебӯсад.) Ман рафтам! (Тозон баромада меравад).
Адолат. (Нохост) Шариф наомада буд?
Шарофат. Омада буд... Овозашро шунидам.
Адолат. Ягон гап зад?
Шарофат. Чӣ?
Адолат. Дар бораи ман ягон гап назад?
Шарофат. Ман наздашон набудам. Ҳар чӣ гуфта бошад, – ба падарат гуфтагист. Ман овози мошинро шунида баромадаму шумоён ҳам омадед... Чӣ, байнатон ягон гап гузашт?
Адолат. Не. Ҳамин тавр пурсидам.
Шарофат. Росташро гӯй. Оҳанги пурсиданат дигар хел ба гӯшам расид...
Адолат. Ин дар ба дару завод ба завод гаштанҳояш ба дилам задааст. Кошкӣ дар роҳаш рост гардад. Мақолаву очерк менависам, гуфта... Ман ӯро мошинсавор карда монаму... Музди кораш папироспулиаш намешавад...
Шарофат. Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Ман намефаҳмам...
Адолат. Шаб нест, саҳар нест... Ҳама вақт он кас дар сафар.

Ғурриши мошин ба гӯш мерасад.

Шарофат. Падарат омаданд.
Адолат. Хайрият шуд. Ман ба он кас гап доштам.
Шарофат. Чӣ гуфтани Шарифатро ҳам фаҳмида мегирӣ.
Аҳмадзода (Даромада).

Духтари ширинаки ман, ассалом,
Моҳаку парвинаки ман, ассалом!

Адолат. Салом, дада! Вай омада будааст?!
Аҳмадзода. Кӣ?
Адолат. Домодатон.
Аҳмадзода. Ҳа, омада буд. Ман ҳозир бурда мондам.
Адолат. Чиҳо гуфт?
Аҳмадзода (Хавотир). Ҳеҷ чиз нагуфтааст. Фақат мошин пурсид, ки ман надодам.
Адолат. Агар медодед, ман хафа мешудам.
Аҳмадзода. Мошини худатон вайрон шудааст...
Адолат. Дурӯғ. Ман калидро ба вай надодам.
Аҳмадзода. Барои чӣ?
Адолат. Сабабҳои бисёре дорад. Фақат ба худатон мегӯям.
Шарофат (Ранҷида). Аз ман рустӣ будааст-дия... Хайр, мана ман рафтам! (Меравад. Духтару падар танҳо мемонанд.)
Адолат. Ман ҷудо мешавам!..
Аҳмадзода. (Бо ҳайрат) Дар кадом асос?!
Адолат. (Гиряолуд) Пештар мешунидам, ки вай духтаронро дар паҳлӯяш шинонда, сайр мекунондааст, ҳатто ба районҳо мебурдааст... Ман ба он гапҳо аҳамият намедодам...
Аҳмадзода. (Хандида) Аҷоиб... Аҷоиб! Доцент ҳам рашк мекардааст.
Адолат. Магар доцент одам нест? Дил надорад?
Аҳмадзода. Дорад. Давомаш!
Адолат. Се рӯз мошинаи моро дар назди ҳавлии як бевазан дидаанд. Вай дар кадом фабрика кор мекардааст. Се рӯз паи ҳам ба он ҷо рафтааст. Инро як муаллимаи худамон дидагӣ. Аз худаш пурсам, механдад. Фақат корашро баҳона мекунад. Имрӯз Обид ҳам ҳамин гапро гуфт.
Аҳмадзода. Обид, Обид!.. Гапи ҳамон ҳам гап шуд? Ба як одами ноустувори дурӯя бовар кардӣ? Ман ба ту ҳайрон мешавам...
Адолат. Гапи муаллима чӣ? Вай муаллимаи худамон. Ба ман дурӯғ намегӯяд.
Аҳмадзода. Дар бораи он зан очерк менавистагист.
Адолат. Магар барои як очерк се рӯз мераванд. Он зани бева ниҳоят хушрӯй будааст.
Аҳмадзода. Даҳ рӯз ҳам мераванд... Як моҳ ҳам мераванд... Он зан фарзанд доштааст?
Адолат. Доштааст. Ин чӣ аҳамият дорад... Ман дигар тоқат карда наметавонам.
Аҳмадзода. Саросема нашав. Ман ҳамон муаллима ва ҳамон занро мебинам. Бо Шариф сӯҳбат мекунам. Баъд хулоса мебарорем.
Адолат. Ман бо одами нопок зиндагонӣ намекунам.
Аҳмадзода. Нопокии вай ҳанӯз исбот нашудааст. Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан! Ба гапи Обид ва кадом муаллима бовар карданат маро ба ҳайрат мемонад. Эҳ, доцент! Духтари профессор!..
Адолат. Ба ҳар ҳол, аз ду одам шунидам.
Аҳмадзода. (Омирона) Аз сад кас шунавӣ ҳам, санҷида бин, исбот кун! Ҳоло тоқат кун! Ин амри ман аст! (Шарофат мебарояд.) Гапи ман ҳамин!.. (Шарофат ба онҳо бо ҳайрат менигарад.)

Охири намоиш





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »