Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

БАЪДИ ИМТИҲОН - ПАРДАИ ЯКУМ

ПЕШСАҲНА




Пешсаҳна ба шакли долон ё роҳи гузар аст. Шохалил ин тарафу он тараф қадам зада, чизеро зери лаб такрор мекунад. Дар даст дафтарча ва қалам дорад. Гоҳо дар як ҷо истода, ба дафтарча чизе менависад. Боз чизеро зери лаб такрор карда, ҳаракат мекунад. Саҳари бармаҳал аст...

Шохалил (Худ ба худ). Намешавад... Набаромада истодааст. Мехостам, ки имрӯз ба муаллим нишон диҳам. (Хаёл мекунаду зуд ба дафтарчааш менависад.) Ба назарам, акнун беҳтар шудагӣ барин. (Боз қадам мезанад.) Не, не... Ин хел гуфтан ҳам хуб нест. Ҳайҳот! Ҳайҳот, ки ба ҷои калла кадуро бардошта гашта будаӣ, Шохалил!.. Агар ҳамин ду бандаш нағз мебаромад, шояд ки муаллим ба чопаш тавсия мекарданд...

Аз як тараф дар даст ҷомадончаи хурде Насимхон мебарояду гузашта рафтанӣ мешавад. Шохалилро мебинаду барои мулоқот меистад. Онҳо дастӣ мулоқот мекунанд.

Насимхон. Ин қадар барвақт дар даст қаламу дафтар гаштаед, Шохалил?! Магар илҳом меҷӯед?
Шохалил. Не-е... Шеър ёд карда гаштаам. Худатон ҳам аз каллаи азон роҳи кадом сафарро пеш гирифтагӣ барин-ку...
Насимхон. Ҳамин тавр шуда монд. Аз духтурхонаи Ванҷ таъҷилӣ даъват кардаанд. Намедонам, ки чӣ шуда бошад... Вазифаи мо ҳамин. Рафтан шарт аст.
Шохалил. (Оҳ кашида), Ба диёри мо меравед, духтур. Агар имконият медоштам, ҳамроҳатон мерафтам.
Насимхон. Марҳамат, меравем... Бегаҳ баргашта меоем.
Шохалил. Агар дарс намебуд-ку... Ҷон мегуфтам. Хайр, ба муаллимаи ман салом мегӯед. Шохалил зиндаву саломат гаштааст, мегӯед.
Насимхон. Кадом муаллимаатон? Дар Ванҷ муаллимаҳо бисёр.
Шохалил. Муаллимаи ман якта. Он касро ҳама мешиносанд.
Насимхон. Магар ном надоранд?
Шохалил. Доранд... Нусратшоева! Зулфия Нусратшоева!..
Насимхон. Хуб шудааст. Албатта саломатонро мерасонам.

Насимхон табассум мекунаду равон мешавад. Аз пеши роҳ Маърифат мебарояд. Насимхон ба вай бо меҳр таъзим мекунад. Маърифат хандида ба салом даст медиҳад. Шохалил бо ҳисси ҳасадбарӣ ба онҳо менигарад.

Маърифат. Салом, духтур!
Насимхон. Салом. Ин саҳар бо дасти рост хеста будаам...
Маърифат. Магар пештар бо дасти чап мехестед?
Шохалил. (Аз ҷои истодааш) Пештар, ба назари ман, ки бо пои чапашон мехеста бошанд.
Маърифат. (Шохалилро мебинаду механдад) Салом Шохалил! (Ба Насимхон) Бо дасти рост хестанатонро ба кадом маъно гуфтед, духтур?!
Насимхон. Шуморо дидам. Шуморо пеш аз сафар дидам, ки ин нишонаи нек гузаштани рӯз асту бахайр анҷом ёфтани сафар!..
Маърифат. Сафаратон бахайр гузарад. Дардманди Шумо медидагӣ ҳам зуд шифо ёбад!
Насимхон. Ташаккур! Ҳоло Шумо куҷо рафта истодаед? Агар хоҳед, ҳамроҳ мебурдам, тамошо карда меомадед.
Маърифат. Ман назди устод меравам. Даъват кардаанд.
Насимхон. (Чизе ба ёдаш расида) Воқеан, ман мебоист имрӯз назди он кас равам. Бемалол бошад, ба район рафтани маро ба он кас гӯед. Кӣ медонад, ки ҳаво чӣ гуна мешавад...
Маърифат. Мегӯям.

Насимхон ва Маърифат ба ду тараф баромада мераванд. Шохалил мемонад.

Шохалил. Агар ман се сол паи ҳам аз имтиҳони қабул намеафтодам, ҳоло шояд монанди Маърифатхон аспирант мебудам... Одами восита мешудагӣ надоштам-дия... Хайр, дар се сол се ҳунар омӯхтам-ку!.. (Ба дафтарча ишора карда.) Аммо, ана инаш мушкил будааст. (Аз дафтарча бо ҳарорат мехонад):

Чун надорам ман камию костӣ,
Маслиҳатгир аз рафиқон мешавам.
Лутф мехоҳад дилам аз ростӣ,
Бо ҳамин мақсад ба ҳар сӯ медавам...
Орзӯи тӯй дорад Шохалил,
Дилбари хушрӯй дорад Шохалил.

А? Чӣ навиштаам?.. Канӣ ҳамон дилбари хушрӯй?!.. Воқеан, Маърифатхон чӣ... (Ба тарафи Маърифат рафтагӣ нигоҳ карда мемонад.) Ӯҳҳӯ, бинед, кӣ меояд... Обид Саидов. Як портфел илм... Ҳамроҳи муаллима гап дода меояд... Вай киро ғайбат мекарда бошад-а.... Ҳозир мефаҳмем.

Шохалил пинҳон мешавад. Обид ва Адолат ба саҳна мебароянд.

Обид. Тамоми гапҳои ман рост.
Адолат. Шояд.
Обид. Ба ман бовар кунед! Се маротиба дидам. Мошинатон фақат дар як ҷои муқаррарӣ меисгод. Он зан бисёр хушрӯй...
Адолат. Дар ин бора шунида будам.
Обид. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Охир, Шумо мошинро ба ихтиёраш дода мондаед...
Адолат. Он кас мухбир. Назди қаҳрамонҳояшон мераванд...
Обид. Назди як қаҳрамон як бор мерафтагистанд... Ба ин тарафи масъала ҳам аҳамият диҳед. Боре ман хоҳиш кардам, ки дар бораи ман нависад, нанавишт. Чунки аз ман чӣ мегирад... Он зан базеб, бешавҳар... Эҳтиёт шавед, ки Шуморо партофта тамоман ба хонаи вай наравад.
Адолат. Бас кунед! Гӯшам ба дард омад.
Обид. Ана, бас кардем. Ман фақат хайрхоҳи Шумо ҳастам.

Обид меравад. Адолат хаёл карда мемонад.

Адолат. Наход?! Наход, ки ҳамин тавр шавад?!.. Ҳатто Обид дар ин бора гап зад. Гапи яке дурӯғ бошад, гапи дигаре рост будагист. Болои сӯхта – намакоб!..

Адолат меравад. Шохалил пайдо мешавад.

Шохалил. Оҳ, боз як моҷаро!.. Бечора Шариф Исматӣ... (Меравад.)




МУНДАРИҶА | Идома »