Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ЗАМИНИ МО АҶОИБ НОЗАНИН АСТ!



Заминро – осмон гуфтан нашояд,
Ки ҳастии Замин аз осмон нест.
Заминро тахт донистан бибояд,
Ки ҳуснаш ғайри дасти одамон нест!

Заминро – Осмон! – гуфтан нашояд,
Ки он бо номи некӯяш: – Замин аст!
Баҳор ояд, дар он ҳар гул кушояд,
Замини мо аҷоиб нозанин аст!

Муҳаббат ҳам,
Садоқат ҳам заминист,
Ҳавои осмонгардӣ ҳам аз ӯст.
Нарав, эй ёри зебо,
Андаке ист, –
Муҳаббатгоҳи ман, охир, дили туст!

Заминро – Осмон! – гуфтан нашояд,
Заминро бӯса кардан месазад хуб.
Замин оинаи дил мекушояд,
Ки баҳри зодагонаш ҳаст маҳбуб!

Сабоҳи зиндагонии далерон
Дурахшон буд аз азми мунаввар.
Дурахшон бод роҳи неки ёрон, –
Зафарҳо оваранд онҳо ба кишвар!

Заминро – Осмон! – гуфтан нашояд,
Ки он бо номи некӯяш – Замин аст!
Баҳор ояд – дар он ҳар гул кушояд…
Замини мо аҷоиб нозанин аст!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »