Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ОКТЯБР – КАЛИДИ КОИНОТ



Октябр – нури иқболи башар,
Октябр – шӯълаи субҳи ҳаёт.
Октябр – кошифу бунёдгар,
Оrтябр – ин калиди коинот.

Октябр наҷми истиқболи мост,
Он бувад сарпардаи тори вуҷуд.
Октябр – дӯстии халқҳост,
Ҳам муҳаббат,
Ҳам садоқат,
Ҳам суруд.

Бонги "Аврора" даме огоҳ кард,
Ки ҳаёти тозабунёде расид,
Аз дили мардум бирафт андӯҳу дард,
Дидаҳо рахшон бигаштанд аз умед.

Мардуми бехона соҳибхона шуд,
Одами ночиз Одам шуд аз он.
Аз тулӯаш кӯҳна ҳар афсона шуд,
Сарзамини мо ҷавон шуд ҷовидон.

Ассалом, эй қудрати беинтиҳо,
Ассалом, эй Октябри нурбор.
То ҷаҳон боқист – ҳастӣ бобақо,
Пойдорӣ,
Пойдорӣ,
Пойдор...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »