Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

РӮЗИ ТАВЛИДАТ МУБОРАК

Ба Армияи Советӣ

Рӯзи тавлидат муборак, посбони рӯзгор,
Рузи тавлидат муборак, лашкари овозадор.
Халқи ту дар рӯзи идат шодкомӣ мекунад,
Хушнасиму хуштароват аз ту мебошад баҳор.

Додаӣ қурбонии бисёр дар роҳи наҷот,
Ҳастӣ акнун муттакои зиндагии пурнишот.
Буда бобоён, падарҳову бародарҳои мо
Дар сафи ту... Мекунем имрӯз кашфи коинот.

Ҳар қудумат гул бирӯёнад барои дӯстӣ,
Ростӣ ҳам аз ту омад ибтидои дӯстӣ.
Мақсади ту, матлаби ту сулҳу осоиш бувад,
Сулҳу осоиш бувад, охир, бақои дӯстӣ.

Буд рӯзе, ки ҷаҳондорон ҷаҳон мехостанд,
Аз барои халқ ҷабри беамон мехостанд.
Лек омад Инқилобу корашон дӯлоб шуд,
Корашон дӯлоб гашту боз ҷон мехостанд...

Дар миёни кӯҳ оҳанге танинандоз шуд:
Роҳи фардои муқаддас баҳри мардум боз шуд.
Шӯру шар як сӯй монду монд истеҳкоми дил,
Оташи меҳру вафо ҳар сӯй дар парвоз шуд.

Нақшаи марди бузурге шуд бароят дастгир,
Ки аз он шуд қувваи бозӯву дастат беназир.
Бар сари хасмони кишвар сахту маҳкам кӯфтӣ,
Ки аз он тобид бар сарҳои мо шамси мунир.

Ту нигаҳбони замину осмони кишварӣ,
Зодаи халқи азизиву саодатпарварӣ.
Бар сарат Партия чун дасти муҳаббатро гузошт,
Аз шукӯҳи амну истиқлол лаззат мебарӣ.

Чун замоне гашта бо зарбу тавони ту шинос –
Хонумонсӯзони олам аз ту доим дар ҳарос.
Сафҳаи таърихи дунё пур зи авсофи ту шуд,
Ки ҳимоят кардани амну ҳақиқат бар ту хос.

Рӯзи тавлидат муборак, посбони рӯзгор,
Рӯзи тавлидат муборак, лашкари оламшумор.
Халқи ту дар рӯзи идат шодкомӣ мекунад,
Хушнасиму хуштароват аз ту рӯи навбаҳор.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »