УМРИ ТУ МИСОЛИ РӮД БОШАД (Дуэт)
Писар:
Дишаб, ки маҳи баланд хандид,
Бар сӯи ту дилписанд хандид.
Чашмони ту аз дари хаёлам
Бар ошиқи мустаманд хандид.
Духтар:
Эй ошиқи мустаманд, бархез,
Шавқи дилу ҷон ба ҳам биёмез.
Бар қасди ҷавонҳои бадкеш
Гул дар сари роҳи маъшуқат рез.
Писар:
Умри ту мисоли рӯд бошад,
Ҳастии ту чун суруд бошад.
Дар роҳи ту ҷон бирезам, оре,
Дар он гули хушнамуд бошад.
Духтар:
Дишаб, ки маҳи баланд хандид,
Бар кӯи ту дилписанд хандид.
Чашмони ман аз дари хаёлат
Бар ошиқи баҳраманд хандид.
Ҳарду:
Дил додаму дил гирифтам аз ёр,
Шуд субҳи муроди ман мададгор.
Парвона шудам ба шамъи рӯят –
Ин меҳр бувад ҳаме бақодор.
*БО СУРУДИ ТОҶИКИСТОН ОМАДЕМ
Мо ба хоки поки Афғон омадем,
Бо суруди Тоҷикистон омадем.
Ассалом аз мардумони Шӯравӣ,
Наздатон шоду ғазалхон омадем.
Меҳмони мулки ёронем мо,
Ҳамдигарро дӯстдоронем мо.
Дар қудуми дӯст гулҳо во шуданд,
Растаҳову боғҳо зебо шуданд.
Дар қудуми дӯст пойандозҳо
Аз навою сози беҳамто шуданд.
Меҳмон бар мулки Афғон омадем,
Бо суруди Тоҷикистон омадем.
Тоҷикон ҳамраъю ҳамрози шумо,
Доимо мафтуни овози шумо.
Дӯстии байни мо пояндааст, –
Худ гувоҳаш сози мо, сози шумо.
Бар шумо аз сидқ дил бастем мо,
Меҳмони мулкатон ҳастем мо.