Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

КӮҲУ ДАРАҲО ШИНОСИ ДЕРИНААШОН (такрор)



Мардони наҷибанду сарафроз ҳама,
Доранд аҷоиб дили мумтоз ҳама,
Аз резаи санге бикашанд роз ҳама,

Мардони замонанд –
Кӯҳканонанд.
Бар мову ту ҷонанд,
Кӯҳканонанд.

Кӯҳу дараҳо шиноси деринаашон,
Сад меҳр бувад ба қалби бекинаашон,
Ҳар резаи санг гашта оинаашон, –

Мардони замонанд –
Кӯҳканонанд.
Бар мову ту ҷонанд,
Кӯҳканонанд.

Иқболи баланди ҳамаро хостаанд,
Аз умри азиз баҳри мо костаанд,
Бо сидқу вафо ҷони худ оростаанд...

Мардони замонанд –
Кӯҳканонанд.
Бар мову ту ҷонанд,
Кӯҳканонанд.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »