Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТАРОНАИ САДОҚАТ(Сюита)

1.
Он қадар ҳам пурсафову дилкашу зебо Ватан,
Баски маъвои ҳаёти беғубори мо Ватан.
Боғу роғашро зи ҷону дил нигаҳбонем мо,
Ҷӯши ғайрат, ҷӯши меҳнат, роҳати дилҳо Ватан.

Ҳар канораш як баҳору ҳар баҳораш беназир,
Сарбаландию шукӯҳи кӯҳсораш беназир.
Мавҷи дарё, авҷи саҳро ҳаст аз ҳастии он,
Дар садоқат мардуми пуриқтидораш беназир.

Мо дар оғӯши вафояш хушдилу осудаем,
Аз ҳавояш, аз навояш хушдилу осудаем.
Чун табиат кард атояш ҳусни бепардозро,
Аз атояш, аз бақояш хушдилу осудаем.

Он қадар ҳам пурсафову дилкашу зебо Ватан,
Баски маъвои ҳаёти беғубори мо Ватан.
Боғу роғашро зи ҷону дил нигаҳбонем мо, –
Ҷӯши ғайрат, ҷӯши меҳнат, роҳати дилҳо Ватан.

2.
Менамоем аз дилу ҷон корҳо,
Кишвари худро фидокорем мо.
Бишкуфад ҳар сӯ басо гулзорҳо,
Дасту бозуи қавӣ дорем мо.

Дар бағали ин диёр –
Бахти бақодори мост.
Ҳар ғазали ин диёр
Аз шарафи кори мост.

Шавқи мо аз меҳнати мардона аст,
Дар суруди мо ҳавои дӯстист.
Ин ҳаёти неки мо – фарзона аст,
Ҳар тараф ҳусну сафои дӯстист.

Дар бағали ин диёр –
Бахти бақодори мост.
Ҳар ғазали ин диёр
Аз шарафи кори мост.

Мо ба ҷон парвардаем сулҳу салоҳ,
То бигардад зиндагӣ дилҷӯйтар.
То ки аз имрӯзамон бошад пагоҳ
Хубтар, зебандатар, хушрӯйтар.

Дар бағали ин диёр –
Бахти бақодори мост.
Ҳар ғазали ин диёр
Аз шарафи кори мост.

Мо аз Ватани мӯъҷизапарвар ҳама нозем,
Аз кишвари фархундаву дилбар ҳама нозем.
Мо ҷониби фардои муқаддас чу равонем,
Аз халқи тавонову музаффар ҳама нозем.

Партияи Ленин ҳама ҷо роҳбари мо,
Партияи Ленин шарафи мо, зафари мо.

Ҷӯшад ба дилу пайкари мо хуни ҷавонӣ,
Аз фатҳу зафарҳо бикунад муждарасонӣ.
Фарзанди муборакдили ин давру замонем,
Бошад талабу мақсади мо сулҳи ҷаҳонӣ.

Партияи Ленин ҳама ҷо роҳбари мо,
Партияи Ленин шарафи мо, зафари мо.

Аз хасми бадандеша ягон тарс надорем,
Бар суди адолат ҳамаашро бисупорем.
Дар синаи моён ба ғараз ҷой набошад,
Баски зи раҳи халқ ҳаме пой гузорем.

Партияи Ленин ҳама ҷо роҳбари мо,
Партияи Ленин шарафи мо, зафари мо.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА