Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ДУШАНБЕИ БАҲОРОН (такрор)



Шаҳри дилбар, баҳори хушманзар,
Шӯҳрати беназир дорӣ ту.
Гаштаӣ ифтихори ин кишвар,
Некфарзанди кӯҳсорӣ ту.

Оҳ, Душанбеи баҳорон,
Ғолибу фирӯз ҳастӣ.
Партав аз Маскав гирифта,
Марҳаматомӯз ҳастӣ.

Субҳи нав дар канори ту хушрӯст,
Офтоби баҳор пошад нур.
Раставу кӯчаҳои ту дилҷӯст,
Сокинони ту сарбаланду зӯр.

Оҳ, Душанбеи баҳорон,
Марҳаматомӯз ҳастӣ.
Партав аз Маскав гирифта,
Ғолибу фирӯз ҳастӣ.

Рӯи оинасон басо софат
Бар дилу дидаҳо сафо пошад.
Кӯҳҳои базеби атрофат
Баҳри ҳусни ту ҳусн мебошад.

Оҳ, Душанбеи баҳорон,
Ғолибу фирӯз ҳастӣ.
Партав аз Маскав гирифта,
Марҳаматомӯз ҳастӣ.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »