Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТУ АЗ СУБҲИ САОДАТ НУР МЕГИРӢ!



Туро дар шавқи беандоза мебинам,
Туро шоду баландовоза мебинам.
Замину осмонро мекунӣ мафтун, –
Туро дар ҳар суруди тоза мебинам!

Диёрам, Тоҷикистонам, – баҳорам ту
Дили пурорзӯям, ифтихорам ту!

Ба тан аз меҳри Ленин зӯр мегирӣ,
Зи файзи Москва дастур мегирӣ.
Баланду сарфароз ин кӯҳсоронат,
Ту аз субҳи саодат нур мегирӣ!

Диёрам, Тоҷикистонам, – баҳорам ту
Дили пурорзӯям, ифтихорам ту!

Ба фардоят қадам бебок мемонӣ,
Дар олам шоду нусратнок мемонӣ.
Даруни хонадони дӯстӣ аз сидқ
Шарафманду саиду пок мемонӣ!

Диёрам, Тоҷикистонам, – баҳорам ту,
Дили пурорзӯям, ифтихорам ту!

Туро дар шавқи беандоза мебинам,
Туро поку баландовоза мебинам.
Замину осмонат мекунад мафтун,
Туро дар ҳар суруди тоза мебинам!

Диёрам, Тоҷикистонам, баҳорам ту,
Дили пурорзӯям, ифтихорам ту!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »