МАЪВОИ МО БОМИ ҶАҲОН
Мо ду ҷавони бахтёр,
Ду тозагул аз як баҳор.
Бошад суруди поки мо
Дар васфи халқу ин диёр.
Шодем аз ин давру замон,
Дорем аҷаб умри ҷавон.
Мо соҳиби бахти баланд –
Маъвои мо Боми Ҷаҳон.
Моро Ватан парвардааст,
Ин гуна доно кардааст.
Дар хизматаш мо содиқем,
Бар мо шараф овардааст.
Шодем аз ин давру замон,
Дорем аҷаб умри ҷавон.
Мо соҳиби бахти баланд –
Маъвои мо Боми Ҷаҳон.
Партия моро раҳнамост,
Ояндаи мо пурсафост.
Мо наслҳои Ленинем,
Дар қалби мо аҳду вафост.
Шодем аз ин давру замон,
Дорем аҷаб умри ҷавон.
Мо соҳиби бахти баланд –
Маъвои мо Боми Ҷаҳон.