ВАТАН
Бо хаёли одамони нек дилҳо мебарӣ,
Бо умеди мардумони пок гулҳо мебарӣ.
Бо суруди навҷавонони закии некном
Завқу шодии ҷаҳонро сӯи фардо мебарӣ.
Офтоби субҳи истиқбол метобад ба сар,
Менамояд рӯзгори тоҷиконро мӯътабар,
Хонадонн пиру барно аз ту бошад пуршарар,
Ҳар гиёҳатро шукӯҳ оварда, боло мебарӣ.
Аз дили ту, дар ту мерӯянд фарзандони ту,
Дар ҷамолат рӯи худ шӯянд фарзандони ту,
Ҳар кафи хокат чу гул бӯянд фарзандони ту,
Баски онҳоро ба фардои тавоно мебарӣ!
Номи некатро суруди зиндагӣ кардем мо,
Субҳи покатро барои ишқ парвардем мо,
Хандаатро бар дили тифлон даровардем мо,
Мавҷи умри ҳар якеро то сурайё мебарӣ.
Ҳастии ту – ҳастии боғу баҳори зиндагист,
Обрӯю иқтидорат – иқтидори зиндагист,
Ман бузургии туро бинам – шиори знндагист,
Ҳар куҷо бурдан бихоҳӣ – ҷони моро мебарӣ!
Дар ҷамолат рӯи худ шӯянд фарзандони ту,
Аз дили ту, дар ту мерӯянд фарзандони ту!