Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

СУРУД ВА ТАРОНАҲО БА ХАЛҚИ ЛЕНИН



Тоҷикону Тоҷикистон аз ту давлат ёфтанд,
Коми дилро аз ту диданду саодат ёфтанд,
Дӯстии ҷовидонро дар муҳаббат ёфтанд,
Бо ту пайвастанду дар ҳар кор нусрат ёфтанд,

Бар ту аз мо, халқи нусратовари рус, ассалом,
Аз диёри қуллаҳои осмонбӯс ассалом.

Дарси мардию вафоро аз ту мо омӯхтем,
Илму дониш баҳри фардои ҷаҳон андӯхтем,
Пояи зӯҳду риёро беамон чун сӯхтем,
Машъали Шарқи Советиро баланд афрӯхтем,

Бар ту аз мо, халқи нусратовари рус, ассалом,
Аз диёри қуллаҳои осмонбӯс ассалом.

Дар забони ту сухан гӯем бо халқи ҷаҳон,
Чунки бошад он забони дӯстии ҷовидон.
Халқи Ленини муаззам, аз ту миннатдор мо,
Дӯстон хонанд дар шаънат ҳазорон достон.

Бар ту аз мо, халқи нусратовари рус, ассалом,
Аз диёри қуллаҳои осмонбӯс ассалом.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »