Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ВАТАНИ НОМИИ САМАД ВУРҒУН



Ватани номии Самад Вурғун,
Ҳамдилу ҳаммароми тоҷикон.
Кардӣ аз ҳусни худ маро мафтун,
Чун шудам муддате туро меҳмон.

Меҳмонӣ?.. На меҳмонӣ буд,
Даъвати дӯстро пазируфтем.
Шод гаштему бо дили хушнуд
Чун баҳори диёр бишкуфтем.

Ба сафар мо шудем омода,
Сӯи ту болу пар баровардем.
Ҳамчу инсони бар ту дил дода
Тӯҳфаат меҳри синаро кардем.

Аз Душанбе, дили диёри ман
Раҳ гирифтем ҷониби Боку.
Шодию шавқи беканори ман
Буд танҳо ба фикру ёди ту.

Ватани номии Самад Вурғун,
Менамудем сӯи ту парвоз.
Ҳама будем аз ин сафар мамнун
Дар дили осмони рӯҳпардоз.

Шоири номдори мо Боқӣ,
Одами дилкушоди беамсол,
Ки ба ҳар тӯи мо бувад соқӣ,
Аз чӣ бошад, бигашт ғарқи хаёл...

Дар шаби тантана шудем огоҳ,
Вай ба номи ту шеър мегуфтаст.
Он хаёле, ки ӯ намуд дар роҳ –
Байни ҳар сатри дилкушояш ҳаст.

Вай парастори Озаристон аст,
Мо парастори Озаристонем.
Хоки мо – хоки Тоҷикистон аст,
Ду танему валек як ҷонем.

Ҳам Душанбеи мою ҳам Боку
Додарони ба ҳамдигар мафтун.
Тоҷикон мекунанд ҳурмати ту,
Ватани номии Самад Вурғун...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »