НАХУСТИН ЛОЛАИ ДАШТ АРМУҒОНИ ӮСТ
Сафои рӯзгори покамон – Модар,
Навои субҳи нусратнокамон – Модар,
Бақои ин само, ин хокамон – Модар,
Ҳавои кишвари бебокамон – Модар.
Сари таъзим назди модарон дорем,
Тани равшанзамире мо аз он дорем,
Салому эҳтироми бекарон дорем, –
Сафои рӯзгори покамон – Модар.
Тамоми ҳарфи некӯ аз забони ӯст,
Ҷаҳони ботини мо – ин ҷаҳони ӯст,
Нахустин лолаи дашт армуғони ӯст,
Навои субҳи нусратнокамон – Модар.
Ба фасли навбаҳорон сар барафрозем,
Зи шӯҳратмандии давронамон нозем,
Агар дар тори истиқбол бинвозем, –
Бақои ин само, ин хокамон Модар.
Ҷамеи навҷавонон зодаи ӯянд,
Далерон, номдорон зодаи ӯянд,
Тамоми қаҳрамонон зодаи ӯянд,
Ҳавои кишвари бебокамон – Модар...
Тани равшанзамире мо аз он дорем,
Сари таъзим назди модарон дорем.