БОШАД ҲАҚИҚАТИ ҲАЁТ ОМӮЗГОРИ МАН...
Ман ҳақпараст ҳастаму бегонаношинос,
Лекин набуда баҳри дил ҷонона ношинос.
Дастам агар ба домани ёри накӯ расад,
Гӯям ба аҳли дил: "Маро афсона ношинос..."
Буду набуди зиндагӣ – буду набуди ман,
Захми замин баҷо шавад андар вуҷуди ман.
Захми замона ҷо шавад дар устухони дил,
3-ин рӯй нолае расад аз ҳар суруди ман.
Ман ҳақпараст ҳастаму бегонаношинос,
Шояд аён намудаӣ дар вақти пурсупос?
Бошад ҳақиқати ҳаёт омӯзгори ман –
Омӯзгори ҷонфидо дар роҳи бахти хос.
Табъи баланди ошиқе гар хона сохта,
Онро ба тори шодии ҷонон навохта...
Ҳаргиз нагӯй "худпараст" он ношиносро,
Марде барои ин сухан ихлос бохта...
Бояд сабуктар шавад бори дигар касон,
Бошем дар ҳаёти худ бо фикри дигарон.
Захми замину осмон дар ҳастии ман аст, –
Чун ҳақпараст ҳастаму фарзанди ин замон...