Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

МЕБАРАД ДОИМ МАРО РОҲИ ХАЁЛ



Дар сарам баҳсу талоши зиндагист,
Ки барад доим маро роҳи хаёл.
Одаме дар ҷамъият беҳуда нест,
Одамӣ бо ҷамъият ёбад камол.

Рӯзгори босаховат шуд насиб,
Шод будан ҳам ҳунар бошад ба кас.
Меҳрубонии ҳаёти мо аҷиб,
Ки вуҷуди кас шавад пур аз ҳавас.

Мад надорам қуввати худро дареғ
Дар тамоми корубори ҷамъият.
Ман набардорам ба шахсе ҳеҷ теғ,
Ҳаст ҳар кас ифтихори ҷамъият!

Ибтидову интиҳои одамӣ
Бо суруди кӯҳҳо дорад бақо.
Беғамӣ хоҳам шуморо, беғамӣ,
Ки даруни дил бувад нуру вафо!

Одамӣ бо ҷамъият ёбад камол,
Одаме дар ҷамъият беҳуда нест!
Мебарад доим маро роҳи хаёл,
Дар сарам баҳсу талоши зиндагист!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »