Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТО БА НОМАМ НОМАЕ ОЯД АЗ Ӯ

(такрор)

Эй қалам, як номаи аъло навис,
Номаро бар номи ёри мо навис.

Ҳусни дилҷӯи варо бинмо сифат,
Қоматашро сарви беҳамто навис.

Аз табассумҳояш овар иқтибос,
Хандаашро – хандаи дарё навис.

Дар нигоҳаш бин таманнои дилам,
Офтоби рухи ӯ зебо навис.

Оташе пиндорам овозаш, аҷаб,
Меҳри покаш оташи дилҳо навис.

Ман чу озодам фақат дар банди ӯ,
Бо ягон ҳарфе аз ин савдо навис.

То ба номам номае ояд аз ӯ,
Ҳолати Ансории моро навис...

Эй қалам, як номаи аъло навнс,
Номаро бар номи ёри мо навис.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »