Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ҲАМЕША ТО САҲАРЕ ҲАСТ...



Ҳамеша то саҳаре ҳаст, навбаҳоре ҳаст,
Ҷаҳони меҳру вафоеву рӯзгоре ҳаст.
Суруди кишвари иқбол мерасад бар гӯш,
Ки бахт ҳасту замон ҳасту ифтихоре ҳаст.

Муҳаббат аз дили поки замониён хезад,
Ба ҷону бар дили мо нури маърифат резад.
Ҳавои беғаши ин мулк асоси ҳастии мост,
Бақои умр ба бӯи вафо биёмезад.

Табиате, ки барои ману ту бахшида нур,
Табиатест, ки дар ишқу дар вафо машҳур.
Шукӯҳи олами иқболро тарона кунем,
Чунон тарона, ки парвоз то намояд дур.

Ман аз ҳақиқати айёми худ сарафрозам,
Замини ишқ бибӯсам, ки ҳаст ҳамрозам.
Ба осмон нигарам, дар ситора бинам дил,
Ки аз ситораи Маскав ҳамеша менозам.

Ҳамеша то саҳаре ҳаст, навбаҳоре ҳаст,
Ҷаҳони меҳру вафоеву рӯзгоре ҳаст.
Суруди кишвари иқбол мерасад бар гӯш,
Ки бахт ҳасту
Замон ҳасту
Ифтихоре ҳаст…


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »