Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

РУБОБИ НАВ БАРОЯТ ҲАДЯ КАРДАМ



Рубоби нав бароят ҳадя кардам,
Ки ҳар тораш бувад аз пардаи дил.
Рубоби нав бароят ҳадя кардам,
Навоз онро фақат бо азми комил.

Туро соҳибдилу бебок донам,
Ки оҳанги суруди ман ту ҳастӣ.
Магар аз ту буридан метавонам,
Ки дар ҷону вуҷуди ман ту ҳастӣ.

Ту аз кӯҳи баланди тоҷиконӣ,
Ҳавоятро, навоятро писандам.
Маро бар қуллаи мақсад расонӣ,
Ман аҳдатро, вафоятро писандам.

Даме тори рубобат ҷӯр бошад,
Ту савти ошиқонро хуш навозӣ.
Аз он дар хонаи дил нур бошад,
Аз он бошад маро ҳам сарфарозӣ.

Рубоби нав бароят ҳадя кардам,
Навоз онро фақат бо меҳри комил.
Рубоби нав бароят ҳадя кардам,
Ки ҳар тораш бувад як пардаи дил.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »