ЗАБОНДОНОН КАСОНИ ДИЛКУШОДАНД
Забонҳо дар Замини мо зиёданд,
Ки ҳар қавме забони хос дорад.
Ба ҳар инсон мувофиқ ном доданд, –
Чу ҳар дил лоиқаш эҳсос дорад.
Забонҳо дар Замини мо зиёданд,
Вале на ҳар касе бошад забондон.
Забондонон касонн дилкушоданд,
Ки раҳ ёбанд онҳо бар дилу ҷон!
Забонҳо дар Замини мо зиёданд,
Дилафрӯз ин Замин – Сайёраи мост.
Забондонон ба ҳам дар эътиқоданд,
Зимоми зиндагӣ дар дасти онҳост.
Имо ҳасту
Ишорат ҳасту...
Лекин
Нафаҳмонад ягонаш муддаоро.
Забон гар нест дар ин хоки заррин,
Кӣ фаҳмонад шукӯҳи асри моро?!
Забон гар нест –
Буди мо муаммост,
Магар ҳастист, охир, лол будан?
Бале, ҳар ҷой сангу чӯб пайдост,
Магар тимсоли он бошад дили ман?
Забондонон чу лафзеро кушоянд,
Замину осмон ояд сари даст.
Ки то рози ҷаҳонро баркушоянд –
Замин ҳасту
Замон ҳасту
Забон ҳаст!
Бигуфта Саъдӣ баҳри дӯстонаш:
"...Забонианду нонианду ҷонӣ!
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,
Навозиш кун ба ёрони забонӣ.
Валекин ёри ҷониро ба даст ор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ – гар метавонӣ!"
Набошад дар ҷаҳон гар хатту гуфтор,
Ту ин маъно ба мардум чун расонӣ?
Забонҳо дар Замини мо зиёданд,
Вале, афсӯс, онҳоро надонам.
Забони русиро омӯхтам чанд,
Ба тоҷикӣ сухан гуфтан тавонам.
Сафар дорам ба ҳар як гӯшаи даҳр,
Бигӯям: Офаринҳо тарҷумонро!
Гузар дорам зи шаҳре бар дигар шаҳр,
Бигӯям: Офаринҳо тарҷумонро!
Сарахбори суруди навҷавонӣ
Намояд ғуссаро аз ҳар диле дур.
Ғаму шодӣ, тавону нотавонӣ
Ба ҳар як лафзи олам ҳаст машҳур.
Вале, бе тарҷумон дар кишвари ғайр
Сафар кардан наёрад шодкомӣ.
Ба сайре рафта, нанмоӣ вале сайр,
Забондонро намо сад эҳтироме!
Забонҳову
Забонҳову
Забонҳо,
Шумо дар пояи хуршед ҳастед!
Бузургу хурд...
Аммо дар замонҳо
Туфайли халқи худ ҷовид ҳастед!
Забондонон касони дилкушоданд,
Ки онҳо одамони дурбинанд.
Калиди ишқ бар моён бидоданд,
Вале худ дар тамошо менишинанд.
Басо шодем – Олам як китобест,
Ки дар он сад ҳазорон достон аст!..
Миёни тарҷумонон як хитобест:
– Забони ишқи дил бе тарҷумон аст!
Забонҳо дар Замини мо зиёданд,
Вале на ҳар касе бошад забондон.
Забондонон касони дилкушоданд,
Ки раҳ ёбанд онҳо бар дилу ҷон!