Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ЧАШМБАНД ВА АЙНАКИ СИЁҲ



Ман намедонам, магар ин сеҳр буд,
Ё ки бигзашт аз раҳам ҷодугаре?..
Дар дили ман як ҷаҳони меҳр буд,
Ки намедонист рӯҳи сарсарӣ.

Ман ба шеъри худ сифат кардам мудом
Корҳои лоиқи айёмро,
Покию одамгарию эҳтиром,
Инчунин фархундагии номро.

Гуфтаанд аҷдодҳо: Номи баланд
Аз баландӣ обрӯе доштаст.
Рафта болотар зи ҳар боми баланд,
Моҳро дар зери худ бигзоштаст.

Ростӣ, ки мо зани тоҷикро
Берун овардем аз чоҳи чуқур.
Дид бо чашмаш ҳаёти некро,
Чашмбанди хешро бннмуд гӯр.

Осмон ояд ба истиқболи ӯ,
Ҳам заминаш ишқбозӣ мекунад.
Ҷаҳд карду хубтар шуд ҳоли ӯ,
Меҳнате бо сарфарозӣ мекунад.

Лек духтарҳои ғофил аз куҳан
Медиҳанд он номи некӯро ба бод.
Хоста бо тарзи нав ҷавлон задан,
Мебаранд аз синаи кас эътиқод...

Мӯҳтарам устод Боқии азиз,
Бори дигар шеъратон омад ба ёд,
Чанд атласпӯши пурнозу ситез
Дод хурсандии ҷонамро ба бод.

Чист, охир, фарқ байии чашмбанд
Ё сиёҳайнак, намедонам ҳанӯз.
Дод мегӯям ба овози баланд,
Эй табиат, айнаки ӯро бисӯз...

Гар фаранҷиро тамоман сӯхтем,
Чашмбанди он ба гӯристон бирафт,
Тираайнакмониро омӯхтем?
Аз вуҷудам дуд рафт, афғон бирафт.

Куртаи атлас ба тан зебанда аст,
Хуб оё айнаки чун чашмбанд?
Ғояи ин даври нав поянда аст,
Гард бо чашми кушодат сарбаланд.

Ростӣ, ки мо зани тоҷикро
Берун овардем аз чоҳи чуқур.
Дида бо чашмаш ҳаёти некро,
Чашмбанди хеш биспурд он ба гӯр.

Дар тани ҳар як либоси бас шинам,
Ман ба ҳар як бо фараҳ дорам нигоҳ.
Айнаку атлас намезебад ба ҳам,
Андак инсофе ба чашмони сиёҳ...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »