Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

МУТРИБИ ХУШДИЛ, НАВОЗ!



Мутриби хушдил, навоз оҳанги нав,
То бубахшад бар сурудам ранги нав!
Бар хурӯш овар дили мардони кор
Бо рубобу бо дутору чанги нав.

Мутриби хушдил, навоз аз кӯҳсор,
Нағмаи арзандаро аз дил барор.
Ҳамзамону ҳамзаминони азиз
То намоянд аз навоят ифтихор!

Мутриби хушдил, биёр аз мавҷи руд
Оташи сӯзандаеро дар вуҷуд.
Овар аз оби равони чашмасор
Завқу шодии ҷаҳони беҳудуд!

Мутриби хушдил, дилатро пок дор,
Боғу роғу манзилатро пок дор.
Олами ишқу вафо беинтиҳост, –
Одами бас хушгилатро пок дор!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »