Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ПОРАИ ОТАШ



Пораи оташ баҳоронро зарур,
Пораи оташ дилу ҷонро зарур.
Пораи оташ гулистонро зарур,
Об бе оташ чӣ коре мекунад?

Сархати ашъор бошад субҳи нав,
Субҳи Вахши тоҷикон бар ин гарав,
Марди деҳқони тавоно, кам нашав,
Олам аз ту ифтихоре мекунад.

Ибтидову интиҳои рӯзгор
Бо ҳам оварданд ин субҳи баҳор,
Дар суруди мост завқи беғубор,
Ки ҳавои ишқ ёрӣ мекунад.

Пораи оташ – ҷаҳони ҷони мост,
Оташи ҷони забардастони мост.
Корҳои беғараз – паймони мост,
Вахшро Вахш обёрӣ мекунад.

Пораи оташ – баҳоронро зарур,
Пораи оташ дилу ҷонро зарур,
Нораку Роғуну Ёвонро зарур, –
Дасти инсон хуб коре мекунад.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »