ДӮСТ БОЯД ДОШТ ҲАР НАВЗОДРО
Дӯст бояд дошт ҳар навзодро,
Насли фардои ҷаҳони шодро.
Дӯст бояд дошт ҳар гулбуттае,
Ки ба ваҷд орад дили авлодро.
Аз суруди одамони некрӯз
Нағмаи сетор меояд ҳанӯз.
Хандаи ҳар марди иффатнокамон
Гаштааст, аз ростӣ, ки хасмсӯз.
Чун ҳақиқат дар кафи мардони мост,
Хасмро сӯзанд агар – ин муддаост.
Мардуми покизарӯҳу зиндадил
Раҳму шафқатро барои хеш хост.
Лек офат гар биёяд сӯямон,
Дар хатар монад гули хушбӯямон,
Бигзарем аз ҳастии худ фахрнок,
То ба ҳар як сабза монад бӯямон.
Модарони Тоҷикистони азиз
Бар сари фарзанд мерезанд ганҷ.
Модарони Тоҷикистони азиз
То набинанд офатеву рӯи ранҷ.
Давлате доранд аз фарзандҳо,
Ки барои мамлакат дар хизматанд.
Бншкананд онҳо тамоми бандҳо,
Ки наафтад тифлашон ҳаргиз ба банд.
Хонадонҳо пур шаванд аз насли нав,
Модарон боланд аз субҳи умед.
Ҷонашонро монда онҳо дар гарав,
Баҳри тифлон хоста "Роҳи сафед..."
Дӯст бояд дошт ҳар навзодро –
Насли фардои ҷаҳони шодро.
Дӯст бояд дошт ҳар гулбуттае,
Ки ба ваҷд орад дили авлодро.