БАҲОР АЗ ДИЛИ НОРАК ГУЗАШТ БАР РОҒУН
Баҳор – сафҳаи нав дар китоби аҳду вафост,
Ки дашту водии моро сафои нав бахшад.
Баҳор – завқу суруре ҳамеша дар дилҳост,
Ки нури вай ба ҳазорон тарона мерахшад!
Муҳаббати дили моро саодатест аҷаб,
Камоли меҳру садоқат асоси ҳастии мост.
Баҳор авҷу барори гиёҳ карда талаб,
Даруни хонаи дилро чу субҳи нав орост...
Баҳор аз дили Норак гузашт бар Роғун,
Ки барқи ҳиммати мардон ба кор омода.
Зи дасти обиладор аҳли мамлакат мамнун,
Ки Партия ба ману ту ҳидояте дода...
Савоби меҳнати моро хато намедонанд,
Ғурур дар дили мо омада зи ҳусни баҳор.
Китоби азму садоқат диловарон хонанд,
Ки ҳаст дар сари моён хаёли меҳнату кор!
Баҳор сафҳаи нав дар китоби аҳду вафост,
Ки дашту водии моро сафои нав бахшад.
Баҳор – завқу суруре ҳамеша дар дилҳост,
Ки нури вай ба ҳазорон тарона мерахшад!