БЕҲТАРИН ШЕЪРАМ БА ВАСФИ МОДАРОН
Боз пурсиданд аз ман, рӯзи ид
Шеър бинвисам ба васфи модарон.
Росташ, ки дар чунин рӯзи саид
Ҳарфи бикре гуфтани ман шуд гарон.
Шеър ҳам монанди рӯи одамист,
Он яке гарму дигар бисёр сард.
Дур аз ман лаҳзаҳои беғамист,
Ки бимонам бар ҳама кирдор сард.
Як тараф бинам ҳаёти дилкаше,
Як тараф бинам ҷаҳони гирудор.
Як тараф бинам дили пуроташе,
Як тараф сад турбате андар мазор.
Синаи ман мешавад сад бор чок
Аз ғами он мардумони дарднок.
Лек медӯзам тамоми чоки дил
Бо нахи гулҳои ин дунёи пок.
Кишвари ман, сарзамини поки ман,
Мулки модарҳои нусратноки ман,
Ғамгусори халқи олам гаштааст,
Ки ҳамеболад дили бебоки ман.
Иди модар мешавад ҳар бор ҳам,
Васфи модар мешавад такрор ҳам.
Буди мо аз модару шояд кунанд
Аз "ҳаво" афтодагон инкор ҳам...
Рӯи модар гармтар аз офтоб,
Бӯи модар беҳтар аз бӯи баҳор.
Меҳри модар дода моро обутоб
Мефиристонад ба ҳар як корзор.
Беш дар ин боб шеъри шоирон,
Сатр андар сатр дар ёди ман аст.
Беҳтарин шеърам ба васфи модарон –
Рӯзи тавлидам – ҳамон доди ман аст.