МУЛОҚОТИ ЧОРУМ
(Китоб)
Як саҳар бо хаёли нусрати кор
Чашмро сӯи осмон кардам.
Як саҳар бо хаёли нусрати кор
Боғро – боғи ҷовидон кардам.
Бӯса кардам зи рӯи абри сафед,
Ки ҳама пайкарам ба ҷӯш омад.
Бӯса кардам зи рӯи абри сафед,
Дар вуҷудам басо хуруш омад.
Рафтам аз хона бар ҳавои кушод,
Навбаҳори умедро дидам.
Рафтам аз хона бар ҳавои кушод,
Мавҷи дарёи идро дидам.
Зуд рафтам ба назди Нор-урус,
Як ҳикоят зи хоҷа пурсидам.
Гуфт: – Бинмудаӣ ту азми дуруст,
Хоҷаамро ба хоби худ дидам.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Илтифотат барои ман кофист.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Шӯҳрати бобақои ман кофист.
Дидам хобу дар ҳамон хобам
Офтоби баҳор механдид.
Дидаам хобу дар ҳамон хобам
Гулшани ифтихор механдид.
Кӯҳро сарнишеб медидам,
Оби дарё таронахонӣ дошт.
Талу раҳро базеб медидам,
Ҳама як оташи ниҳонӣ дошт.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Назди ман омаданд бо шодӣ.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Доштанд ифтихори устодӣ.
Як табақ гул бароям оварданд,
Ки аз он хотирам аҷаб болид.
Як табақ гул бароям оварданд,
Ки яке гул зи чист менолид.
Нолаашро шунида мот шудам,
Дили ман сарпаноҳ ҷӯё шуд.
Аз чӣ бошад, ки эҳтиёт шудам,
Сари ман ғарқаи таманно шуд.
Холумарро ба як тараф хондам,
Гуфтамаш: Ин гули баҳори кист?
Аз ҷавобаш ба ҳайрате мондам,
Ман надонам, ки бурдборӣ чист…
Гуфт: Устоди пурхирад, ин гул
Ҳосили ранҷи боғбон бошад.
Дошт дар як канора вай ғул-ғул,
Нури идрок бар шумо пошад!
Аз барои ману Саидшокир
Боз як илтифот мебояд.
Тӯҳфа созед, тӯҳфаи ҳозир
Гар китобе ба дастатон ояд.
Табақи гул гирифтаму рафтам,
Ки иваз бар китоб бинмоям.
Табақи гул гирифтаму рафтам,
То ба худ сарҳисоб бинмоям.
Ман гузаштам зи кӯчабоғи сабз,
Як дари хушнамудро дидам.
Буд болои он чароғи сабз,
Ки зи вай нуру дудро дидам.
Ман аз он дар, ки буд бесоҳиб,
Сар даровардаму шудам ҳайрон.
Духтарони зарифи дилтолиб,
Ҳама буданд аз фараҳ рақсон.
Яки онҳо зи дасти ман бигрифт,
Аз паяш бурд ҷониби боғе.
Табақи гул зи дасти ман бигрифт,
Барнишонд дар миёнааш доғе.
Аз ҳамон доғ як китобе шуд,
Ки ҳамонро ба дасти ман гардонд.
Аҷабо, ин чӣ интихобе буд,
Ба кафи ман чу достоне монд.
Аз ҳамон дар баромадам сонӣ,
Ҷониби деҳа дар шитоб шудам.
Ростӣ, ростӣ, ба осонӣ
Худи ман сурати китоб шудам.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Омаданд аз барои дидани ман.
Гуфтугӯҳо намуда аз тақдир,
Мо намудем хонаро равшан.
Доштам он қадар парешонӣ,
Ки ба як лаҳза гашт хокистар.
Гӯш кун, гӯш кун, ту медонӣ,
Тофт бар чашмам офтоби саҳар.
Гулу себаргаҳои бисёре
Зи кафи дастам ошён карданд.
Сурати он китоби даркорӣ
Зебу орои бӯстон карданд.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Ин ҳикоят барои ту даркор.
Қиссаи он китоби чун тақдир
Ҳеҷ гоҳе зи ёди худ набарор!
Нор-урусам, таронаҳо дорам,
Ҳар яке аз баҳор дорад нур.
Нор-урусам, таронаҳо дорам,
Ки шудам дар замони нав машҳур.
Як варақ аз барои хотири ман
Ту ба шакли ситораи нав соз!
Як варақро намо рубоби куҳан,
Ки зи ҳар тори он дилам бинвоз!
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Ҳарду шогирди бовафои мананд.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Интиҳо нею ибтидои мананд.
Дар замонҳо зи номашон болам,
Ҳарду дорои қудрати неканд.
Дар замонҳо зи номашон болам,
Ки бароям зиёда наздиканд.
Кофтам ман ҳазор кишварро,
Ман надидам мисолашон ҳаргиз.
Кофтам сад ҳазор кишварро,
Ки надидам хаёлашон ҳаргиз !
Рафта аз офтоб пурсидам:
Сурати Холумар куҷо бошад?
Аз ҳазорон китоб пурсидам,
Ки сафои саҳар куҷо бошад?
Ханда кард офтобу сӯям гуфт:
Ту варо дар суруди саҳро ҷӯй!
Ханда кард офтобу сӯям гуфт:
Сураташро зи мағзи дарё ҷӯй!
Холумар ошиқи замин бошад,
Дӯст дорад сафои дафтарро,
Вай ба ангушти ман нигин бошад,
Ки бигирад ҳазор кишварро!
Боғро лолазор месозад,
Кӯҳро мекунад баҳористон!
Аз худаш ифтихор месозад,
Бисарояд таронаи инсон…
Табақи гул барои ман овард
Холумар ҳамраҳи Саидшокир,
Офтоби бақои ман овард
Холумар ҳамраҳи Саидшокир.
Ноз кардам барои фарзандон,
Ки сурудам барояшон монад.
Роз гуфтам ба дафтари кайҳон,
Ки варо офтоби ман хонад!
Шаху тал хест аз китоби умед,
Ҳар якеш ҳусни деҳаи ман шуд.
Нур хоҳам аз офтоби умед,
Ки дилам беҳисоб равшан шуд.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Қиссаи Нор-уруси хандонро.
Вай бигӯяд барои ту ҳозир
Каҷию ростии давронро!
Бесабаб нест умри бисёрам,
Ту ба рӯи китоби ман бинвис!
Аз худам ман умедҳо дорам,
Ту тамоми ҷавоби ман бинвис…
Лек ҳаргиз хато накун дар хат,
Росташро навис, ман шодам.
Лек ҳаргиз хато накун дар хат,
Қалами ростӣ ба ту додам!
Нағмаи обшор дар гӯшам
Мерасад бо насими форами кӯҳ.
Менишинам, чу хишт хомӯшам,
Мебарад об аз дилам андӯҳ.
Нор-урусам, ту наздам омадаӣ,
Ки бигӯям барои ту қисса.
Ҳарфи манро ба гӯши худ задаӣ,
Деҳ аз он ба Холумар қисса.
Худи ту достон намо иншо,
Ки бихонанд одамони зиёд.
Худи ту достон намо иншо,
Ки аз он ҳар диле бигардад шод!
Рӯи коғаз барор қиссаи дил,
Қалби хонандаро ба ҷӯш орад.
Рӯи коғаз барор қиссаи дил,
Завқи хонанда ибтидо дорад!
Ман аминам, ки достонатро
Аз китоби вафои ман хонанд.
Ман аминам, ки бӯстонатро
Чун биҳишти таронаҳо донанд.
Ман аминам, ки сатри беҷое
Нашавад дар китоби ту ҷогир.
Ман аминам, ки нури доноӣ
Мешавад рӯи дафтарат тасвир.
Рози худро ба халқ мехонӣ,
Халқ ҳар ҷой такягоҳи туст.
Халқи худро азиз медонӣ,
Шоиро, ин ягона роҳи туст!
Рӯди кӯҳӣ тарона мехонад,
Ки шавад хоки мо хазинаи нур.
Руди кӯҳӣ тарона мехонад,
То гузорад ба ҷон заминаи нур.
Шоир, аз обшор дафтар соз,
То дар он ишқи пок бинвисӣ.
Ҳар ҳиҷоро ба шакли ахтар соз,
Аз дили дарднок бинвисӣ.
Гар бароӣ ба қуллаи умед,
Назаратро ба кишту майдон дӯз.
Ба ту хоҳам ҳамеша роҳи сафед,
Тани душман ба тоби сӯзон сӯз!
Аз дарахти чинори бобоӣ
Сояи илтифот шав хоҳон.
Рӯи роҳи диловарон оӣ,
Меҳри худро ба ҳар яке мемон!
Дастро бар ба хомаву бархез,
То намоӣ захираи коғаз.
Рӯи ҳар хат ту рози худро рез,
Ки бигардад назираи коғаз.
Назди ман омадӣ, саломат рав,
Сабзаҳо то шаванд пойандоз.
Аз китоби вафо ғазалхон шав,
Дили худро баҳори хуррам соз!
Пири равшанзамири дарёдил,
Ки ба наздаш расида будам ман.
Бо суханҳои тозаи комил
Табъи манро намуд вай равшан.
Дастафшон маро гуселонид,
Дод бар ман китоби сидқу вафо.
Тиннаташ чун баҳор механдид,
Ки намонам қадам зи роҳи хато!..
Як саҳар бо хаёли нусрати кор
Чашмро сӯи осмон кардам.
Як саҳар бо хаёли нусрати кор
Боғро – боғи ҷовидон кардам.
Бӯса кардам зи рӯи абри сафед,
Ки ҳама пайкарам ба ҷӯш омад.
Бӯса кардам зи рӯи абри сафед,
Дар вуҷудам басо хуруш омад.
Рафтам аз хона бар ҳавои кушод,
Навбаҳори умедро дидам.
Рафтам аз хона бар ҳавои кушод,
Мавҷи дарёи идро дидам.
Зуд рафтам ба назди Нор-урус,
Як ҳикоят зи хоҷа пурсидам.
Гуфт: – Бинмудаӣ ту азми дуруст,
Хоҷаамро ба хоби худ дидам.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Илтифотат барои ман кофист.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Шӯҳрати бобақои ман кофист.
Дидам хобу дар ҳамон хобам
Офтоби баҳор механдид.
Дидаам хобу дар ҳамон хобам
Гулшани ифтихор механдид.
Кӯҳро сарнишеб медидам,
Оби дарё таронахонӣ дошт.
Талу раҳро базеб медидам,
Ҳама як оташи ниҳонӣ дошт.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Назди ман омаданд бо шодӣ.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Доштанд ифтихори устодӣ.
Як табақ гул бароям оварданд,
Ки аз он хотирам аҷаб болид.
Як табақ гул бароям оварданд,
Ки яке гул зи чист менолид.
Нолаашро шунида мот шудам,
Дили ман сарпаноҳ ҷӯё шуд.
Аз чӣ бошад, ки эҳтиёт шудам,
Сари ман ғарқаи таманно шуд.
Холумарро ба як тараф хондам,
Гуфтамаш: Ин гули баҳори кист?
Аз ҷавобаш ба ҳайрате мондам,
Ман надонам, ки бурдборӣ чист…
Гуфт: Устоди пурхирад, ин гул
Ҳосили ранҷи боғбон бошад.
Дошт дар як канора вай ғул-ғул,
Нури идрок бар шумо пошад!
Аз барои ману Саидшокир
Боз як илтифот мебояд.
Тӯҳфа созед, тӯҳфаи ҳозир
Гар китобе ба дастатон ояд.
Табақи гул гирифтаму рафтам,
Ки иваз бар китоб бинмоям.
Табақи гул гирифтаму рафтам,
То ба худ сарҳисоб бинмоям.
Ман гузаштам зи кӯчабоғи сабз,
Як дари хушнамудро дидам.
Буд болои он чароғи сабз,
Ки зи вай нуру дудро дидам.
Ман аз он дар, ки буд бесоҳиб,
Сар даровардаму шудам ҳайрон.
Духтарони зарифи дилтолиб,
Ҳама буданд аз фараҳ рақсон.
Яки онҳо зи дасти ман бигрифт,
Аз паяш бурд ҷониби боғе.
Табақи гул зи дасти ман бигрифт,
Барнишонд дар миёнааш доғе.
Аз ҳамон доғ як китобе шуд,
Ки ҳамонро ба дасти ман гардонд.
Аҷабо, ин чӣ интихобе буд,
Ба кафи ман чу достоне монд.
Аз ҳамон дар баромадам сонӣ,
Ҷониби деҳа дар шитоб шудам.
Ростӣ, ростӣ, ба осонӣ
Худи ман сурати китоб шудам.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Омаданд аз барои дидани ман.
Гуфтугӯҳо намуда аз тақдир,
Мо намудем хонаро равшан.
Доштам он қадар парешонӣ,
Ки ба як лаҳза гашт хокистар.
Гӯш кун, гӯш кун, ту медонӣ,
Тофт бар чашмам офтоби саҳар.
Гулу себаргаҳои бисёре
Зи кафи дастам ошён карданд.
Сурати он китоби даркорӣ
Зебу орои бӯстон карданд.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Ин ҳикоят барои ту даркор.
Қиссаи он китоби чун тақдир
Ҳеҷ гоҳе зи ёди худ набарор!
Нор-урусам, таронаҳо дорам,
Ҳар яке аз баҳор дорад нур.
Нор-урусам, таронаҳо дорам,
Ки шудам дар замони нав машҳур.
Як варақ аз барои хотири ман
Ту ба шакли ситораи нав соз!
Як варақро намо рубоби куҳан,
Ки зи ҳар тори он дилам бинвоз!
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Ҳарду шогирди бовафои мананд.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Интиҳо нею ибтидои мананд.
Дар замонҳо зи номашон болам,
Ҳарду дорои қудрати неканд.
Дар замонҳо зи номашон болам,
Ки бароям зиёда наздиканд.
Кофтам ман ҳазор кишварро,
Ман надидам мисолашон ҳаргиз.
Кофтам сад ҳазор кишварро,
Ки надидам хаёлашон ҳаргиз !
Рафта аз офтоб пурсидам:
Сурати Холумар куҷо бошад?
Аз ҳазорон китоб пурсидам,
Ки сафои саҳар куҷо бошад?
Ханда кард офтобу сӯям гуфт:
Ту варо дар суруди саҳро ҷӯй!
Ханда кард офтобу сӯям гуфт:
Сураташро зи мағзи дарё ҷӯй!
Холумар ошиқи замин бошад,
Дӯст дорад сафои дафтарро,
Вай ба ангушти ман нигин бошад,
Ки бигирад ҳазор кишварро!
Боғро лолазор месозад,
Кӯҳро мекунад баҳористон!
Аз худаш ифтихор месозад,
Бисарояд таронаи инсон…
Табақи гул барои ман овард
Холумар ҳамраҳи Саидшокир,
Офтоби бақои ман овард
Холумар ҳамраҳи Саидшокир.
Ноз кардам барои фарзандон,
Ки сурудам барояшон монад.
Роз гуфтам ба дафтари кайҳон,
Ки варо офтоби ман хонад!
Шаху тал хест аз китоби умед,
Ҳар якеш ҳусни деҳаи ман шуд.
Нур хоҳам аз офтоби умед,
Ки дилам беҳисоб равшан шуд.
Гӯш кун, гӯш кун, аё мухбир,
Қиссаи Нор-уруси хандонро.
Вай бигӯяд барои ту ҳозир
Каҷию ростии давронро!
Бесабаб нест умри бисёрам,
Ту ба рӯи китоби ман бинвис!
Аз худам ман умедҳо дорам,
Ту тамоми ҷавоби ман бинвис…
Лек ҳаргиз хато накун дар хат,
Росташро навис, ман шодам.
Лек ҳаргиз хато накун дар хат,
Қалами ростӣ ба ту додам!
Нағмаи обшор дар гӯшам
Мерасад бо насими форами кӯҳ.
Менишинам, чу хишт хомӯшам,
Мебарад об аз дилам андӯҳ.
Нор-урусам, ту наздам омадаӣ,
Ки бигӯям барои ту қисса.
Ҳарфи манро ба гӯши худ задаӣ,
Деҳ аз он ба Холумар қисса.
Худи ту достон намо иншо,
Ки бихонанд одамони зиёд.
Худи ту достон намо иншо,
Ки аз он ҳар диле бигардад шод!
Рӯи коғаз барор қиссаи дил,
Қалби хонандаро ба ҷӯш орад.
Рӯи коғаз барор қиссаи дил,
Завқи хонанда ибтидо дорад!
Ман аминам, ки достонатро
Аз китоби вафои ман хонанд.
Ман аминам, ки бӯстонатро
Чун биҳишти таронаҳо донанд.
Ман аминам, ки сатри беҷое
Нашавад дар китоби ту ҷогир.
Ман аминам, ки нури доноӣ
Мешавад рӯи дафтарат тасвир.
Рози худро ба халқ мехонӣ,
Халқ ҳар ҷой такягоҳи туст.
Халқи худро азиз медонӣ,
Шоиро, ин ягона роҳи туст!
Рӯди кӯҳӣ тарона мехонад,
Ки шавад хоки мо хазинаи нур.
Руди кӯҳӣ тарона мехонад,
То гузорад ба ҷон заминаи нур.
Шоир, аз обшор дафтар соз,
То дар он ишқи пок бинвисӣ.
Ҳар ҳиҷоро ба шакли ахтар соз,
Аз дили дарднок бинвисӣ.
Гар бароӣ ба қуллаи умед,
Назаратро ба кишту майдон дӯз.
Ба ту хоҳам ҳамеша роҳи сафед,
Тани душман ба тоби сӯзон сӯз!
Аз дарахти чинори бобоӣ
Сояи илтифот шав хоҳон.
Рӯи роҳи диловарон оӣ,
Меҳри худро ба ҳар яке мемон!
Дастро бар ба хомаву бархез,
То намоӣ захираи коғаз.
Рӯи ҳар хат ту рози худро рез,
Ки бигардад назираи коғаз.
Назди ман омадӣ, саломат рав,
Сабзаҳо то шаванд пойандоз.
Аз китоби вафо ғазалхон шав,
Дили худро баҳори хуррам соз!
Пири равшанзамири дарёдил,
Ки ба наздаш расида будам ман.
Бо суханҳои тозаи комил
Табъи манро намуд вай равшан.
Дастафшон маро гуселонид,
Дод бар ман китоби сидқу вафо.
Тиннаташ чун баҳор механдид,
Ки намонам қадам зи роҳи хато!..