Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Панҷ мулоқот -

МУЛОҚОТИ СЕЮМ

(Роҳ)

Роҳ буду шитоб мекардем,
Орзуро ба сина парварда.
Субҳи навро хитоб мекардем,
Роҳро пеши дида оварда!

Роҳҳо, роҳҳои ноҳамвор,
Роҳҳо, роҳҳои каҷу килеб,
Хавфнокеду бар раҳи душвор,
Хавфатон ҳаст дар фарозу нишеб.

Номдорони ин замонаи пок
Аз шумо сӯи бахт мерафтанд
Ёд доред, бо дили бебок
Гаҳ баҳуш, гаҳ карахт мерафтанд?!

Оби дарёи мо ба туғён буд,
Ки гаҳе мебаромад аз соҳил.
Сӯи оянда он шитобон буд,
Мегирифт аз дили ҷаҳон манзил.

Роҳҳо, роҳҳои ноором,
Камари зиндагонии айём.
Саратон баста шуд ба латтаи дил,
Зӯҳра овард ба шумо пайғом.

Нури субҳи нав аз шумо ояд,
Давраи хотироти ман мушкил.
Зӯри бозу, ки меҳр бикшояд,
Офтобу чаман ҳидояти дил!

Наварӯсони бахткомилро
Пардадори ситора бинмудем.
Нозро, розро, ғами дилро
Ибтидои шарора бинмудем.

Роҳҳо, роҳҳо, зи байни кӯҳ,
Ё ки аз ҷони ман гузар доред?
Баҳри иқболи халқу шукӯҳ,
Тоқии зиндагӣ ба сар доред.

Марди равшандили ҳидоятҷӯй,
Ба хаёлам, гузашта аз дилатон…
Амаки Нори русидони накӯй –
Бохабар вай зи саҳлу мушкилатон.

Амаки Нор, ё ки Нор-урус –
Лақабу ном дар ҳимояти ӯст.
Карда бо ҳар гиёҳ бӯсобӯс,
По ниҳодааст бар суруди нахуст.

Роҳҳо, роҳҳо, маро бахшед,
Амаки Норро ҳимоя кунед.
Дар сари кӯҳсор мерахшед,
Ки ба ман нек зинапоя кунед!

Гоҳ афтодаву гаҳе хезам,
Амаки Нори ман ба пеши назар.
Шағалу хоки роҳи мебезам,
То шавад роҳи ошиқон беҳтар.

Пардаи шом дариду рӯз бишуд,
Офтоб аз канори шаб омад.
Эҳтиёт, эҳтиёт бояд буд,
Субҳи тобони дилталаб омад!

… Амаки Нор-уруси ман соқӣ,
Давраи инқилоб бас некӯст.
Ибтидо ҳасту интиҳо боқӣ,
Интиҳо ҳаст бар ҳама ғами дӯст.

Амаки Нор-уруси ман ин бор
Сухан аз роҳу роҳравон сар кард.
Чашмҳояш шуданд оташбор,
Ки ғами рафтаро ба ёд овард.

– Сухани Роҳ гуфтанӣ ҳастам,
Гӯш кун бо мароқ, аё мухбир!
Бо хаёлаш шукуфтанӣ ҳастам,
Ки шудам дар натиҷа хуштақдир! –

Нор-урус кард инчунин оғоз,
Лек чашмони вай яке раҳ дид.
Фикрам аз ин бигашт дар парвоз,
Ки ба роҳаш ҳазорҳо маҳ дид.

Ғами шогирдҳои Нор-урус
Дилу ҷони маро ба сӯҳон дод.
Тоҷикистони ман кунун некӯст,
Лек мардони вай басо ҷон дод.

Мардҳояш, ки ҷон фидо карданд,
Менамуданд ёди фардоро!
Ҳамраҳи Нор-урус оварданд
Саҳари зиндагонии моро!

Ман аминам, ки марди мӯйсафед
Рафтаро бо азоб ёд орад,
Пири равшанзамир чун хуршед
Нури худро бар ин замин борад.

Писаронаш асои паҳлӯяш,
Бар асо нест ҳоҷаташ аммо.
Дар замине, ки мушк дар бӯяш,
Додааст ишқи дил, ғами худро.

– Ҳарду шогирди ман ба дом шуданд… –
Гуфтаву монд андаке хомӯш. –
Ҳарду шогирди ман ба дом шуданд,
Ки суханҳояшон намоям гӯш.

Тоҷикистон ба ид омода,
Ман ҳам аз наслҳои вай ҳастам.
Ҷони худро барои вай дода,
Тори умед бар само бастам.

Ид болои ид дар ин рӯз,
Ки ҳавои пагоҳ аз он аст.
Кард Октябр ин ҷаҳон фирӯз,
Бахту шодӣ маро зи даврон аст!

Менишинам, хаёл дар сари ман,
Ки чӣ роҳу чӣ нағмаҳо дидем.
Офтоби суруд дар бари ман,
Мо барояш чӣ ағбаҳо дидем.

Мо гузаштем аз дили тарма,
Ки шавад субҳи тозаи мо гарм.
Мо гузаштем аз дили тарма,
То шавад навбаҳори моён нарм!

Ана, акнун, баҳорро дида,
Рӯзи бигзаштаро ба ёд орам.
Номро, ифтихорро дида,
Бар ҷавонон суруд меборам!

Қиссаи роҳи мо зиёда дароз,
Гирумонаш зиёдатар аз он.
Як тараф моҳтоби оинасоз,
Як тараф ағбаю тали тафсон.

Дил пур аз изтироб дар ин роҳ,
Ки ягон нохалаф наёяд пеш.
Гашта бошад зи азми мо огоҳ,
Менамояд асири дастаи хеш.

"То нагӯӣ ту бад – наояд нек" –
Гуфтаанд одамони таҷрибадор.
Бад бигуфтему бад биёмад лек,
Ки шуд аҳволи мо басо ночор…

Холумар аз бари Саидшокир
Роҳ мерафту ногаҳон истод.
Гуфт: Дидам сиёҳие ҳозир,
Якбар истед, меҳрубон устод!

Бурдбориву сардхунӣ беҳ,
Бохабар бош, аё Саидшокир!
Сафари мо ба нокасони деҳ,
Аз куҷое аён шудааст, охир.

Ман шунидам чунин суханҳоро,
Пас худам пушти бутта истодам.
Амр ингуна буд… Онҳоро,
Росташ, ки зи дасти худ додам.

Ҳардуро нокасон ба худ бурданд,
Лекин аз ман хабар наёфтаанд.
Ҳардуро ҳам ба дом биспурданд,
Тӯҳмату сад далел бибофтаанд.

Чун хабар ёфтам зи шогирдон,
Осмону замин ба ҳам печид.
Дуди оҳам бирафт то кайҳон,
Дар гулӯям ғаму алам печид.

Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Муддате чун шуданд зиндонӣ.
Ҳарду ҳам беасос, бетақсир
Дар азобу шиканҷа, сарсонӣ…

Холумарро басо ситам карда,
Гаштаанд аз макони ман пурсон.
Аз Саидшокири дилаш зарда –
Пурсуҷӯ кардаанд аз ину он.

Ду нафарро зи дасти худ дода,
Мани андӯҳгин амон бурдам.
Дар талоши ҳаёт истода,
Зинда мондам… Ҳазор ғам хӯрдам!

Давраи инқилоб омаду дил
Дар суроғи ду зиндадил афтод.
Холумар во намудааст чигил,
Ки Саидшокир он қадар шуда шод.

Дар Самарқанди бостониамон
Се нафар чун ба ҳам дучор шудем,
Аз сабоҳи ҳаёти нурафшон
Ғарқи дарёи ифтихор шудем.

Дар нишебу фарози роҳи ҳаёт
Он қадар ҳам азобҳо дидем.
Дар нишебу фарози роҳи ҳаёт
Буду нобуди хеш санҷидем.

Се нафар одамони исёнкор,
Ки яке Нор-урус дорад ном,
Ҷониби кӯи Хоҷа роҳсипор
Гашта, дидем аз вафо пайғом!

Хоҷа моро қабул намуд ба меҳр,
Гуфт: Эй Нор, офарин бар ту!
Шудӣ мӯҳтарам ва хуррамчеҳр,
Ки ба ҷону ҷигар баробар ту.

Чун ба шогирдиям ту додӣ даст,
Ман зи фаҳмат ҳамеша болидам.
"Зери ин осмон ҳақиқат ҳаст!" –
Гуфтамат… ҳосили варо дидам.

Ҳарду шогирди азмнокатро
Ман надида писанд бинмудам.
Кӯҳсорони синапокатро
Дӯстдоранда аз азал будам.

Аз миёни ҳазор оташу дуд
Ҳама бо ифтихор бигзаштед.
Нийяту орзуи ман ин буд,
Аҳду виҷдони хеш нашкастед!

Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Мешуниданд ҳарфи устодам.
Бори дигар ба номи субҳи мунир
Баҳри устод меҳри дил додам.

Хоҷа – марди зиёии даврон,
Ки бароям раҳи мурод кушод.
Дар замоне, ки ман шудам зиндон,
Он қадарҳо ба ман намуд имдод…

Шод шуд аз ҳузури шогирдон,
Бурд моро ба меҳмонхона.
Завқу шодӣ бирафт то кайҳон,
Ба гумонам, ки дидам афсона!

Нахалад ҳеҷ хор дар пояш,
Хоҷаи мост соҳиби пару бол.
Ногаҳон хест Хоҷа аз ҷояш,
Ки хавотир шудем аз ин ҳол.

Андаке бо ҳазл монд қадам,
Пас китобе зи раф гирифту гуфт: –
Дӯстонам, дари ҳазор задам,
Ки ҳамин рӯзамон наёмад муфт!

Ана дар ин китоб, ёронам,
Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофизу Хайём.
Ин баёзи накӯст, медонам,
Ки биёбад баҳо дар ин айём!

Холумар, ё ки ин Саидшокир,
Ё худат, эй бародари ман, Нор,
Аз ҳама сатрҳои оламгир
Зебу оро диҳед рӯи баҳор!

Падарам соҳиби ҳазор мурид
Будаасту манам ба ҷош асо.
Лекин аз сатрҳои боғи умед
Азм кардам ба ҷониби фардо.

Дар Самарқанд хондаам русӣ,
Падари ман ба ман иҷозат дод.
Падарам буд зидди манҳусӣ,
Ки бароям гирифт як устод.

Холумар, дӯстам Саидшокир,
Манам омӯзгори Нор-урус.
Вай шуморо кушод роҳи мунир,
Босаводист хатти роҳи дуруст.

Инқилоб омаду ҳидоят дод,
Ки бишуд банди зулм сад пора.

Нор-урус одамест хушбунёд,
Дар шумо дидааст ду ёр-а.

Марҳамат, марҳамат, сухан гӯед,
Ки хаёли пагоҳатон чун аст?
Аз ҳамин Нор-урус дил ҷӯед,
Ки ин аз Инқилоб мамнун аст!

Холумар лаб кушод: – Аё устод,
Мо ба шогирдатон ду шогирдем.
Ҷаҳд бинмудаем ба роҳи мурод,
Ки ба шогирдатон чу шогирдем.

Хоҷа ҳастед, мо аён донем,
Лекин аз хоҷаҳои имрӯзед.
Содиқ устоди хешро монем,
Ки бар он кас чу дарсомӯзед!

Мо шуморо ба худ падар хондем,
Ки ба деҳотамон нур овардед.
Меҳр бар ин акои худ мондем,
Дарсомӯзашон ба мо кардед.

Задухӯрде миёни мардум буд,
Деҳаи мо, замини он танг аст.
Ҳама рӯҳониён ғазаболуд,
Ки табиат баҳори садранг аст.

Падарам хонд лаънати бисёр,
Ки шудам дарсхони Нор ако.
Ба сари Шокир омад ин гуфтор,
"Лаънатӣ" будаем ҳардуи мо.

Номамон шӯҳрат ёфт чун "кофир",
Ки шудем ронда аз макони худ.
Росташ, ки ҳамин Саидшокир
Сабаби фошгардии мо буд.

Хайр, он рӯзҳо қафо монданд,
Мо чашидем азоби зиндонро.
Саъйи ин кас раҳо намуд аз банд,
Садқа созем баҳрашон ҷонро!

Роҳҳо, роҳҳо расониданд
Наздатон, бар шумо сеи моро.
Мо фитодем як замон дар банд,
Ки напурсед он суханҳоро.

Лек моён забони нав хондем,
Нийяти инқилоб парвардем.
Содиқи Нор-уруси худ мондем,
Шӯълаи офтоб парвардем!

Баъди бишнидани чунин гуфтор
Хоҷаи мо бигашт ғарқи хаёл.
Кард сӯям нигоҳ вай ҳамвор,
Хост гӯяд: "АҷоШояд, илмаш туро ба ҷон гузарад.иб аст ин ҳол!"

Лекин инро нагуфт Хоҷаи ман,
Бо нигоҳаш барои ман фаҳмонд:
Ҳар кӣ дар ин замонаи равшан
Субҳи навро саодати худ хонд!..

Бурдборию илмнокии мард
Дар тамоми замонаҳо даркор.
Хоҷа бо хандааш ишорат кард,
Ки зарур бар ҳама раҳи ҳамвор.

Ба сари Холумар ниҳод ӯ даст,
Пас қадам зад миёнаи хона.
Ман надонам, чӣ дар хаёлаш ҳаст,
Хоҷаи ман бароям афсона.

Ана ин аст, меҳрубон мухбир,
Хоҷа моро шарики ҷон гардид.
Холумар ҳамраҳи Саидшокир
Даври навро мададрасон гардид!

Сӯи деҳот мо равон гаштем,
Амру дастури Хоҷа бо мо буд.
Мо ба кӯҳем ё ки дар даштем,
Гуфтаи Хоҷа роҳпаймо буд.

Вай барои аҳолии деҳот
"Пир", "Эшон"… Барои мо як дӯст.
Хоҷа роҳӣ намуд ба роҳи наҷот,
Ки бикандем хоҷаҳоро пӯст!

Вай ба мо гуфт: – Давра нобоб аст,
Инқилоб – аксулинқилобаш ҳаст.
Рӯҳи нопоки дин магар хоб аст?
Хоб не вай… Басо китобаш ҳаст.

Ман ба Маскав равона мебошам,
Ки ба Ленин худам дучор шавам.

Нор-урус, бар сари ту зар пошам,
Ҳукми деҳот бар ту монда равам!

Ҳамраҳи Холумар, Саидшокир,
Ту миёни касон барӣ коре.
Талаби Инқилоб ин ҳозир,
Ки шавад номдор кӯҳсорӣ!

Роҳҳо, роҳҳои ноҳамвор
Ба шумоён ҳамеша ҳамроз аст.
Ин Зарафшон шавад макони баҳор,
Ки дили ман аз он ба парвоз аст!

… Роҳ буду шитоб мекардем,
Орзуро ба сина парварда.
Субҳи навро хитоб мекардем,
Роҳро пеши дида оварда.

Наварӯсони бахткомилро
Пардадори ситора бинмудем.
Нозро, розро, ғами дилро
Ибтидои шарора бинмудем.

Роҳҳо, роҳҳо, зи байни кӯҳ –
Ё ки аз синаҳо гузар доред?!
Баҳри иқболи халқу баҳри шукӯҳ,
Сарвати рӯз дар камар доред!

Дар суруду таронаҳои зиёд,
Мо аминем, номи Раҳ ҷовид.
Роҳ, роҳе, ки карда моро шод,
Домани худ расонд бар хуршед!!!





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »