Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Панҷ мулоқот -

МУЛОҚОТИ ПАНҶУМ

(Нури саҳар)

Чун ба гӯшам расид ҷеғи хурӯс,
Хестам ман зи хоби бороҳат.
Чун ба гушам расид ҷеғи хурӯс,
Беруни дар шудам ман аз одат.

Дастро ҳар тараф, ки ёзондам,
Тофт бар ман ситораи саҳарӣ.
Дохили коса моҳро мондам,
Ки намояд зиёда шӯълаварӣ.

Аз суруди баҳор болидам,
Ҳар тараф гулшани саховат буд.
Аз намуди баҳор болидам,
Дидаҳоям зиёда равшан шуд.

Кофтам оташи ниҳониро
К-аз дарунаш ситора берун ҷаст.
Кофтам оташи ниҳониро,
Сад ҳазорон шарора берун ҷаст.

Нури ҳар як шарораи саҳарӣ
Боғро, кӯҳро дурахшон кард.
Нури ҳар як ситораи саҳарӣ
Ҳар тарафро бафайзу тобон кард.

Дар бағал карда хомаву дафтар
Тохтам то ба назди Бобо Нор.
Вай бигӯяд ҳикояте аз бар,
Хома баҳри навиштанаш даркор.

Пири равшанзамир аз ҷо хест,
Ҳарду дасташ ба ҷониби ман кард.
Мақсаду муддаои ман донист,
Ҷомаи қиссаро накӯтар кард.

Ҳар чӣ мегуфт, рӯи дафтари ман
Сурати нозанини худ меёфт.
Ҳар чӣ мегуфт, рӯи дафтари ман
Нақшае аз нигини худ меёфт!

Гӯши ман, ҳуши ман ба ҳарфаш буд,
Буд овози вай басо форам.
Дидаи ман ба рӯи барфаш буд,
Иқтибосе ба дафтарам орам.

Ҳар куҷое битофт нури саҳар,
Чаҳ-чаҳи булбулон ба гӯш омад.
Ҳар куҷое битофт нури саҳар,
Масти хоб одаме ба ҳуш омад.

Рӯи лаълии нуқра якбора
Рехт борони бениёзиҳо.
Дили абри сиёҳ шуд пора,
Тофт хуршеди сарфарозиҳо…

Менавиштам суруди истиқбол,
То ба гӯши диловарон хонам.
Ёфтам ман барои худ пару бол,
Ки варо дар ситора мемонам.

Аз ҳавои хуҷистаи саҳарӣ
Дарси виҷдони пок омӯзам.
Баъди он, бо навои шӯълаварӣ
Пайкари кинаи туро сӯзам.

Имтиёзи маро муборак дон,
Имтиёзам ҳамеша шоиста.
Фикри бадро ба дашту саҳро рон,
Ҳадди онро валек дониста.

Дасти ман то ба осмон бирасад,
Ки аз он ҷо ситора баргирам.
Дасти ман то ба осмон бирасад,
Ки дарахти шарора баргирам.

Риштаҳои умеди инсонӣ
Атласи беназир мебофад.
Сарбаландии хеш то донӣ,
Достон аз замир мебофад.

Роҳи ҳамвору роҳи ноҳамвор
Мебарад то ба қуллаи умед.
Нашавад ин суруди ман такрор
Менишинам ба сояи ҳар бед.

Боғро дар тарона мебинам,
Ки дилам мешавад фурӯзонтар.
Саҳари ошиқона мебинам
Дар баҳори назокати кишвар.

Мавҷи дарё барои ман ҷон аст,
Мавҷи дарё – суруди беохир.
Мавҷи дарё барои инсон аст,
Ки шавад дар суруди ман ҷогир.

Мевазад ҳар тараф насими саҳар,
Навдаҳои чинор меболад.
Мевазад ҳар тараф насими саҳар,
Ки дили беқарор меболад.

Сабаби покии табиатро
Аз дили поки одамон донам.
Сабаби покии табиатро
Дар суруду таронаҳо хонам.

Ман расидам ба назди Бобо Нор,
Сӯҳбаташро писанд бинмуда.
Ман расидам ба назди Бобо Нор,
Меҳри худро дучанд бинмуда.

Марди покизаи ҳақиқатхоҳ
Дар дилаш офтоб парварда.
Марди покизаи муборакроҳ
Бахтро беҳисоб парварда.

Холумар ҳамраҳи Саидшокир –
Ҳарду шогирдҳои вай буданд.
Хоҷа буд устоди ботадбир,
Ишқро дар замона афзуданд.

Хостам ман ҳидояти саҳарӣ,
Ҷониби кӯҳсор омад роҳ.
Хостам ман ривояти саҳарӣ,
Ҷониби рӯзгор омад роҳ.

Ҳарду раҳро гирифта дар сари худ
Ҷои мардони боҳунар кардам.
Ҳарду раҳро гирифта дар сари худ,
Бо умеди навин сафар кардам.

Дашту водии бекаронро ман
Зодгоҳи ситора бинмудам.
Дашту водии бекаронро ман
Ҷои исти шарора бинмудам.

Кӯҳсори баланди тоҷикро
Бар уқобон ҳавола бинмояд.
Лолазори писанди тоҷикро
Бар бузургон ҳавола бинмояд.

Як тараф боғи себзоре ҳаст,
Ҳосили он анору шафтолу.
Гар бигирӣ ту нокро дар даст,
Мешавад вай ба сурати олу.

Лек ҳар меваи ҳамон манзил
Шаҳдро дар даҳони ман дорад.
Мешавад вай ғизо барои дил,
Нашъаи беҳисоб меорад.

Боғи пурҳосил накӯбунёд
Медиҳад баҳри мард зӯру мадор.
Кӣ асоси муборакаш бинҳод?
Кӣ вайро кардааст шӯҳратёр?

Ин савол аз шамол пурсидам,
Китф дарҳам кашиду тозон рафт.
Ин савол аз хаёл пурсидам,
Вай ба сӯи ҷарии майдон рафт.

Ин савол аз ситора пурсидам,
Ногаҳон вай суруди дарё гуфт.
Ин савол аз шарора пурсидам,
Қиссаи ибтидои дунё гуфт.

Ин савол аз китоб меҷустам,
Ки ҳама сатри он ба ман хандид.
Ин савол аз сабоҳ меҷустам,
Як ҷавобе наёфтам то ид…

Пас гузаштам зи соҳили дарё,
Арзи худро ба гӯши вай хондам.
Розҳоест дар дили дарё,
Қиссаи боғро бифаҳмондам.

Шодмон омадам ба манзили худ,
Офарин гуфта рози дарёро.
Фахр бинмуда беш дар дили худ,
Нур додам тамоми саҳроро.

Нур додам, бале, зи нури саҳар,
Ки ба ҳар ҷой боғи нав рӯёнд.
Нур додам, бале, зи нури саҳар,
Ҳар гияҳро зиёдатар хандонд.

Чашмае дар миёни боғ омад,
Оби вай софу рӯҳбахшанда.

Чашмае дар миёни боғ омад,
Қатраи оби вай дурахшанда.

Нӯш кардам зи оби он чашма,
Тану ҷон қуввати ҷавонӣ ёфт.
Нӯш кардам зи оби он чашма,
Дили ман умри ҷовидонӣ ёфт.

Баргирифтам ба каф рубоби хеш,
Нағмаи шоирона сар кардам.
Баргирифтам ба каф рубоби хеш,
Нағмаи ошиқона сар кардам.

Рафт бар ҳар канор мавҷи суруд,
Пиру барно ба завқ бишниданд.
Рафт бар ҳар канор мавҷи суруд,
Ки аз он боғҳо биболиданд.

Рафт бар ҳар канор мавҷи суруд,
Санги дарё мисоли мум гардид,
Мавҷи дарё ба ҷони ман афзуд,
Сурати офтоби бахтам дид.

Нур дар косаи зафар кардам,
Ки зи вай як ҳавои нав бархост.
Ишқро, ишқро хабар кардам,
Аз сарам як навои нав бархост.

Санг аз кӯраи вафо бархест,
Дар дили ошиқон ситора бишуд.
Нанг аз хонаи ҷафо бархест,
Дар ҳавои кушод пора бишуд.

Нур омад, мадору дармон шуд:
Нур омад, саҳар тарона гирифт.
Нур омад, бақои инсон шуд,
Шӯҳраташ дар замона гирифт.

Нур омад, ба ҷом партав дод,
Ки дили ман фарохтар гардид.
Нур омад, ҳикояти нав дод,
Ки дили ман фарохтар гардид.

Сабзае руст дар кафи хоке,
Қоматашро баланд бинмуда.
Ин чӣ покию ин чӣ бебокӣ,
Сураташро писанд бинмуда!

Ин мулоқоти ман ба Бобо Нор
Иқтидору тавони нав бахшид.
Аз дили танги марди нусратёр
Шӯълае дар канори ман рахшид.

Ин мулоқоти ман ба Бобо Нор
Як баҳори дигар муҳайё кард,
Ин мулоқоти ман ба Бобо Нор,
Дастае дар дили Сурайё кард.

Ин қадар дилфиреб нури саҳар,
Ин қадар файзбахш боғи баҳор.
Ин қадар бобақост зӯри саҳар,
Ки диҳад нур дар чароғи баҳор!

Аз мулоқоти тозаи даврон
Ман расидам ба бӯстони хеш.
Аз мулоқоти тозаи даврон
Барфузудам чӣ дӯстони хеш.

Нор-урус ситорагарми ман,
Аз барои гусел дастам дод,
Нор-урус каломнарми ман
Ҷовидон дар замонаи мо бод!









6






« Бозгашт | МУНДАРИҶА