Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Панҷ мулоқот -

МУЛОҚОТИ ДУЮМ

(Барфӣ)

Кӯҳсорони сарбаланди диёр,
Резаи сангатон маро донед!
Роҳи ҳамвору роҳи ноҳамвор
Дар хаёлам ҳамеша мемонед.

Бӯса бар рӯятон занам аз меҳр,
Номатонро баланд бардорам.
Каҳкашонро намудаед чу сеҳр
Зӯҳраро бар каноратон орам.

Ҳар писар ҳам барои модари худ –
Нек ё бад, – азиз мебошад.
Кӯҳ ҷо кардаам чу дар бари худ,
Нури он то ба ман зиё пошад.

Рафтаам ман ба даргаҳи ёрон,
Ки шаванд инқилоб дар дили ман.
Дидаам он қадар накӯкорон,
Ки шуданд офтоб дар дили ман.

Шӯҳрати Нор-урус бидонистам,
Буд огоҳи ҳар диле он мард.
Гоҳ хандида, гоҳ бигристам,
То шудам роздони дилпарвард.

Ноз кардам барои кайҳоне,
Сифати навбаҳор донистам.
Омадам ман ба деҳаи ҷонӣ,
Роҳи душворро бипаймудам.

"– Қиссаи "Барфӣ"-ро ҳикоя кунам? –
Нор-уруси азиз гуфт ба ман. –
Гардам абре, ба дашт соя кунам,
Мухбири меҳрубон, шунав ту сухан.

Як саҳар, – гуфт пири барнодил, –
Одаме аз барои ман омад.
Нақли он рӯзҳо басо мушкил,
Рафтам аз пушти вай, дилам то зад.

Барф борида буд то зону,
Пои худро гирифта дар бағалам.
Тохтам бо дили ҳимоятҷӯ,
Амрбардор чунки аз азалам.

Чун шудам дохили ҳамон манзил,
Як нафар сӯи ман хитоб намуд: –
– Нори мо, омадӣ, бақои дил?
Бояд ин лаҳза то шитоб намуд!

Барф то зону, ин басо хуб аст,
Норҷон, рав, ба аспи ман биншин!
Барфии мо бубар ба мардуми дашт,
Як ту ҳастӣ ҷавони хубу матин…

Коғазеро гирифта дар бари худ,
Роҳи ҳамсоядеҳа паймудам.
Кош, роҳ аз дили ҷаҳон мешуд,
Ки баҳори дили ҷаҳон будам!

Рафтаму хат ба он макон бурдам,
Асп дар беруни дар истода.
Хат ба сардори давра биспурдам,
Худ барои гурез омода.

"Барфӣ!" – гуфтам, шудам ба асп савор,
Ончунон ҳам шитоб мекардам…
Аз паи ман савораҳои қатор
Медавиданд…
Хитоб мекарданд:

– Ист, эй нобакор, андак ист! –
– Барфӣ овардаӣ ба мо, маккор?!
– Ҳӯй, мардак, гуноҳи инҳо чист?
– Қамчине зан ба аспат, ӯро дор!

… Аспи ман монда шуд магар андак,
Ки намуд рафти хеш хело суст.
Мезадам қамчинаш ба номи ҳақ,
Гӯиё, нола менамуд дуруст.

Қариб омад, ки дастгир кунанд,
Ман худамро зи асп партофтам.
Ончунон ҳам гурехтам аз банд,
Дар яке коҳдон панаҳ ёфтам.

Чанд марди ғайюри ҳолшинос,
Ки ба таъқиби ман барафтоданд,
Роҳ бастанд назди Оби Ҷувоз, –
Ду нафар аз паям фиристоданд.


Ман ба каҳдони хола руст шудам,
Ки басо ҷои каснабине буд.
Хола ҳам бехабар… Ба ҳоли худам
Сӯхтан доштам, вале бе дуд.

Шарти мардони деҳа хело сахт,
Бохтанро касе намехоҳад.
Бой додан – зи даст додани тахт,
Зар миёна манам… Куҷо роҳат?!

Ду нафар ҷустуҷӯй мекарданд,
"Аспи" ман буд дар кафи дигарон.
Роҳи он марра бо рақибон банд,
Чун гурезам, ки то шавад осон!?

Бӯи каҳ, бӯи беда форам буд,
Лек ҷон дар хатар, азобам зӯр.
Сӯхтан доштам фақат бе дуд,
Шарфаи пой мерасид аз дур.

Ба "худо" саҷда менамудам ман,
Ки наафтам ба дасти марди ҳариф.
Бозие он, вале чӣ ҷои сухан,
Бохтан аз барои марди шариф?..

Роҳ банду асири онҳоям,
Ман қариб аз ғаме бимурда будам.
Лаънатие хонда, вақт мепоям,
Ҷони худро ба ҳақ супурда будам.

Чун касоне, ки пештар аз марг
Роҳи тайкардаро ба ёд оранд, –
Пеши чашмонам омад он Садбарг,
Дигарон чун хаёли такроранд.

Мардҳои ғайюри ҳолшинос
Кофтанду наёфтанд маро.
Доштам меҳри холаро ба сипос,
Хола буду наёфтанд маро.

Деҳа як сӯ, ҳариф дар як сӯ,
Бозии "Барфӣ" – ин басо машҳур.
Бедаву каҳ чӣ нек дорад бӯ,
Ҷони ман дошт беҳисоб ҳузур…

… Омадам ман ба меҳмонхона,
Шарафи деҳа дар кафи дастам.

Ман набудам касе зи афсона,
Бар ҳақиқат вуҷуди худ бастам.

Омадам ман, валек асп набуд,
Омадам ғолибу парам бишкаст.
Мешавад чун пагоҳ базму суруд,
Додаам аспашон вале аз даст.

Аспи кас буду ман ғалат кардам:
"Аспи манро ҳарифҳо бурданд".
Ман худамро саломат овардам,
То ба қозии деҳа биспурданд.

Деҳамонро намуда ғолибу лек
Ман шудам як асиру зиндонӣ.
"Барфӣ" – ин буд бозии тоҷик,
Ки аз он дидаам парешонӣ.

Чун ба зиндони шаҳр бурдандам,
Ин хабар мерасад ба устодам.
Бохабар мешавад, ки дар бандам,
Роҳ ҷӯяд – намояд озодам!

Набуд ин кори саҳл дар он давр,
Чун гуноҳам ба "аспдуздӣ" буд.
Қисмати марди аҳл дар он давр
Дар кафи одамони дузде буд!..

Босаводии ман ҳидоят кард,
Арз кардам бари губернатор.
Русидонӣ ба ман наҷот овард,
Ки шудам тарҷумони миннатдор.

… Беш аз пеш меҳри хоҷаи ман
Ҷой дар мағз-мағзи ҷон мешуд.
Аз заковат ва сеҳри хоҷаи ман –
Саҳари дигаре аён мешуд!..





« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »