Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ТАБИБОН



Субҳи нав гулбези гулзори шумост,
Офтоб оинаи кори шумост.
Дар нигоҳи софу қалби покатон
Шодию завқи шарарбори шумост,

Эй табиби меҳрубон,
Меҳратон дар мағзи ҷон,

Офтоб оинаи кори шумост.

Офарин бар кори нусратнокатон,
Офаринҳо бар дили бебокатон.
Раҳнамо бошад шуморо Партия,
Ғам набинад знндагии покатон,

Эй табиби меҳрубон,
Меҳратон дар мағзи ҷон,

Ғам набинад зиндагии покатон.

Офтоб оинаи кори шумост,
Субҳи нав гулбези гулзори шумост.
Дар нигоҳи софу қалби покатон
Шодию завқи шарарбори шумост,

Эй табиби меҳрубон,
Меҳратон дар мағзи ҷон,

Субҳи нав гулбези гулзори шумост...


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »