Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

ГУЛПАРӢ



Накҳати боғу баҳорӣ, Гулпарӣ,
Духтари саҳрои корӣ, Гулпарӣ.
Мамлакат дар ифтихор аз кори туст,
Ки ту ҳам дар ифтихорӣ, Гулпарӣ.

Соҳиби номи баландӣ,
Аз ҳаётат судмандӣ.

Гул заминиву парӣ афсонавист,
Гулпарӣ номи ту – ин афсона нест.
Номат аз меҳнат бишуд зебандатар,
Ҳусни номи одам аз мардонагист.

Соҳиби номи баландӣ,
Аз ҳаётат судмандӣ.

Субҳи нав ояд ба истиқболи ту,
Аз камоли меҳр хуррам ҳоли ту.
Чун забони мошинат омӯхтӣ –
Ин қадар боло бирафт иқболи ту.

Соҳиби номи баландӣ,
Аз ҳаётат судмандӣ.

Фахрад аз ту боғу майдон, Гулпарӣ,
Дорӣ, охир, аҳду паймон, Гулпарӣ.
Шод бош, азму талоши ту бувад
Ифтихори Тоҷикистон, Гулпарӣ.

Соҳиби номи баландӣ,
Аз ҳаётат судмандӣ.


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »