ҲАСТ ДИЛИ БЕҚАРОР
Ҳар саҳар аз бӯи гули боғу роғ
Мешавад, эй дӯст, муаттар димоғ.
Дасти тавонои касони далер
Ҳар дараро карда макони чароғ.
Бод ҳаме бахтёр
Мардуми устоди кор.
Кишвари арзанда ҳаст, –
Ҳаст дили беқарор.
Нораку Регар ба худ овоза ёфт,
Баски саодат ба сари ҳарду тофт.
Роҳи нави Тирмизу Ёвон накӯст,
Шодии дил то ба Сурайё шитофт.
Бод ҳаме бахтёр
Мардуми устоди кор.
Кишвари арзанда ҳаст, –
Ҳаст дили беқарор.
Иди саидест дар ин кӯҳсор,
Ки дили тоҷик шуда акси баҳор.
Гашта пуранвор ҳама дашту кӯҳ,
Кишвари ман, кишвари мо – номдор.
Бод ҳаме бахтёр
Мардуми устоди кор.
Кишвари арзанда ҳаст, –
Ҳаст дили беқарор.