Файзулло Ансорӣ
(1931-1980)

Шеърҳо -

САФОИ ИН ДИЁР (такрор)



Духтари саҳро, аҷоиб духтарӣ,
Нозанинӣ, гулҷабинӣ, дилбарӣ!
Дасту бозӯят қавӣ аз меҳнат аст,
Чунки беандоза меҳнатпарварӣ!

З-ин сабаб ҳам дар вуҷуди ман туӣ,
Ҳам сарахбори суруди ман туӣ!

Духтари саҳро, сафои ин диёр,
Ҳар ваҷаб хок аз ту гардад зарнисор.
Номи ту, илҳоми ту аз меҳнат аст,
Ки сари роҳат шукуфад сад баҳор.

З-ин сабаб ҳам дар вуҷуди ман туӣ,
Ҳам сарахбори суруди ман туӣ!

Духтари саҳро, муборакрӯз ту,
Аз ривоҷи кор дарсомӯз ту.
Тоҷикистон то намояд ифтихор,
Шамъи истиқболро афрӯз ту!

З-ин сабаб ҳам дар вуҷуди ман туӣ,
Ҳам сарахбори суруди ман туӣ!

Духтари саҳро, аҷоиб духтарӣ,
Ту сафои ин диёри дилбарӣ!
Дасту бозӯят қавӣ аз меҳнат аст,
Одами шоистаи ин кишварӣ!

З-ин сабаб ҳам дар вуҷуди ман туӣ,
Ҳам сарахбори суруди ман туӣ!


« Бозгашт | МУНДАРИҶА | Идома »